Даъват ба омӯзиши забонҳо

Кормандони Шуъбаи Абонементи байни китобхонаҳо муддати як ҳафтаи охир ба мактабҳои № 62, 20, 9, 17 ва 18-и шаҳри Душанбе рафтанд ва дар мулоқоти бо муҳассилини ин макотиб масъалаи шеваҳои омӯзиши забонҳо дар Китобхонаи миллиро мавриди суҳбат қарор доданд.
Фиристодагони Китобхонаи миллӣ ба хонандагон аз мавҷудияти дарсҳои омӯзишии забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла арабӣ, инглисӣ, чинӣ ва куриёӣ нақл карданд ва аз онҳо даъват карданд, ки се моҳи таътилашонро сарфи омӯзиши яке аз ин забонҳо кунанд.
Онҳо   ҳамчунин таъкид  намуданд, ки  дар  Китобхонаи  миллӣ  шуъбаи  навтаъсиси  кӯдакон  ва   наврасон  фаъол  аст, ки дар толорҳои хониши худ китобҳои зиёди шавқовар бо чандин забонҳо дорад.
Бачаҳо метавонанд дар давоми таътили тобистона на беҳудагардӣ кунанд, балки ҳам забон омӯзанд ва ҳам китоб хонанд ва сатҳи донишу маърифати худро баланд бардоранд.
Дар мулоқот бо хонандагон аз онҳо даъват шуд, ки ба Китобхонаи миллӣ оянд ва аз хазинаи бою камназири он истифода кунанд.