Муноҷоти Фарзона ба Худованд: Худоҷон, аз бало моро нигаҳ дор!

Худоҷон, аз бало моро нигаҳ дор,

Замину осмонҳоро нигаҳ дор.

Балорову ваборо дур андоз,

Тамоми пиру барноро нигаҳ дор.

Бимон, фарзанди одам рӯз бинад,

Навонав насли фардоро нигаҳ дор.

Ман ин ҷову ҷигарбанди ман он ҷост,

Ту ин ҷорову он ҷоро нигаҳ дор.

Замин чун гавҳаре рӯи кафи туст,

Ту ин лӯълӯи лолоро нигаҳ дор.

Худо гӯянд акнун бехудоён,

Ки, ё Раб, тоқи миноро нигаҳ дор.

Ба Наврӯзи нав овардӣ ҷаҳонро,

Баҳори тозаэҳёро нигаҳ дор.

Бани Одам якаъзо мешавад боз,

Ту ин пайванди зеборо нигаҳ дор.

Бароям Тоҷикистон тоҷи дунёст,

Худоҷон, тоҷи дунёро нигаҳ дор.

Суман нуру чаман нуру ватан нур,

Ту ин нури Таъолоро нигаҳ дор!

Барчаспҳо: