Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Торҷикистон бо мақсади амалӣ гардонидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2015 № 742, ки тибқи он ба номгўйи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон банди нав, яъне «илмҳои санъатшиносӣ» ворид карда шудааст, дар назди раёсати Академия шуъбаи махсуси таҳқиқоти соҳаҳои мухталифи ҳунарро таъсис дод ва инак тасмим гирифтааст, ки нашри маҷаллаи илмӣ-оммавии соҳавиро бо номи «Санъатшиносӣ» соле ду маротиба роҳандозӣ намояд.
Муҳтавои маҷаллаи мазкур таҳқиқи минбаъдаи масоили таърихию назариявии раванди рушду нумўи намудҳои мухталифи санъати миллӣ – театрӣ, мусиқӣ, тасвирӣ, амалӣ-ороишӣ, хореографӣ, санъати кино, дизайн ва арт-менеҷментро дар назар дорад.
Маводҳое, ки дар саҳифаҳои маҷаллаи мазкур дастраси хонандагон мегарданд, барои боз ҳам амиқтар дарк намудани мазмуну мундариҷа ва нозукиҳои бадеиву ҳунарии осори санъати муосир мадад мерасонад.
Минбаъд аҳли кишвар тавассути мутолиаи маҷаллаи тозанашр бо бузургтарин падидаҳои ҳунар боз ҳам наздиктар ошно хоҳанд гардид.
Ҳамчунин дар саҳифаҳои маҷалла масоили таҳқиқи минбаъдаи таъсири мутақобили санъати миллӣ бо самтҳои гуногуни санъати Шарқу Ғарб ва такомули методологии таҳқиқоти илмӣ дар равияи санъатшиносии миллӣ пешбинӣ гардидааст.
Таҳияи Нигина Маҳмудова
Мутахассиси Шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар