Адиби маъруф ва дромнависи беҳамто

Нависандаи ҷанговар, рӯзноманигор, драматург ва ҳаҷвнависи беҳамто. Аз ҳаҷв шуруъ кардааст, ҳатто баъди бозгашт аз хати ҷабҳа ҳам ҳаҷв навиштааст. Аз Ҳоҷӣ Содиқ ҳикоя ва повесту романҳо ҳам ба ёдгор монда. Аммо дар миёни инҳо ҳеч асараш маъруфияти пйесаи “Интихоби домод”-ро надоштааст. Соли 1980, замоне, ки адиби маъруф дар қайди ҳаёт буд, 600-умин намоиши “Интихоби домод”-ро бо мухлисонаш тамошо кардааст.

25 – уми сентябри соли 1913 дар шаҳри Конибодом ба ҷаҳон омадааст. Донишомӯзиро дар мактаби куҳна сар карда, дар мактаби шӯравӣ давом додааст. Баъди хатми Техникуми мусиқии Хуҷанд дар колхози ба номи И.В. Сталин, баъдан «Коминтерн»-и ноҳияи Ленинобод котиби созмони комсомолон будааст. Аз соли 1936 ба рӯзноманигорӣ машғул шуда, чанде муҳарририи рӯзномаҳои «Ғалаба», «Стахановчӣ» ва «Бо роҳи Ленинӣ»-ро бар уҳда доштааст.

Аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар муҳорибаҳо роҳбари сиёсӣ ва қумондони ротаи пулемётчиён, иштирокчии муҳорибаи Сталинград будааст. Дар назди Харков захмӣ шудааст. Дар ҳамин муҳориба 23 декабри соли 1942 (маротибаи савум) сахт ярадор шуда, муддате дар госпитал табобат гирифтааст. Моҳи июли соли 1943 аз ҷанг баргашта, муҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» таъин шудааст. Сипас котиби Кумиҷроияи вилояти Ленинобод, муҳаррири рӯзномаҳои вилоятӣ ва марказии «Совет Тоҷикистони» (1964-1979) будааст.

Ҳикояҳои аввалинаш, ки ҳаҷвӣ-мутоябавӣ буданд, аз солҳои 30-юми асри гузашта дар рӯзномаю моҳномаҳои ҷумҳуриявӣ ба табъ расидаанд. Китоби аввалинаш «Яъне, ки масалан» соли 1963 интишор ёфтааст. Силсилаи очерку фелетону ҳаҷвияҳои ӯ дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва китобҳои «Қаҳрамони шайдоӣ» (соли 1951), «Аз Масчоҳ то Масчоҳ» (соли 1961), «Аскари ношинос» (соли 1966), «Сироҷиддин-ака» (соли 1972) ва ғайра ба чоп расидаанд.

Ҳамчунин, муаллифи китоби ҳикояҳои ҳаҷвии «Шафқат кунед, дӯстон!» (соли 1971), «Додамро ба кӣ гӯям?» (соли 1970), «Қиссаи бузи бериш» (соли 1978) ва ғайра мебошад.

Барои бачагон ҳам асарҳо навиштааст. Дар ҳикояву намоишномаҳои ҳаҷвӣ образи қаҳрамононашро соддаю оммафаҳм ва равшану шинохтанӣ тасвир кардааст. Дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳикояҳои ҷолибе навиштааст, ки хонандаро ба ватандӯстию шинохтани қадри зиндагӣ ҳидоят мекунанд.

Дар жанри драматургия низ пурмаҳсул кор кардааст. Аз ҷумла, пйесаи «Духтари сӯфӣ»-ашро соли 1937 дар саҳнаи театри колхозӣ намоиш додаанд. Баъдан намоишномаҳои «Қумрӣ», «Ҷони нодон дар азоб», «Таърихи тоқӣ» (соли 1959), «Бемории ногаҳонӣ» (соли 1960), «Кӯзаи сеҳрнок» (соли 1970), «Туҳфа» (соли 1972), «Дили озурда» (соли 1972), «Эшони риш» (соли 1974), «Виҷдон» (соли 1977), «Воқеаи мошини сабукрав» (соли 1978)-ро таълиф намудааст.

