Ду ҳамкори ҷавони мо ахиран ба унвони фахрии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд. Шобегим Маликшоева ва Абдуғаюр Саломов – ду тан аз ҳамкорони фаъол ва ҷавони мо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин унвони пуршараф қадрдонӣ шуданд.Унвон дар ҷаласаи умумӣ бо ҳузури кормандон аз ҷониби Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода
“Тараннумгари сухан” номи китобест, ки ҳамин чанд рӯз пештар бо талоши Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар рӯйи чоп омадааст. Он аслан як дастури таълимӣ – методист, ки ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» бахшида шуда, фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи фестивал, номгўи чорабиниҳо, намунаи сенарияҳо, андешаҳои иштирокчиёни фаъоли фестивалро инъикос менамояд.
Хуб аст агар китобҳо барои бачаҳо бо тақризҳо чоп шаванд. Чанд маврид мо тақризи адибонро ба китоби ҳамқаламонашон интишор дода будем ва ин иқдом аз ҷониби хонандагон ба хушӣ пазируфта шуд. Ҳоло ҳамкорамон Фирӯза Аҳророва аз ҳафтаномаи “Адибёт ва санъат матлаби навиштаи Нозук Алиеваро дар бораи ҳикояҳои Акобир Шарифӣ-адиби хушзавқи бачагон китобат кардааст, ки фикр мекунем мақбули хонандагон мешавад.
Фаъолияти Акобир Шарифӣ серсоҳа аст. Ў барои дар дили хурдсолон парваридани ҳиссиёти наҷиби инсонӣ ва дар рўҳи
Имрӯз ба даргузашти шоираи хушбаён Норинисо Алимуҳаммадова 2 сол пур мешавад. Шоира рӯзи 19-марти соли 2018 баъди бемории тӯлонӣ дар шаҳри Хуҷанд, дар манзили фарзандаш аз олам даргузашт. Духтари шоира рӯзноманигор, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Воҳидова аз шаҳри Тулаи Федератсияи Русия ёдномаи саропо меҳру дардро ба сомонаи мо ирсол карда, ки ин