Ҷилди аввали девони ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадисаи Қурбон ба Китобхонаи миллӣ расид ва ин лаҳзаҳое, ки шумо хонандаҳои азиз, ин хабарро мутолиа мекунед, китоб рақамгузорӣ шуда, барои мутолиаи ҳаводорони назм ба бойгонӣ супурда шудааст. Дар аввалсухан омадааст, ки девони Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадисаи Қурбон «Сарир» ном дошта, шеърҳо аз китобҳои «Паймон», «Шукрона», «Нури Октябрь», «Сомон»,»Даргоҳи офтоб», Дунёи ҷавонӣ», «Эҳсон»,»Арғувон»,»Гулафшон»,»Мадина»,»Сояи мижгон» ва «Соҳати дил» гулчин шудааст.
Девон аз фаслҳои «Домони Ватан» “Навҳа»,
Баҳор фасли зебост ва зебогиро дӯст дорад. Тозагиву низофат яке аз вижагиҳои Баҳор аст. Мебояд атроф мисли гулҳову сабзаҳои аввалбаҳорӣ ҳамеша тозаву пок бошад. Рӯзи шанбеи гузашта барои кулли кормандони Китобхонаи миллӣ рӯзи покиву низофат буд. Онҳо атрофи бино ва ҳотаи онро тоза карданд, гулҳои рангоранг шинонданд.
Тибқи Фармоиши Директори Китобхонаи миллӣ аз 1-уми апрели соли 2020 Китобхона ба реҷаи тобистонии фаъолият мегузарад. Акнун хонандагон метавонад аз соати 8-и субҳ то 22-и шаб дар толорҳои хониш ҳузур дошта бошанд.
Гузаштан ба реҷаи тобистонии фаъолият ба хотири боз ҳам ба хонандагон фароҳам овардани имкониятҳои бештари мутолиаи китоб аст. Ҳамаи толорҳои хониши Китобхона аз соати 08 то 22 дар
Хонанда дар ҳар ҳолату вазъият ба китоб роҳ меҷӯяд. Новобаста ба он ки дар бораи короновирус дар кишвар ҳар овоза паҳн мекунанд, вале ин садди роҳи он нашудааст, ки китобхон роҳи китобхонаро гум кунад. Ҳатто рӯзҳои Наврӯз Китобхонаи миллӣ пурра фаъол буд ва ба ҷуз рӯзи 21-уми март, дигар ҳама рӯзҳо толорҳои хониши он пур аз
Худоҷон, аз бало моро нигаҳ дор,
Замину осмонҳоро нигаҳ дор.
Балорову ваборо дур андоз,
Тамоми пиру барноро нигаҳ дор.
Бимон, фарзанди одам рӯз бинад,
Навонав насли фардоро нигаҳ дор.