Ахтарони кинои тоҷик
Кист нахустин ҳунарпешае, ки симои зани тоҷикро дар экран иҷро кардааст? Киро аввалин бонуи ҳунари тоҷик дар синамо мешуморанд? 90 сол пеш коргардони маъруфи кинои тоҷику ўзбек Комил Ёрматов филми бадеии «Муҳоҷир»-ро таҳия карданӣ шуда, барои иҷрои нақши Майрам ҳунарпешаи Театри драмаи ба номи Лоҳутӣ София Тўйбоеваро даъват мекунад.
Моҳи апрели соли 1934, дар кинотеатри «Комсомол»-и шаҳри Душанбе нахустнамоиши филми «Муҳоҷир» барпо гардид. «Ман худамро хушбахт меҳисобидам, зеро дар кинои тоҷик чун нахустин ҳунарпешаи кино баромад кардам»- ба ёд оварда буд, актрисаи шинохта.
Нақши Майрам аз филми бадеи «Муҳоҷир» ба София Туйбоева ба олами кино барои иҷрои нақшҳои минбаъда роҳ кушод.
Соли 1957 таҳиягари филми бадеии «Ман бо духтаре вохўрдам» Р.Перльштейн София Туйбоеваро барои иҷрои нақши Меҳринисо-хола даъват кард ва ў тавонист, ки симои холаи меҳрубон ва ҳалим Меҳринисоро, ки барои хушбахтии ҷиянаш Лола мекўшад, табиӣ офарад.Тамошобинони кино минбаъд ўро дар нақши духтур Маҳмудова аз филми «Вазифаи олӣ» (1958), Бону аз «Қисмати шоир» (1959), Саидабону аз «Писар бояд зан гирад» (1960), Ходима аз «Хокистари сўзон» (1967) ва дигар нақшҳо дида, истеъдодашро писандидаанд. С.Тўйбоева бо санъати баланди актёриаш тамошобинро ба олами қаҳрамонҳояшон роҳбаладӣ мекард.
Аз соли 1958, аниқтараш аз филми бадеии «Вазифаи олӣ» ситораи нави кинои тоҷик Дилбар Қосимова дар осмони санъат падид омад. Дилбар тавонист, ки симои духтури ҷавону навкор Зулфияро, ки ҳанўз таҷрибаи корӣ надораду ўро мудири касалхона таъин мекунанд, боварибахш офарад. Қаҳрамони Д.Қосимова дарк мекунад, ки вазифаи олӣ, дар вазифаю мансаб нест, балки дар меҳнат, меҳнати хоксорона ва пурбаракат аст. Ў барои табиӣ баромадани қаҳрамонаш дар лекцияҳои Институти тиббӣ, дар беморхона ва амалиёти ҷарроҳӣ иштирок мекунад.
Баъди ин филм таҳиягар Б.Кимёгаров ўро ба филми наваш «Қисмати шоир» (1959) ба нақши Нигина даъват мекунад. Нигинаи Д. Қосимова ҳассосу зебост, табъи баланди шоирӣ дорад, ошиқ аст, вале канизи беҳуқуқест. Ў мехоҳад монанди булбул озод бошаду сарояд, вале ҳайҳот… Сари ҳар қадам Бонуи маккора (С.Тўйбоева) ўро неш мезанад ва оқибат дар ҳаммоми тафсон ба ҳалокат мерасонад.
Баъдҳо мо ўро дар филми «Писар бояд зан гирад» – нақши Зебои нозук, Нўшофарин аз «Байрақи оҳангар», зани Насриддин аз «Насриддин дар Хуҷанд» мебинем.
Нозукмоҳ Шомансурова. Ин ном барои мухлисони кино аз соли 1956 шинос аст. Аввалин нақши ў котиба аз филми бадеии «Ҳалокати амирон» ( «Ўзбекфилм») мебошад. Нозукмоҳ ҳунарпешаи сермаҳсул аст. Ў аз ҳама зиёдтар дар кино нақш офаридааст. Гулбаҳор – аз «Дўсти ман Наврўзов», Робиаи вафодор аз «Қисмати шоир», Зулфия аз «Замони осоишта», мудири меҳмонхона аз «12 соати ҳаёт», Шарифова аз «12 қабри Хоҷа Насриддин», Манзура аз “Духтари сеюм», Рўдоба аз «Корномаи Рустам» ва ғайра. Нозукмоҳ Шомансурова дар филмҳои гуногун нақши ҳашт модарро иҷро кардааст. Барҷастатаринаш – нақши модар аз филми «Хиёнат» (1967), «Корнамоии Рустам» (1970) мебошад.
