Зиёдшавии китоб ва рўз то рўз баландгардии мавқеи он дар рушду такомули ҷамъият, дар фаъолияти хонанда тағйирот ва дигаргунӣ ба вуҷуд овард. Ҳамаи ин бе чуну чаро ба худогоҳиву худшиносии миллӣ, ташкили давлатҳои мутамарказ ёрии маънавӣ расондааст. Халқҳои пешрафта дар истеҳсоли неъматҳои моддию маънавӣ афзалияти бештаре доштанд ва кўшиданд, ки дар истифодаи донишҳои мавҷуда ва
Тобистони гарм монеъи он нашуд, ки толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ холӣ аз хонандагон бимонанд. Манзараҳои омада дар аксҳо баёнгари он нукта аст, ки дар чунин рӯзҳои дарозу гарми тобистон ҳамаи толорҳои хониш пур аз хонандагонанд.
Ҳафтаи гузашта аз ҷалби таваҷҷуҳи хонандагон ба Китобхонаи миллӣ хабар дода будем ва гуфта мешуд, ки дар як моҳ теъдоди афроди нав ба узвияти Китобхона пазируфташуда ба беш аз 5
Бештари суолҳо дар бораи омўзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумла, забонҳои инглисӣ, олмонӣ, чинӣ, фаронсавӣ ва арабӣ буданд. Маълум буд, ки хонандагон ба забономӯзӣ шавқи бештар доранд. Ва бо истифода аз фурсат кормандони шуъбаи адабиёти хориҷӣ ҳамаи хонандагони мактабро барои курсҳои омўзишие, ки Китобхона дар вақти таътили тобистона ба нақша гирифтааст, даъват намуданд.
Аз ҷумлаи маъруфтарин адибони садаи бисти тоҷик буд. Насрнависи муваффақи замонаш буд, повесту романҳояш аз маъруфияти вижа бархӯрдор буданд. Бо забони соддаву диди реалистӣ менавишт. Худро аз шогирдони устод Айнӣ медонист.
Раҳим Ҷалил 3- июни 1909 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби куҳна гирифта муддате дар мадраса хондааст. Пас дар мактаби нав таҳсил карда, соли 1927 синфи ҳафтум ва баъд курсҳои кўтоҳмуддати муаллимтаёркуниро хатм намуд. Дар мактабҳои шаҳри Хуҷанд ба тадрис машғул шуд.
Доктори улуми филологӣ, профессор, мудири пешини кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Толиб Наботович Хаскашев яке аз намояндагони варзида ва шинохтаи илми забоншиносии тоҷик буд.
Ҷаҳонбинии забоншиносии ў дар мактаби забоншиносии академик Л. В. Щерба, ки онро Мактаби фонологии Ленинград (МФЛ) меноманд,ташаккул ва сайқал ёфтааст.
Роҳи профессор Толиб Хаскашев дар илми забоншиносӣ ҳамвору наздик набудааст. Ў соли 1950 дар зодгоҳаш деҳаи Хизри ноҳияи Тавилдара ба мактаб қабул шуда, соли 1959 мактаби миёнаи ба номи Телмани ноҳияи
Корманддони Шуъбаи библиографияи миллӣ дар мактабҳои рақаи 30, 15, 41, 88, 93, 94 мулоқот бо хонандагонро аз мавзуъи бойгонии бойи Китобхонаи миллӣ оғоз карданд. ва гуфтанд, ки бинои нави Китобхона барои нигаҳдории 10 миллион дона китоб пешбинӣ шудааст.
Дар мулоқот, ки дар доираи барномаи вижа сурат гирифт, сухан аз чигунагии истифода аз ин хазинаи бузурги китоб рафт.