Ҳузури бесобиқаи хонандагон дар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-06-07 14:53
Тобистони гарм монеъи он нашуд, ки толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ холӣ аз хонандагон бимонанд. Манзараҳои омада дар аксҳо баёнгари он нукта аст, ки дар чунин рӯзҳои дарозу гарми тобистон ҳамаи толорҳои хониш пур аз хонандагонанд.
Ҳафтаи гузашта аз ҷалби таваҷҷуҳи хонандагон ба Китобхонаи миллӣ хабар дода будем ва гуфта мешуд, ки дар як моҳ теъдоди афроди нав ба узвияти Китобхона пазируфташуда ба беш аз 5 ҳазор нафар расид.
Зарфи панҷ моҳи аввали соли равон 17 ҳазору 836 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ қабул шуданд, ки ин рақам ба фаъолияти яксолаи солҳои 2013, 2014 баробар аст.
Аммо имрӯз кас ба толорҳои пур аз хонандаи хониш менигарад ва ба натиҷа мерасад, ки шароитҳои мусоиди мутолиа боиси ҷалби бештари донишомӯзон ба китобхона шудааст.
Ба вижа дар ин рӯзҳо, ки донишомӯзони макотиби олии кишвар ба сессияи тобистона омодагӣ мебинанд, ҳузури хонандагон ҳам дар қиёс ба моҳҳои пеш бештар шудааст.