Аз ҳама беш намоишномаи мазҳакавии «Интихоби домод» (соли 1962)-аш шуҳрати ҳамагонӣ ёфта, дар саҳнаи театрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон борҳо намоиш дода шудааст. Соли 1980 намоиши 600-умини «Интихоби домод» баргузор гардидааст, ки рекорди соҳавист.

Бештар аз 300 минётури телевизионӣ, асари ёддоштии «Қаҳрамони нахустин», романҳои «Гардиш» (1986) ва «Қадри ҷавҳар ҷавҳарӣ донад» (1987) ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Намунаҳое аз асарҳои ӯ ба бисёр забонҳои дигар тарҷума шудаанд. Соли 2003, ба муносибати 90-солагии нависанда, романи ӯ «Каждуми зери бӯрё» пешкаши муштариёнаш гардид.

Вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 7-9), Арбоби фарҳанг ва Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон.

Бо ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва чор ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шудааст.

Аз соли 1956 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

18 декабри соли 1990 аз олам даргузашт.

Аз Ҳоҷӣ Содиқ ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин асарҳоро пайдо кунед:

  • Солдати ношинос: Ҳикояҳои ҷанговар / Муҳаррир А. Баҳорӣ. – Душанбе: Ирфон, 1966. – 258 с.
  • Шавқат кунед, дўстон. – Душанбе: Ирфон, 1971. – 73 с.
  • Боварӣ: Очерк / Муҳаррир Б.Ҳоҷӣ. – Душанбе: Ирфон, 1971. – 66 с.
  • Бонги изтироб: Ҳикояҳо. – Душанбе: Ирфон, 1972. – 32 с.
  • Додамро ба кӣ гўям: Маҷмўаи ҳикояҳои ҳаҷвӣ / Муҳаррир А. Баҳорӣ. – Душанбе. – 1973. – 219 с.
  • Интихоби домод: Пьеса // Содиқ Ҳ. Додамро ба кӣ гўям. – Душанбе, 1973. – С. 151-218.
  • Кўзачаи сеҳрнок: Пьеса иборат аз чор намоиш. – Душанбе: Маориф, 1976. – 96 с.
  • Роҳи сафед: Мазҳака иборат аз се намоиш // Роҳи сафед. – Душанбе, 1977. – С. 27-50.
  • Қиссаи бузи бериш: Ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва мазҳака. – Душанбе: Ирфон, 1978. – 272 с.
  • Чоҳкан зери чоҳ: Очерку ҳикояҳои фронтӣ ва пьесаҳо. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 336 с.
  • Гардиш: Роман. – Душанбе: Ирфон, 1986. – 269 с.
  • Қадри ҷавҳар, ҷавҳарӣ донад: Роман. – Душанбе: Ирфон, 1987. – 336 с.
  • Зарраи шарора: Очерк // Занони Тоҷикистон. – 1987. – №11. – С.18-20.
  • Ғирболи сара: Ҳикоя // Ҳақиқати Ленинобод. – 1988. – 28 май.

Дар бораи адиб:

  • Ниёзӣ, Н. Офтоб аз дари мо рафт: Ба хотири устод Ҳ. Содиқ // Ҳақиқати Ленинобод. – 1990. – 20 декабр.
  • Раҳматзод,  А. Охирин нафас: Ба хотири устод Ҳоҷӣ Содиқ // Ҳақиқати Ленинобод. – 1990. – 20 декабр.
  • Ҳусайн, М. Ба ҷои ҷазо – мукофот: Андешаҳо перомуни нависанда шодравон  Ҳоҷӣ  Содиқ // Адабиёт ва санъат. – 1997. – 12 июн.
  • Самад, А. Чеҳраи   дурахшон: Оиди кору фаъолияти рўзноманигор, нависанда ва драманависи маъруфи тоҷик Ҳоҷӣ Содиқ // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 25 июл.

 

Таҳияи Меҳрангез Ғуломова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