Сармояи муҳимтарини миллати мо – ин потенсиали ақлонии миллати мост…»

  Бо ҳамин ном рӯзе қабл АМИТ «Ховар» андешаҳои ҳамкорамон, Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ оид ба рушди неруи инсонӣ ва қудратҳои зеҳнӣ дар партави Паёми Пешвои миллатро интишор дод. Муаллиф аз ҷумла гуфтааст: “Дар паёмҳои чанд соли охир истилоҳҳои «рушди неруи инсонӣ», «беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ», «зиндагии шоиста», «ҳамқадами илму технологияи муосир будан», таъбирҳои илму дониш, маърифат, одобу ахлоқ, муоширати шоиста ва монанди инҳо дар баробари таъбирҳои рушду тараққии саноат, саноатикунонии кишоварзӣ, дар маркази диққати ҳамешагӣ гузоштани саломатии миллат, ки дар ҳуҷҷатҳои стратегии сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун сармояи давлат шинохта шудааст, ба ҳукми таъбиру калимаҳои калидӣ дида мешаванд.

  Хусусияти аз ҳама муҳими паёмҳои Президенти муҳтарам, бунёдгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои дурандеши миллат Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки дар ин барномасозиҳои солона ҳар як ҳадафи таъйиншуда воқеиву саривақтӣ буда, стратегияи расидан ба онҳо воқеъбинонаю реалӣ марҳила ба марҳила матраҳ мешавад.

  Агар як нигоҳи мустақими ҳадафгир намоем, мушоҳида хоҳем кард, ки ҳадафгузориҳо дар паёмҳои Пешвои миллат зина ба зина қудратҳои истеҳсолӣ, тавоноиҳои шаҳрвандон, сохторҳои мушаххаси марбутаро аз ҷиҳати салоҳиятмандӣ ба самти бобарору бобаракат роҳнамоӣ карда, иқтидори истеҳсолӣ ва молиявии давлатро сол ба сол қавитар кардаанд...”

Матни комили суҳбати Назри Яздониро ИН ҶО бихонед:

 

Барчаспҳо: