Китобҳо ба хона. Фаъолияти густардаи чанд шуъбаи дигари Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2019-10-09 13:16
Аз аввали сол китобхонаи миллӣ бо дархости истифодабарандагон 13 239 нусха адабиётро ба хона барои истифодаи муваққатӣ додааст ва мегӯяд дар ин нуҳ моҳ ба шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо нуҳ ҳазору 804 нафар муроҷиат кардаанд.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо 9 804 нафар истифодабарандагон муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 117 нафар хонандагони наваъзошуда мебошанд. Бо дархости истифодабарандагон 13 239 нусха адабиёт ба хона барои истифодаи муваққатӣ дода шуд. Бо воситаи абонементи байни китобхонаҳо 251 нусха адабиёт ба вилояти Хатлон, 229 нусха ба вилояти Суғд, 113 нусха ба ВМКБ ва беш аз 1 400 нусха адабиёт ба ноҳияҳои тобеи марказ ирсол карда шуд.
Дар ин нуҳ моҳ аз ҷониби шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо суҳбатҳои озод бо иштироки унвонҷўён ва олимони ҷавон таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат ва масъулияти китобдорон”, “Паёми Пешвои миллат ва саҳми ҷавонон дар рушди илму фарҳанг” ва“Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардид.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ шуъбаи феҳристнигорӣ 80 505 адад тасвирҳои библиографиро дар барномаи ALEPH ворид намуд ва ба 13 500 тасвири электронии библиографии китобҳои бешифр тибқи талаботи барномаи ALEPH шифргузорӣ анҷом дода шуд. Ба 17 426 нафар хонанда ҷиҳати дастрас намудани адабиёти лозима бо феҳристи анъанавӣ ва электронӣ хизмат расонида шуд.
Корҳои ғанигардонии маводҳои гўёву мусаббати Китобхона аз ҷониби шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар ба сомон расонида мешавад. Дар ин муддат дар ҳамкорӣ бо Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва шуъбаи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 57 мавод (22 навори видеоӣ, аз ҷумла 5 навор доир ба “Шашмақом”, 13 навор доир ба эпоси “Гурўғлӣ” ва 3 адад китоб, 12 адад аксҳо ва тарҷумаи ҳоли гурўғлисароёни тоҷик, 20 адад маводи аудиоӣ дар шакли MP3) ба ин шуъба ворид гардид.