Одамӣ бо одамӣ бояд наварзад душманӣ.
Хондаам ин дарси ибрат аз китоби дўстӣ.
Душманони сулҳи олам фитнаангезӣ кунанд,
Дасташон боист бастан бо таноби дўстӣ.
Нодир тахаллусаш фамилия ва номи аслияш Шанбезода Ҷамшед аст. 20 июни соли 1908 дар деҳаи Роштқалъаи райони Шуғнон дар оилаи деҳқонтаваллуд ёфтааст. Аз соли 1931 аъзои КПСС буд. Аз соли 1924 дар интернати шаҳри Хоруғ, Мактаби ҳизбӣ дар шаҳри Душанбе (солҳои 1927 –1928), Университети коммунистии Осиёи Миёна (солҳои 1928 – 1932),
Худоӣ Шарифов мунаққид ва муҳаққиқи илми адабиётшиносии тоҷик буда, 25 июни соли 1937 дар деҳаи Ҷорфи ноҳияи Дарвози Бадахшон дида ба олам кушодааст.
Соли 1961 ў факултаи таърихи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ҳамчун омўзгори забон ва адабиёти тоҷик пазируфта мешавад. То соли 1966 ба ҳайси ёвари устод, яъне ассисенти кафедраи адабиёти