Дар тӯли солҳо Ҳунарпешагони Халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Бақоева, Хайрӣ Назарова, Тўтӣ Ғаффорова дар кинои тоҷик чанде нақш офаридаанд. Нақшҳои онон ба вуҷуди характери эпизодӣ доштан, ҷолибу хотирнишон баромаданд.
Нақши нахустини Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева дар кино Гулнора аз филми «Духтари сеюм» нақши эпизодӣ буд. Баъдҳо ў нақшҳои Лутфия аз «Оромӣ намешавад», Гурдофарид аз «Рустам ва Сўҳроб», «Як умр кам аст», директори мактаб аз «Ҷинояткор ва адвокатҳо», Зумрад аз «Асрори оила», Малика аз «Агар дўст дорӣ», муаллима аз «Салом Гулнора Раҳимовна» ва инчунин як силсила нақшҳоро дар киностудияи «Ўзбекфилм» иҷро кардааст.
Нақшҳои беҳтаринаш дар «Тоҷикфилм» Гурдофарид аз «Рустам ва Сўҳроб» ва дар «Ўзбекфилм» Нодира аз «Тани танҳо дар миёни одамон» мебошанд.
Нахустин нақши Гулсара Абдуллоева дар кино ин модар аз филми бадеии «Корномаи Рустам» (1970) буд. Аз ин пас нақши Гулшанро аз филми «Чор тан аз Чорсанг», Оиша аз «Ҳеҷбудагон», модар аз «Шераки далер», Хосият аз «Ҷумъаи ҳафтум», зан аз филми «Ман ба ў маъқулам” иҷро кардааст. Ҳунари Г.Абдуллоева дар нақши Оиша аз «Ҳеҷбудагон» баръало дида мешавад. Оишаи Гулсара Абдуллоева ба тақдири вазнинаш нигоҳ накарда, қуввае пайдо мекунаду бо урфу одатҳои кўҳнаи зиндагӣ мубориза мебарад. Оқибат барои кори инқилоб қурбон мешавад.
Аз солҳои ҳаштодум нақши нисбатан характери миллидошта ин нақши Зайнабибӣ аз филми бадеии «Вохўрӣ дар дараи марг»-и коргардон Тоҳир Собиров мебошад. Нақши Зайнаббибиро ҳунарпешаи театри Лоҳутӣ Савринисо Сабзалиева иҷро кардааст. Зайнаби С.Сабзалиева зани нотарс, озодидўст, нисбат ба Ватан вафодор, ба ҷамъияти нави сотсиалистӣ содиқ буда, фикрҳои пешқадамро дуруст дарк кардааст. Ин филм дар кинофестивали умумииттифоқии ХШ , ки дар шаҳри Душанбе гузашт, мукофоти махсуси фестивалро соҳиб гашта буд.
Дар шинохти миллии кинои тоҷик , нашъунамои он ин занони ҳунарманд ҳиссаи калон ва сазовор гузоштаанд. Онҳо ҳамеша саъю кўшиш доштанд, ки бо санъати худ нисбат ба ҳаёт, инсон, табиат муҳаббат бедор намоянд ва ба ин восита ягонагии некиву зебоиро ба даст оранд. Онҳо ҳамчун санъаткор вазифаи худро бо сарбаландӣ иҷро намуданд.
Адабиётҳои истифодашуда:
1.Нурҷонов, Н. София Тўйбоева . – Душанбе: Адиб, 1993,144 саҳ.
2.Нурҷонов, Н. Гулчеҳра Бақоева. – Душанбе:Ирфон, 2008, 96 саҳ.
3.Нурҷонов, Н. Мактаби актёрии тоҷик. – Душанбе, 2011, 496 саҳ.
4.Раҳимов, С. Нури парда. – Душанбе: ООО Киносервис, 2004.
5.Некқадам Т. Нақши зан дар кинои тоҷик. – Занони Тоҷикистон. –
1989 – № 10. саҳ.20.
Нигина Маҳмудова, мутахассиси Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.