Агар Нодир Шанбезода дар ҳаёт мебуд...
Одамӣ бо одамӣ бояд наварзад душманӣ.
Хондаам ин дарси ибрат аз китоби дўстӣ.
Душманони сулҳи олам фитнаангезӣ кунанд,
Дасташон боист бастан бо таноби дўстӣ.
Нодир тахаллусаш фамилия ва номи аслияш Шанбезода Ҷамшед аст. 20 июни соли 1908 дар деҳаи Роштқалъаи райони Шуғнон дар оилаи деҳқонтаваллуд ёфтааст. Аз соли 1931 аъзои КПСС буд. Аз соли 1924 дар интернати шаҳри Хоруғ, Мактаби ҳизбӣ дар шаҳри Душанбе (солҳои 1927 –1928), Университети коммунистии Осиёи Миёна (солҳои 1928 – 1932), таҳсил намудааст.
Солҳои 1933-1940 корҳои ҳизбӣ карда, сипас дар идораи рўзномаю маҷаллаҳо, нашриёт кор кардааст. Солҳои 1970-1986 корманди Сарредаксияи илмии ЭСТ буд. Аз соли 1986 пурра ба кори эҷодӣ гузашт.
Аваллин шеърҳои Нодир Шанбезода солҳои сиюм ба табъ расидаанд. Соли 1936 нахустин маҷмуъаи шеърҳои ў бо номи «Ғунчаи Бадахшон» зери таҳрири Садриддин Айнӣ чоп шуд.
Минбаъд ашъораш дар маҷмўаҳои «Аз боми ҷаҳон» (соли 1961), «Силсилаи Бадахшон»( соли 1964), «Таронаи нур» (соли 1966), «Навои Бадахшон» (соли 1968), «Химча ва Набот» (соли 1969), «Армуғони дил» (соли 1976), «Мунтахабот» (соли 1979), «Тарози дил»( соли 1984), «Навои кўҳсорон»( соли 1985) ва ғайра гирд оварда шудаанд.
Достонҳояш «Химча ва Набот» (1935-1936), «Насрину Мансур» (1952), «Таронаи нур» (1965), «Товуси Бадахшон» (1965) ба табъ расидаанд.
Шанбезода Нодир аз тарғибгарони осори классикони тоҷик мебошад. Ў мураттиби китобҳои «Ҳазору як шаб» (ҷилди 4-6), «Асарҳои мунтахаб» - и Эраҷ Мирзо (1963), «Асарҳои мунтахаб» - и Сайидои Насафӣ (1977), «Қуллиёт» - и Ҳофизи Шерозӣ (1983) мебошад.
Дар эҷодиёти Шанбезода тарҷума низ мавқеи намоён дорад. Тарҷумаи шеърҳои ҷудогонаи шоирони қазоқ С. Муқанов, М. Ҳакимҷонов, А. Дусанбаев ва арман А. Исакян, Дваружан, Р. Севан ба қалами Нодир тааллуқ дорад. Маҷмуаи шеърҳои шоири озар Р. Ризо «Баҳр, мавҷ ва қатра (1962) ва порчаҳо аз достони Ш. Руставели «Палангинапўш» - ро ба тоҷикӣ гардонидааст.
Соли 1980 аз дунё даргузаштааст.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик». – 1989. – Ҷ. 2. – С. 470.
Муаллиф: У.Тоиров
Дар Китобхонаи миллӣ хонандагон метавонанд ин асарҳо ва мақолаҳоро аз Нодир Шанбезода ва дар бораи ӯ мутолиа намоянд:
Аз боми ҷаҳон: Шеърҳо. – Сталинобод: Нашриёти давлатии тоҷик,1961. – 102 с.
Баҳори Норак: Шеър // Силсилаи Бадахшон. – Душанбе, 1964. – С. 42-43.
Гул кард: Шеър // Силсилаи Бадахшон. – Душанбе, 1964. – С. 14.
Навои Бадахшон / Муҳаррир С. Улуғзода. – Душанбе: Ирфон, 1968. – 283 с.
Армуғони дил: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1976. – 88 с.
Мунтахабот. – Душанбе: Ирфон,1979. – 256 с.
Навои кўҳсорон: Шеърҳо барои бачагони синни миёна ва калони мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1986. – 64 с.
Баҳори умр: Маҷмўаи достон ва шеър. – Душанбе: Адиб, 1988. – 256 с.
Гирди сайёраи худ фахркунон мегардем: Шеър // Тоҷикистон. – 1960. - №12. – С. 3.
Ба дилбари Дарвоз: Шеър // Занони Тоҷикистон. – 1961. – № 10. – С. 8.
Ман онҷо нарафтам, маро бурда будаанд: Шеър // Машъал. – 1964. – №8. – С. 9.
Табрики муаллимони ордендор: Шеър // Занони Тоҷикистон. – 1965. – №10. – С. 9.
Ваъдаи беҷо: Шеър // Хорпуштак. – 1966. – №5. – С. 6.
Надорам: Шеър // Хорпуштак. – 1967. – № 3. – С. 4.
Моҷаро дорад ханўз: Шеър // Мактаби советӣ. – 1968. – № 13. – С. 4.
Ба кӣ гўям: Шеър //Занони Тоҷикистон. – 1971. – № 12. – С. 23.
Оинаи ҳаёти занон: Шеър ба муносибати 40 – солагии маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» // Занони Тоҷикистон. – 1972. – № 8. – С. 15.
Нобиғаи асрҳо Шеър // Занони Тоҷикистон. – 1980. – № 4. – С. 6.
Абадзинда: Шеър // Садои Шарқ. – 1980. – № 4. – С. 14.
Мактуби ҷонона: Шеър //Садои Шарқ. – 2015. – № 5. – С. 23.
Дар бораи Нодир Шанбезода
Ҳайдаршо, М.Суханҷўю сухандон: Чанд пора хотира аз шиносоӣ бо устод, ба 80 солагии зодрўзи шоир Нодир Шанбезода // Бадахшони советӣ. – 1988. – 21 июн.
Охонниёзов, В.Назаре ба ашъори шуғнизабони Нодир: Дар бораи устод Нодир Шанбезода // Коммунисти Шуғнон. – 1991. – 1 июн.
Қозибеков,Ҷ. Дар синахои мардуми ориф мазори мост: Дар бораи Нодир Шанбезода // Коммунисти Шуғнон. – 1991. – 25 июн.
Шарифзода, З. Ёде аз Нодир Шанбезода: Ёдбуд аз шоир // Адабиёт ва санъат. – 1998. – 15 декабр.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