Ҳар он миллат, ки устодаш китоб аст,
Дилаш равшан ба мисли офтоб аст.
Худо бар миллати мо сарваре дод
Китобу донишу лафзи дари дод.
Маҳфили шуъбаи кўдакон ва наврасони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба «Рўзи китоб» бо ҳамин мисраҳо оғоз шуд ва муаллима ба хонандагон аз таърихи “Рӯзи китоб” муфассал нақл кард.
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори бисту нӯҳумин солгарди рӯйдоди бузурги таърихи навини кишварамон, яъне Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як сокини мамлакат рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям.
Бисту нӯҳ сол муқаддам мардуми мо ба истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд
Ҳарчанд тафсили тарҷумаи ҳоли адибон дар ин маҷмўи мақсад нест, дар бораи аҳволи баъзе ашхос аз бархе тафсилот гузир ҳам нест. Чунончи, Аҳмад–махдуми Дониш муллаққаб ба Аҳмади Калла шахсест, ки агар дар бораи адибон ҳеҷ гуна маълумот доданро илтизом намекардем ҳам, дар хусуси ин шахс пургўи карданро лозим медонистем. Бинобар ин дар ин хусус бар хилофи дастури илтизомкардашуда сатре чанд нигошта шавад, хонандагони мўҳтарам маъзур шуморанд.