Соли сипаришуда ба шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо 5223 нафар истифодабарандагон муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 447 нафар хонандагони наваъзошуда мебошанд. Бо дархости истифодабарандагон 11871 нусха адабиёт ба хона барои истифодаи муваққатӣ дода шуд.
Бо воситаи абонементи байни китобхонаҳо 38 нусха адабиёт ба вилояти Суғд, 35 нусха адабиёт ба вилояти Хатлон, 24 нусха адабиёт ба ВАБК ва 140 нусха адабиёт ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ирсол карда шуд.
Дар моҳи майи соли 2015 аз ҷониби шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо Конфронси илмӣ-таълимии вохӯрии хонандагони фаъоли шуъба бо аспирантҳо ва олимони ҷавон таҳти унвони «Чароғи маърифат» баргузор гардид, дар он зиёда аз 80 нафар иштирок карданд. Ҳамчунин мизи мудаввар бо иштироки унвонҷўён ва олимони ҷавон дар мавзўи «Мақоми АБК дар хадамоти китобдории Тоҷикистон: дирўз ва имрўз» гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 40 нафар иштирок карданд.
Дар “Рўзи китоб” мизи мудаввар таҳти унвони “Чароғи равшан” гузаронида шуд, ки дар он 108 нафар донишмандон ширкат варзиданд.
Дар шуъба бахшида ба мавзўъҳои «Китобҳои нав», «Артиши миллӣ», «Наврўз - 2015», «Модарнома», «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ ҷиз фаромӯш намешавад» ва «Об - зиндагӣ», “Ҷавонон ояндасози миллат”, “Китоб сарчашмаи илму дониш”, “Истиқлолият шарафи миллат аст”, “ Сарқонун раҳнамо ва бахтномаи миллат” ва “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” намоиши китобҳои тозанашр баргузор гардид.
Бо Китобхонаҳои миллии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Белорусия, Озарбойҷон, Арманистон, Молдова, Русия ва Ўзбекистон хизматрасонӣ тавассути абонемети байни китобхонаҳо барқарор карда шуд.