Паёми шодбошии Пешвои миллат ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори бисту нӯҳумин солгарди рӯйдоди бузурги таърихи навини кишварамон, яъне Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як сокини мамлакат рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Бисту нӯҳ сол муқаддам мардуми мо ба истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд ва ба эъмори давлати миллии худ шурӯъ карданд. Оғози истиқлол ва қадамҳои нахустин дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба давраи бисёр ҳассоси таърихи халқамон рост омад.

Тоҷикистони тозаистиқлоли мо бо гуноҳи хоинону душманони миллати тоҷик ва хоҷаҳои хориҷии онҳо ба зарбаи ҷонкоҳи таърихи худ - ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.

Дар замоне, ки мо ҳанӯз ҳатто рамзҳои давлати соҳибихтиёри худро надоштем ва мардуми мо дар ҷодаи истиқлолу озодӣ аввалин қадамҳои худро мегузоштанд, хоинони миллат, яъне онҳое, ки имони худро фурӯхта буданд, Тоҷикистонро ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона гирифтор карданд.

Душманону хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мехостанд, ки бо зӯри силоҳ, бо роҳи тарсонидан ва қатлу куштори бераҳмона фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд ва дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намоянд.

Дар натиҷа кишварро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифт, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, беш аз як миллион нафар ҳамватанонамон ба гурезаи иҷборӣ табдил ёфтанд ва дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи мо, аз ҷумла занону кӯдакон ва одамони калонсол ба ҳалокат расиданд.

Инчунин, бар асари ҷанг даҳҳо ҳазор кӯдакон ятим ва модарону занон бесаробон монданд.

Даҳшати бузургтарини ҷанг дар он буд, ки хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд.

Дар чунин шароити ниҳоят вазнин ва воқеан тақдирсоз фарзандони огоҳи миллат ва қувваҳои солими ҷомеа ба хотири наҷоти давлат ва миллат муттаҳид шуданд ва тамоми саъю талоши худро барои аз гирдоби ҷанги бародаркуши таҳмилӣ раҳоӣ бахшидани мардум сафарбар намуданд.

Дар иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, дар ин ҷода ва пеш аз ҳама, дар роҳи қатъи хунрезӣ нахустин қадамҳо гузошта шуданд.

Мо бо майлу иродаи халқамон ва эътимод ба ояндаи неки кишварамон тамоми кӯшишу имкониятҳои худро, дар навбати аввал, ба ҳалли мушкилоти ниҳоят сангини ҳаёти давлат ва ҷомеа сафарбар намуда, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлатро ҳифз кардем.

Дар он марҳалаи бисёр мураккаб мо аркони давлати ҷавонамон – мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро барқарор кардем ва фаъолияти онҳоро барои хизмат кардан ба манфиати мардум ва давлати соҳибистиқлоламон равона сохтем.

Яъне бо мақсади ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа Артиши миллӣ ва дигар сохтору мақомоти босалоҳият, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳокимияти иҷроияро таъсис додем ва рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон, аз ҷумла Парчам ва Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Конститутсия – бахтномаи миллатро қабул кардем.

Дар баробари ин, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ ва барои онҳо ташкил кардани шароити зарурии зиндагӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат буд, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ амалӣ гардид.

Ҳамин тариқ, мо дар зарфи ин солҳо маҳз бо азму талошҳои мардуми ватандӯсту ватанпарварамон тавонистем, ки оқибатҳои низои шаҳрвандиро бартараф карда, давлати ҷавони тоҷиконро аз нестшавӣ ва миллати тоҷикро аз парокандагӣ эмин дорем.

Дар натиҷаи таъмин гардидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо ислоҳоти конститутсиониро амалӣ намуда, фаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимиятро ба танзим даровардем ва парламенти дупалатагӣ таъсис додем, ки дар фазои сиёсиву ҳуқуқии Тоҷикистон падидаи нав мебошад.

Дар ин раванд, гузариш ба низоми иқтисоди бозаргонӣ, ҷорӣ намудани гуногуншаклии моликият, пули миллӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, таҷдиди сохтори иқтисод вобаста ба истифодаи самараноки захираву имкониятҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ, мукаммал гардонидани низоми молия ва бонкдорӣ, рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва тараққиёти соҳаҳои иҷтимоӣ таъмин карда шуд.

Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон доданд, ки дар давоми солҳои 1997-2020 суръати рушди иқтисоди миллӣ ҳамасола дар сатҳи баланд таъмин ва ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ панҷ баробар зиёд гардад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар беш аз 1600 корхонаи саноатӣ, зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ, 2200 километр роҳи мошингарди сатҳи байналмилалӣ таҷдиду бунёд ва 220 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд.

Бо талошҳои созандаи Ҳукумат ва мардуми кишвар ду агрегати неругоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба истифода дода шуда, то имрӯз дар он беш аз 1,6 миллиард киловатт - соат барқ истеҳсол гардидааст. Дар натиҷаи ба кор андохтани иқтидорҳои нав маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар фасли зимистон бартараф карда шуд.

Дар ин муддат шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 1 миллиону 325 ҳазор нафар дар соли 1991 то 2 миллиону 34 ҳазор нафар зиёд гардида, барои фарогирии онҳо сохтмон ва азнавсозии 3030 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои таълимии иловагӣ бо 651 ҳазор ҷойи нишаст анҷом дода шуд.

