Activities calendar

11 марти 2020

Рӯзи матбуот. Аз таърихи нашрияи “Бедории Тоҷик”

 11-уми март ба шарафи интишори аввалин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи “Бухорои шариф” Рӯзи матбуот эълон шудааст. Имрӯз дар саросари кишвар он таҷлил мешавад. Созмонҳои журналистии мамлакат тадорукоте омода кардаанд, ки роҳандозӣ мешавад. Аз субҳ то кунун аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ борони муборакбодиҳо меборад ва мо низ ба табрикот шарикем.

 “Бедории тоҷик”, рўзномаи Бюрои ташкилии фирқаи иштирокиюн (Ҳизби коммунистӣ) - и Кумитаи иҷроияи марказӣ ва Шўрои марказии Иттифоқи касабаи Тоҷикистон буд.

Тайёрӣ ба нашри шумораи аввали нахустин рӯзномаи

Китоби нав: “Музыкальные инструменты в системе искусства Шашмакома”

​ Монографияи “Созҳои миллӣ дар низоми санъати Шашмақом” (русӣ) ба яке аз мавзўъҳои муҳими омўзиши созҳои халқии мардуми Осиёи Марказӣ бахшида шуда, аз тарафи номзади илмҳои санъатшиносӣ М. Эшонқулов таълиф гардидааст. Дар он ҳамаи ҷанбаҳои асбобҳои мусиқии халқии тоҷику ўзбек ба монанди танбўр, сато, дутор, рубоб, уд, чанг, най, дойра, ғиҷҷак ва ғайраҳо таҳлил шудаанд.

 Дар натиҷаи тадқиқотҳо, мушоҳидаҳо, таҳлилҳо хусусиятҳои омўзиши асбобҳои мусиқии мақом, сохт, муайян намудани ҷадвали овозҳо дар шакли алоҳида, машқ, ҳаракат, овозҳои ба худ хоси асбобҳои мусиқии ин минтақа дар замони муосир муайян гардидааст.

Ахтарони кинои тоҷик

​  Кист нахустин ҳунарпешае, ки симои зани тоҷикро дар экран иҷро кардааст? Киро аввалин бонуи ҳунари тоҷик дар синамо мешуморанд? 90 сол пеш коргардони маъруфи кинои тоҷику ўзбек Комил Ёрматов филми бадеии «Муҳоҷир»-ро таҳия карданӣ шуда, барои иҷрои нақши Майрам ҳунарпешаи Театри драмаи ба номи Лоҳутӣ София Тўйбоеваро даъват мекунад.  

  Моҳи апрели соли 1934, дар кинотеатри «Комсомол»-и шаҳри Душанбе  нахустнамоиши филми «Муҳоҷир» барпо гардид. «Ман худамро хушбахт меҳисобидам, зеро дар кинои тоҷик чун нахустин ҳунарпешаи кино баромад кардам»- ба ёд оварда буд, актрисаи шинохта.

ТАФРЕҲ. Ғазали хубе аз Фарзона

     САЛАВОТИ ШУКР

(Ба ҳар касе, ки худро ба эъдом ҳукм карда)

Ба наҷоти ту, илоҳо, малаке расида бошад,

Саҳаре, ки нав дамида, ба ту ҳам дамида бошад.

Шафақи ҳазордастон зи фарози боғу бӯстон

Дуюмин ҳафтаи бе Валиҷон ...

​  Дуюмин ҳафтаи бе Валиҷон ҳам аз ним гузашт. Ёдаш ба хайр! Чанд рӯзи дигар натавонист зинда бошад, то рӯзи матбуотро ҳам бо ҳамқаламонаш таҷлил кунад ва ин аввалин ҷашни матбуоти тоҷик аст, ки бе ӯ мегузарад. Ин рӯз бароят муборак, дӯстӣ азиз ва ҳамқалами меҳрубон!

 Валиҷон бори сангини зиндагиро бо ними тан мекашид, азиятбор буд кашидани ин бори сангин. Аммо чӣ бояд мекард?

 50 сол ҳам назист, дар олам намонд, ки соли оянда ба умраш ним аср пур шавад. Шитобид ба дидори Холиқаш.

Умре ҳамин зиндагӣ дошт: хаставу беҳол, вале бо рӯҳи шикастнопазир. Ман боре ҳам аз зиндагӣ шикваи ӯро нашунидам. Мардонавор ба фишорҳои зиндагӣ тоб овард, мушкилиҳоро чун