Пешвои миллат пайваста аз хазинаи бойи Китобхонаи миллӣ истифода мекунанд

Ҷамъбасти шаш моҳи соли ҷорӣ нишон дод, ки теъдоди хонандагони шуъбаи Абонементи байни китобхонаҳо ба 5368 нафар расид ва ин назар ба нишондодҳои соли сипаришуда 793 нафар зиёд мебошад.
Моҳира Бахшова, сардори Шуъбаи Абонементи байникитобхонаҳои Китобхонаи миллӣ мегӯяд аз соли 1999  хонандаи таҳти рақами 1-и шуъба Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва пайваставу ҳамеша аз фонди пурғановати Китобхонаи миллӣ истифода мебаранд.

Аксари шахсиятҳои маъруф дар ин Шуъба узвият доранд ва ҳамвора аз бойгонии китобхона истифода мебаранд. Аз ҷумлаи ин афрод Озода Раҳмон - Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенит Чумҳурии Тоҷикистон, Абдуфаттоҳ Шарифзода – сухангӯи Сардори давлат, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Абдураҳмон Баротзода, Садриддин Давлатзода, Масрур Абдуллозода ва дигаронанд, ки пайваста ба китобхона қадам ранҷа мекунанд ва аз хазинаи бойи он истифода мекунанд.

Ҳамчунин академикҳо Талбак Назаров, Кароматулло Олимов, Саидмуҳаммад Одинаев, Муҳиба  Яқубова, Мамадшо Илолов, Раҳим Масов, Носирҷон Салимов, Акрамшо Фелалиев профессорон Сайфиддин Назарзода, Акбар Турсунов, Шамсиддини Солеҳ, Шоҳназар Шоҳисматуллоев, Мунаввара Додхоева, шоирон ва нависандагони  баҳруманди тоҷик Низом Косим, Бозор Собир, Аскар Ҳаким, Назри Яздонӣ, ҳунармандони маъруф Дилбар Умарова, Савринисо Сабзалиева, Ортиқ Кодиров ва дигарон пайваста аз хизмати ин шуъба истифода мекунанд.

Даҳҳо тан аз унвонҷӯён, магистирҳои донишгоҳҳои кишвар узвият доранд ва пайваста ба китобхона ташриф меоранд.
Ҷамъбасти шаш моҳи соли ҷорӣ нишон дод, ки теъдоди хонандагони шуъбаи Абонементи байникитобхонаҳо ба 5368 нафар расид ва ин назар ба нишондодҳои соли сипаришуда 793 нафарро зиёд мебошад.