Инчунин, шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 41 ва шумораи донишҷӯён аз 69 300 нафар дар соли 1991 то 227 ҳазор нафар зиёд гардид.

Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар замони истиқлоли давлатӣ 1258 муассисаи нав сохта, ба истифода дода шуда, шумораи умумии онҳо аз 2862 муассиса дар соли 1991 то 4369 муассиса дар соли 2020 афзоиш ёфт.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар даромади пулии аҳолӣ 125 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 83 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз паст гардид ва дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол дар соли 1991 то 75 сол боло рафт.

Фавти модарон нисбат ба соли 1991 3,1 баробар ва фавти кӯдакон 3,5 баробар коҳиш ёфт.

Мо аз оғози соҳибистиқлолӣ ба ташаккул додани асосҳои сиёсати хориҷии кишвар шурӯъ карда, тавассути андешидани силсилаи тадбирҳои муассир мақому мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ пайгирона таҳким бахшидем.

Дар натиҷа имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлате мешиносад, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти мубрами глобалӣ пешсаф буда, сиёсати хориҷии мутавозину пайвастаро, ки асоси онро усули “дарҳои кушода” ташкил медиҳад, татбиқ месозад. То имрӯз дар арсаи байналмилалӣ се ташаббуси глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об дастгирӣ ёфт ва татбиқ гардид.

Ҳоло иқдоми чоруми кишвари мо оид ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 – 2028, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки ҳамаи ин корҳоро мо ба хотири беҳтар намудани шароити зиндагии халқи шарафманди тоҷик ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар байни ҷомеаи башарӣ анҷом додем.

Ва ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди таърихи миллати тоҷик ва тақдири имрӯзу ояндаи халқи Тоҷикистон ҳар яки моро водор месозад, ки истиқлолу озодии давлатамон, яъне муқаддастарин ва бузургтарин неъмати зиндагиамонро бо тамоми ҳастӣ ҳифз кунем, ҳушёру зирак бошем, дар ғафлат намонем, заҳмат кашем ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватани азизамон ба ҷой орем.

Дар баробари ин, мо вазифадорем, ки ба наврасону ҷавонон – насли ояндасози халқамон таърихи пуршебу фарози миллат ва таҷрибаи душвори бунёд кардани давлати миллиро омӯзонем ва дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба давлатро таҳкиму тақвият бахшем.

Сабақи дигари даврони соҳибистиқлолӣ ин аст, ки нияту орзуҳои ҳар як фарди ҷомеа ва нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат танҳо дар сурати соҳиби Ватани озоду соҳибихтиёр, давлати нерӯманду устувор будани мо, инчунин, дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ амалӣ мегарданд.

Аз ин хотир, ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишвар бояд то чӣ андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намояд ва барои таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ки бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб шудааст, саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад.

Имрӯзҳо мардуми бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти мо барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон - сисолагии истиқлоли давлатӣ тамоми қаламрави кишварро ба майдони бузурги заҳмати созанда ва фаъолияти бунёдгарона табдил додаанд.

Бо истифода аз фурсат, ман ба хурду бузурги Тоҷикистон ба хотири заҳмати сарҷамъона барои фардои ободи Ватан ва сари баланди миллат сидқан ва самимона сипосу миннатдорӣ менамоям.

Ҳамчунин, ба кулли сокинони мамлакат як масъалаи муҳимро такроран хотиррасон месозам. Бо вуҷуди корҳои бузурги то имрӯз амалигардида ҳоло ҳам на ҳама мушкилоти ҳаёти мардуми мо паси сар шудаанд.

Мо - тамоми аҳли ҷомеаи кишвар бояд сарҷамъона ва бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ барои таъмини зиндагии шоистаи ҳар як оилаи Тоҷикистони азизамон заҳмат кашем.

Мо бояд барои пешгирӣ кардани таҳдиду хатарҳои замони муосир, хусусан, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва пайомадҳои ногувори онҳо ба саломатии аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, инчунин, ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат саъю кӯшиш кунем.

Дар ин ҷода, бори дигар хотиррасон менамоям, ки мо бояд ба масъалаҳои омода кардани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода, захира намудани маҳсулоти ниёзи мардум, хусусан, маводи ғизоӣ, сарфаю сариштакорӣ, аз ҷумла сарфаи нерӯи барқ ва ҳамзамон бо ин, қатъиян риоя намудани қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва талаботи санитариву эпидемиологӣ масъулияти баланд ва эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Бо дарназардошти ҳолати буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистони мо низ аз таъсири он берун нест, инчунин, ҷиҳати пешгирӣ кардани паҳншавии бемории коронавирус мо бояд аз баргузории ҳар гуна чорабиниву маъракаҳо худдорӣ кунем.

Дар баробари ин, мо бояд корҳои созандаро ба истиқболи ҷашни бузурги миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатӣ боз ҳам вусъат бахшем, камбудиҳои зиндагиамонро бартараф созем, Ватанамонро обод кунем ва кӯшиш кунем, ки Тоҷикистони азизи мо ҳамқадами ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳон гардад.

Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар тамоми мардуми шарафманду сарбаланди кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ - Рӯзи истиқлоли давлатӣ самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди Ватан сулҳу оромӣ, рӯзгори пурсаодат ва бахту иқболи баланд орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолу озодӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Манбаъ: Сомонаи Президенти ҶТ

 
Барчаспҳо: