"Нардбон боло барад ҳам мард ҳам номардро...”
Нашр шуд 2020-09-01 14:59
(Дар сӯги устоди азизам Гулназар)
Шоироне ҳастанд, ки бисёр хомӯшу оҳиста вориди адабиёт мешаванд. Ангор, дар ҳар қадам аз ҳар касе дар давру бари худ узр мепурсанд, ки мабодо касе аз онҳоро нороҳат накарда бошанд. То вориди адабиёт мешаванд, ҷоеро барои худ интихоб мекунанд, бар он чи дар он адабиёт ва фарҳанг мегузарад назорат мекунанд ва шеърҳои худро низ барои аҳли он маҷлис аз ҳамон ҷойгоҳ ва дидоҳ ироа мекунанд. Ҳамнҳо ҳастанд ҳамон Зиёӣ, ҳаминҳо ҳастанд ҳамон Рӯшанфикр. Ҳамон Зиёӣ ва ҳамон Рӯшанфикр, ки солҳост мо аз онҳо мегуем, дар чустчӯйи онҳо ҳастем, ва дар ҳич ҷое, накши пое аз онҳо намеёбем.
Устод Гулназар аз ҳамонҳост. Аз онҳоест, ки дарвоқеъ, шеъри тоҷикиро как-камак тагйир доданд, таҷдид карданд. Бидуни даъво ва бидуни худнамойӣ ва худхоҳӣ, алайҳи он шиорҳои коммунистӣ ва сусиёлистӣ, ки он замон дар шеъри тоҷикӣ тасаллут ёфта буд, Шеър гуфтанд. Ашъоре самимӣ, пок ва зебо. Ашъоре, ки як хонандаро ба худи ӯ ошно мекард. Расолати аслии Шеър ҳам ҳамин аст. Агар як шеър хонандаи худро ба худи ӯ ошнотар, наздиктар намекунад, пас он шеър расолати худро анҷом надодааст. Дидгоҳи ман аз шеър ва интизори ман аз шеър ҳамин аст. Боқӣ шумо донед.
Дар бачагӣ як дарахте буд, ки бисёр дӯсташ медоштам. Дарахте буд дар сари “Замини Ройиб”. Акаи Ройиб як марде буд аз деҳаи мо, ки номи он қитъа замин бо номи ӯ
муртабит буд. Аммо на ба он маъно, ки он қитаъ-замин ба акаи Ройиб мутааллиқ бошад, балки ба он маъно буд, ки ҳамӯ, акаи Ройиб будааст, ки ин қитъаро дар он замини ваҳшӣ ва ғайри қобили кишт дар водии Вахш қобили киштукор карда аст. Дарахте, ки ман ошиқаш будамро низ шояд акаи Ройиб дар он сари замин кошта бошад. Намедонам. Дар он айёми бачагӣ коре ба ин корҳо надоштем ва фақат номҳои он қитъа-заминҳоро медонистем. Баройи мисол, қитъае аз аз он заминҳои пахтазор “Чил” ном дошт ва фақат бо гузашти солҳо буд фаҳмидам, ки масоҳати он қитъа чил гектар буда аст ва барои ҳамин номашро чунон гузоштаанд.
Ҳамон даврон буд, ки ман шурӯъ ба навиштани шеър карда будам ва ишқу алоқаи ман ба шеър рӯз то рӯз шадидтар мешуд. Ҳамон даврон буд, ки маҷмӯъаи ашъори устод Гулназар бо унвони “Нардбон” ба дастам расид. Ва ман мафтуни он мусиқӣ шудам, ки аз ҳар шеъри он дафтар дармеомад.
Хулоса, дарахте, ки ман дар бачагӣ баногоҳ бисёр ҷиддӣ ошиқаш шудам, аз хонаи мо дур буд. Пеш аз он ҳам гаҳ гоҳе эҳсоси ошиқӣ доштам. Ба сафедороне, ки дар ҳавлии худамон басуръат рушд мекарданд, ошиқ будам. Ба он сафедорҳои бузурги пушти кӯча дар масҷиди деҳа, ки ман шабҳо аз пушти тиреза ба онҳо нигоҳ мекардам ва ба қиссаҳои пайғамбарон фикр мекардам, ошиқ будам. Аммо ишқи бузурги ман бар он дарахте буд, ки дар сари “Замини Ройиб” буд. Ҳар вақт эҳсоси ниёз ба танҳойӣ мекардам, савори дучархаам мешудам ва бо тамомии суръат мерафтам пеши ҳамон дарахт. Соатҳоро пеши он азиз, гоҳ бар пояш ва гоҳе ҳам рӯйи дастонаш сипарӣ мекардам. Ман намедонам, ки он дарахт холо ҳам ҳаст ё на. Ба эҳтимоли зиёд дигар нест. Аммо ёди он даврон то ҷовидон бо ман хоҳад буд. Ҳаичун шеърҳои устод Гулназар. Гуфтаниҳои зиёде дорам аз пайванди Гулназар бо Табиъат. Дар фурсатҳои баъдӣ хоҳам гуфт.
АБРИ ТАНҲО
(дар сӯги устоди азизам Гулназар)
Абри танҳо буду умре бар сари мо гиря кард,
Боди танҳо буду умре дар бари мо нола кард.
Сар кашида дар биёбон лолае озурда буд
Рафт. Дилҳои азизонро пур аз олола кард.
Такдарахте, шохаҳояш дастҳои пурдуъо,
Саркашону парфишон андар ҳаво, сӯйи Худо,
Як табар уфтода бар пояш чу рамзе аз Қадар
Озарахше бар сараш вомонда гӯйӣ аз Қазо.
Рафт. Аммо андар он гулбоғи сарсабзи Лучоб
"Чашмасоре мурда рӯзе аз дилаш сар мезанад".
Дар биёбонҳои рӯҳи миллате худбохта
"Лолае озурда рӯзе аз дилаш сар мезанад".
Муҳаммадалии Сиёвуш,
шаҳри Бишкек
БОЗ ДАР ИН МАВЗӮЪ:
Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ устод Гулназар Келдӣ аз олам даргузашт