Камоли Хуҷандӣ шоири ғазалсаро. Ба истиқболи 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ
Дар фонди тиллоии шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир девони Камоли Хуҷандӣ нигоҳдорӣ мешавад. Нусхаи хаттии «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ аз 274 саҳифа иборат буда, таҳти рақами 728 дар махзан нигоҳдорӣ мешавад. Нусхаи дигари девони Камоли Хуҷанлӣ аз ҷониби хаттоти зарринқалам Муҳаммадамини Ҳаким валади Баён Муҳаммад соли 1311 ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 1912 китобат шудааст. Девони ғазалиёти шоир бо хаттӣ настаълиқи хоно дар ду сутун бо зарҳал навишта шуда, дар Китобхонаи миллӣ таҳти рақами 1052 нигоҳдорӣ мешавад.
*** *** ***
Камоли Хуҷандӣ шоири ширинкаломи форсу тоҷик буда, дар ҳунари ғазалсароӣ бо шоирони машҳури форсу тоҷик аз ҷумла бо Саъдиву Ҳофиз дар як мавқеъ қарор дорад. Камоли Хуҷандӣ соли 1318 дар соҳили дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Овони кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоияшро дар зодгоҳаш гирифта, барои такмили илму дониши худ ба шаҳрҳои Самарқанду Тошканд ва Хоразм сафар намуда, бо зеҳни фавқулодаи худ ҳамаи илмҳои замонашро аз бар намудааст. Дар асари худ «Нафаҳот-ул-унс» Абдураҳмони Ҷомӣ овардаанд, ки шоир дар шаҳри Шуш дар назди орифи машҳури ҳамон замон Шайх Хоҷа Убайдуллоҳ ба шогирдӣ истода илмҳои замонаашро аз бар намудааст.
Аммо Ҳусайни Карбалоии Табрезӣ дар асараш «Равзот-ул-ҷинон», ки дар бораи Камол менависад, ин нуктаро наовардааст.
Аз рўи нақли тазкиранависон Камоли Хуҷандӣ умри дароз дидааст. Вале дар тӯли умри бобаракати худ ранҷу азоб кашида, дар ғариби умр ба сар бурдааст. Камол дар ҳар куҷое, ки буд, аз хуҷандӣ будани худ фахр карда, Хуҷанди бостониашро фаромӯш намекунад. Ва дар ҷое мегӯяд:
Бо лутфи табъ мардуми Шероз аз Камол,
Бовар намекунанд, ки гўям: хуҷандиям.
Камоли Хуҷандӣ соли 1401 дар ғарибӣ, дар шаҳри Табрез вафот кардааст. Ўро дар боғи худаш ба хок супоридаанд. Дар канори оромгоҳи Камоли Хуҷандӣ нигоргарон Камолиддин Беҳзод ва Султон Муҳаммад Наққош ва шоирон Машрабии Шервонӣ ва Тусӣ низ ба хоби адаб рафтаанд.
Камоли Хуҷандӣ ҳарчанд, ки Хуҷандӣ буд, дар баробари Хуҷанд Табрезро ҳам дўст медошт:
Табрез маро ба ҷои ҷон хоҳад буд.
Пайваста маро вирди забон хоҳад буд.
Камоли Хуҷандӣ барои мо ғазал, қитьа ва рубоӣ мерос гузошта, дар адабиёти классикии форсии тоҷикӣ ҳамчун устоди ғазал эътироф гардидааст. Мавзӯи ғазалиёти шоир гуногунранг буда, тамоми мавзӯьҳои ҳаётиро фаро гирифтааст. Вале мавзуи асосии ғазалиёти шоирро ишқу муҳаббати поку самимӣ фаро гирифтааст.
Аз ошиқӣ ҳамеша тавон аст пирӣ мо,
Холӣ мабод ишқи бутон аз замири мо.
Ишку ошиқӣ аз назари шоир инсонро ба камоли маънавӣ расонида ба инсон зӯру тавонои маънавӣ мебахшад.
Хар кӣ дар олам ком аз як лаҳза дур аз ёр зист,
Кард нақди зиндагонӣ зоеу бисёр зист.
Камоли Хуҷандӣ сафарҳои тӯлонӣ намуда, ҳамеша дар ғарибӣ ёди ватани азизаш Хуҷандро мекунад.
Дил муқими кўи ҷонон асту ман инҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтану танҳо ғариб.
Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чинд гардам бесару бе по ғариб.
Мавзуи дӯстӣ меҳру муҳаббат, қадр ва манзалати дӯстиро васф намуда, дар ҷойе баён менамояд:
Дӯст медорад дилам ҷабру ҷафои дӯстро,
Дӯсттар аз ҷону cap дарду балои дӯстро.
Дӯстиҳои ҳама олам бирўб аз дил, Камол,
Пок бояд доштан хилватсарои дўстро.
Камоли Хучандӣ дар тасвири бадеӣ, аз қабили ташбеҳ, истиора, муболиға ва киноя устоди комил буда, чун шоири ғазалсаро дар олам машҳур аст.
Ёдовар мешавем, ки дар фонди тиллоии шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир девони Камоли Хуҷандӣ нигоҳдорӣ мешавад. Нусхаи хаттии «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ аз 274 саҳифа иборат буда, таҳти рақами 728 дар махзан нигоҳдорӣ мешавад. Нусхаи дигари девони Камоли Хуҷанлӣ аз ҷониби хаттоти зарринқалам Муҳаммадамини Ҳаким валади Баён Муҳаммад соли 1311 ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 1912 китобат шудааст. Девони ғазалиёти шоир бо хаттӣ настаълиқи хоно дар ду сутун бо зарҳал навишта шуда, дар Китобхонаи миллӣ таҳти рақами 1052 нигоҳдорӣ мешавад.
Маврид ба зикр аст,ки тамоми осори пурбаҳои шоир аз ҷониби муҳақиқон ва пажўҳишгарони Камолшинос бо хатти кирилӣ баргардон шудааст. Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ҷилди аввали «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ»-ро бо номи «Камол дар оинаи тазкираҳо» тариқи нашриёти «Хуросон» аз нашр баровард. Ин силсила аз 77-сарчашма гирд оварда шудааст. Бояд зикр намоем, ки «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ» дар даҳ ҷилд таҳия ва нашр мешаванд.
Қадршиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони фарзонаи миллат, иқдоми хирадманонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Соли 1996 пайкараи Камоли Хуҷанӣ дар шаҳри Хуҷанд гузошта шуд. Ҳамзамон собиқ Театри давлатии мусиқи-мазҳакавии ба номи А.С. Пушкини ш. Хуҷанд ба номи Камоли Хуҷандӣ гузошта шуд. Пешвои муаззами миллат дастур доданд, ки соли 2020 дар сатҳи ҷаҳонӣ аз 700-солагии Камоли Хуҷандӣ таҷлил шавад. Ба ин хотир мушти хоке аз Табрез аз оромгоҳи Камоли Хуҷандӣ ба Хуҷанд оварда шуд. Ин иқдоми нек намоёнгари бозгашти маънавии ӯ ба Ватани хеш мебошад.
Оромгоҳи шоир ба сурати хеле муҳташам бино ёфта, он дар Наврӯзи байналмилалии соли 2015 аз ҷониби Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд.
Имрўзҳо ҳазорон сайёҳон аз ин хонамузей дидан намуда, таассуроти хуб мебардоранд. Ба хотири сазовор ҷашн гирифтани 700-солагии Камоли Хуҷандӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон як силсила корҳо анҷом дода шудааст. Дар толори хониш ва толори «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оид ба мероси адабии шоир намоиши китоб ташкил карда шудааст, ки муштариёни илму дониш ва мухлисони осори Камоли Хуҷандӣ аз он истифода мебаранд.
Тасмим дорем дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бахшида ба 700-солагии зодрӯзи Камоли Хуҷандӣ чорабинии фарҳангиро зер унвони «Камол шоири ғазалсаро” таҷлил намуда, ба ин васила сиёсати фархангсолори Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намоем.
Ҷалолиддин Нурзода,
Муовини директори
Китохонаи миллии
Тоҷикистон.
БОЗ ДАР ИН БОРА:
«Камол дар оинаи тазкираҳо”. Аввалин китоб аз силсилаи камолшиносӣ чоп шуд