Файзалӣ Ҳасанови ҳафтодсола

Аз ҷумлаи маҳбубтарин сарояндагони кишвар аст. Миёни мардум аз маҳбубияти хос бархурдор аст. Таронаҳояш кайҳост барояш шӯҳрат овардаанд. Ҳунарманди дӯстдоштанист. Ҳар таронае сурудааст, бар матни шеърҳои шоирони маъруф сурудааст. Аз ин рӯ ҳар таронаи вай бори маънӣ мекашад. Аз сарояндагони маъниписанд ва шеърфаҳм аст. Қадам ба синни мубораки ҳафтод ниҳодааст.

Сароянда, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ Ҳасанов Файзалӣ 19-уми июни соли 1948 дар деҳаи Сангонели ноҳияи Ҳамадонӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкунандаи Омўзишгоҳи мусиқии ш. Душанбе (1968) ва факултаи санъати Институти давлатии педагогии ш. Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) (1972) мебошад. Солҳои 1972-1975 сарояндаи Театри халқии ноҳияи Ҳамадонӣ, 1975-1990 директори Мактаби мусиқии ҳамин ноҳия, 1990-2004 сароянда ва роҳбари бадеии Театри халқии ноҳияи Ҳамадонӣ, аз соли 2004 роҳбари бадеии ансамбли «Дарё» - и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ мебошад.

Бо сабки хоси хониш қариб 150 суруд ба хидмат овардааст. Беҳтарин таронаҳои халқӣ, ғазалиёти классикон ва ашъори шуарои муосирро  адо намуда, қалби ҳаводорони мусиқии асилро шод мегардонад.  «Ватан дорам», «Модар», Тоҷики ман зинда бош», «Аз парешонӣ нигаҳ дорад Худо», «Бе хоки Ватан ҳеҷам», «Тоҷикистон, Ватанам, эй Ватанам», «Доман афшонд», «Партави ҳиҷрон», «Дили оташ», «Одам ғанимат аст», «Як дил шавед», «Хуш намеояд», «Лаъли шакарбор», «Духтари Дарвоз», «Оҳуи рамида», «Паризода», «Оҳиста-оҳиста», «Фарзанди Хатлон», «Латиф аст», «Хуршеди ҳаёт», «Эй дўст», «Зиндагӣ», «Теғи ҷавҳардор», «Нури дида» аз таронаҳои иҷрокардааш мебошанд, ки дар дили ҳазорон муштарӣ роҳ ёфтаанд.

Бо ордени «Шараф», Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Бозчоп аз «Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2018)». – Душанбе. – 2017. – С.243-244.

Аз Файзалӣ Ҳасанов ва дар боари ӯ дар Китобхонаи миллӣ бихонед:

Зебопарӣ. – Душанбе, 2001. – 94 с.

Шукрона. – Душанбе, 2010. – 66 с.

Дар бораи ҳофизи мумтоз:

Боқиев, М. Таронасарои Хатлон – замин: Ҳофизи халқии республика Ф. Хасанов // Газетаи муаллимон. – 1982. – 7 сентябр.

Салимов, М. Суруди зиндагӣ: Дар бораи ҳофизи хушовоз Ф. Ҳасанов // Роҳи ленинӣ. – 1986. – 20 сентябр.

Абдулвоҳидов, Б. Парвози суруди Файзалӣ: Ҳофизи халқии республика Ф. Хасанов // Роҳи ленинӣ. – 1988. – 7 сентябр.

Маҳмадов, Б. Умри суруд: Дар бораи фаъолияти эҷоди Ҳофизи мардумӣ Ф. Ҳасанов // Адабиёт ва санъат. – 2000. – 9 июн.

Қодирдухтӣ, Б. Бе хоки Ватан ҳеҷам: Ф. Ҳасанов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон // Ҷумҳурият. – 2012. – 26 май.

Раҳмон, З. Суруди ў ба дилҳо роҳ гирифтааст: Аз ҳаёт ва фаъолияти Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ф. Ҳасанов // Фараж. – 2012. – 6 июн.

Холов, Д. Ифшогарои созу навои фалак: Ба дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ пешниҳод шудани ҳофизи халқии Тоҷикистон Ф. Ҳасанов // Адабиёт ва санъат. – 2012. – 14 июл.

Шаҳобиддини, Ҳ. Ватан дар чашми булбул: Ёде аз гузаштаи Ф. Ҳасанов бо устод Одина Ҳошим // Баҳори Аҷам. – 2013. – 28 феврал.

Алимов, Б. Файзалӣ Ҳасанов ғазалсарои тавонои тоҷиқ: Дар бораи корва фаъолияти эҷодии сарояндаи халқии Тоҷикистон Ф. Ҳасанов // Самак. – 2017. – 13 декабр.

Таҳияи Ибодат Солиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