Робиндронат Такур. Гора
Нашр шуд 2020-03-27 15:03
Адиб, рассом, оҳангсоз ва арбоби ҷамъиятии бузурги Ҳиндустон Робиндронат Такур 7 майи соли 1861 дар Калкутта бо олами ҳастӣ чашм кушодааст. Ба иншои шеър аз ҳаштсолагӣ оғоз намуд. Соли 1878 ба Англия меравад ва дар колеҷи донишгоҳи Лондон фанни ҳуқуқро меомўзад. Аммо баъди як сол онро тарк намуда, ба Ҳиндустон бармегардад ва ба касби нависандагӣ машғул мешавад.
Соли 1901 ба мулки авлодиаш Шинтиникетан мекўчад ва он ҷо бо панҷ нафар омўзгори дигар мактаб мекушояд. Кори нависандагиро якҷоя бо омўзгорӣ давом медиҳад. Шеърҳо, ҳикояҳо, мақолаҳо, романҳо, китобҳои дарсӣ менависад.
Соли 1912 маҷмўаи «Таронаҳои қурбонӣ»-и ў бо забони англисӣ дар Англия ба чоп расид. Соли 1913 барои онҳо ба ҷоизаи Нобел мушарраф шуд. Маблағи ҷоизаро барои эҳтиёҷи мактабаш сарф намуд.
Робиндронат Такур ба ИМА, Аврупо, Амрикои Ҷанубӣ, Шарқи Наздик, сафарҳои зиёд анҷом додаст.
Ў дар Ғарб асосан ҳамчун шоир шуҳрат ёфтааст. Вале истеъдоди барҷастааш дар ҳикояҳо, драмаҳо, романҳояш низ зуҳур меёбад. Яке аз асарҳои маъруфи Такур романи «Гора» аст, ки инак пешорўйи хонандагони тоҷик қарор дорад.
Дар толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ романи беҳтарин ин нависандаи маъруф “Гора” мавҷуд аст, ки хонандагон метавонанд мутолиа кунанд. Романро шоири тоҷик Салими Зарафшонфар аз русӣ баргардон кардааст ва он соли2017 чоп шудааст.
Таҳияи Саидғуфрон Шарифӣ,
мутахасиси шўъбаи кўдакон ва наврасон.