Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Аҳмад – махдуми Дониш, машҳур ба Аҳмади Калла. (таваллуд –1242 ҳиҷрӣ, вафот 1314).
Ҳарчанд тафсили тарҷумаи ҳоли адибон дар ин маҷмўи мақсад нест, дар бораи аҳволи баъзе ашхос аз бархе тафсилот гузир ҳам нест. Чунончи, Аҳмад–махдуми Дониш муллаққаб ба Аҳмади Калла шахсест, ки агар дар бораи адибон ҳеҷ гуна маълумот доданро илтизом намекардем ҳам, дар хусуси ин шахс пургўи карданро лозим медонистем. Бинобар ин дар ин хусус бар хилофи дастури илтизомкардашуда сатре чанд нигошта шавад, хонандагони мўҳтарам маъзур шуморанд.
Аҳмади Калла, чунончи осораш далолат мекунад, дар муҳити Бухоро ба инқилоби илмӣ, адабӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ роҳбар ба шумор меравад.
Аҳмад– махдум, чунончи дар ин дафтар дар зайли гузориши ҳолоти худ навишта, дар хурдсолӣ ва овони мактабхони аз ғайри шуур ва бинобар ҳис карданаш машаққати тоқатгудозро бо усули таълими мактаби кўҳна эълони исён кардааст ва мегўяд, ки «Ман ба истеъдоди фавқулъода, ки доштам, аз ғайри давомат карданам ба мактаб, соҳиби хату савод шудам. Агар саводбарорӣ мавқуфи таҳамули он ҳама машаққат мебуд, ҳаройина, бесавод мемондам». (Ибораташ айни аз хотир фаромўш шудааст, маолаш нақл ёфт).
Аҳмад– махдуми муҳандис бар хилофи ҷадвали дарс (пругроми мадрасаҳои Бухоро) илми хандаса, ҳайат, нуҷум, мусиқа, нақшу тасвир, тиб ва амсолашро биззот саъй карда омўхтааст.
Аҳмад–махдум баъди хатми кутуб ба тартиби мадрасаҳои Бухоро дарс гуфтану мударрисӣ карданро илтизом накардааст. Аҳволи устодони асарашро ба як ҳолати хандаовар ба қалам тасвир карда тақид намудааст.
Аҳмад–махдумро дар бораи усули ҳукуматдории амирони Бухоро низ танқидоти сахт ва эътирозоти беҷавоб аст.
Аҳмад–махдумро дар бораи касбҳо, пешаҳо,муносибати мардум бо якдигар, аҳволи хонадорӣ, муносибати келину домод, муноқишаҳои келину модаршўй ва амсолаш назарияҳои махсус ва муҳокимаҳои мудаққиқона аст.
Аҳмад–махдум дар соли 1242 ҳиҷрӣ дар Бухоро таваллуд ёфта ва дар соли 1314 вафот намуда. Аммо осори муҳаққиқонаашро бештар то соли 1300 навиштааст.
Маълум аст, ки дар он овон дар Бухоро аз фикрҳои нав ва адабиёти ҷадида асаре набуд. Пас маълум мешавад, ки ин доҳии модарзод ҳамаи афкорашро аз ғайри талқини касе ва китобе, маҳз аз тадаббуру тафаккури худ маъишат ва дунёро хосил кардааст.
Дар аҳдҳои охирӣ (баъд аз 1200 ҳиҷрӣ) дар Бухоро ва Мовароунаҳр дар назму наср тақлиди Бедил шўҳрат гирифта, ҳар аҳлу ноаҳл, ки ба дасташ қалам мегирифт, чизе дар пайравии Бедил навиштанро аз ҷумлаи татимаи камоли худ мешумурд. Аҳмади Калла бо вуҷуди камоли ихлос ва ақидааш дар бораи Бедил, дар тақлиди услуби Бедил мубориза эълон карда, худ осори манзума ва мансураашро дар камоли содагиву равонӣ навиштанро интизом кард. Мусоҳибони худро низ аз тақлиди Бедил манъ мефармуд. Услуби Бедилро махсуси истеъдод ва маслаки бедилӣ медонист, ба амсоли Қозӣ Абдулвоҳиди Садри Сарир, Домулло Абдулфазли Сират ва Исо Махдуми Муфтӣ, ки муосир ва муҳосибони Аҳмад–махдум буданд. Ин талқинот беасар намонд, эшон баъд аз он ки дар авоили ҳол дар назму наср Бедилро тақлид карда буданд, дар овони охирӣ соданависиро машқ менамуданд.
Аҳмад–махдум, агарчи ба ҳар муносибат ба тариқи рубоӣ, ғазал, қитъа ва қасида шеър иншод карда бошад ҳам, бинобар аҳамият надоданаш, нусхаҳояшро ҷамъ накардааст. Ба ҳамин сабаб маҷмуаи осори манзумааш дар миён нест. Ва чи миқдор буданаш ҳам маълум нест, ба ҳар ҳол кам будани осори манзумааш ба мансурааш муҳақақ аст.
Аз Аҳмад–махдум дар пуштҳои китоб, дар маҷмӯаҳои мутафарриқа, дар дафтарҳову дар қоғазвораҳо хеле осори мансура мондааст.Аммо номдортарини осори мансурааш « Наводир–ул–вақоеъ» ном китоби мудавван аст, ки тахминан дорои 750 сафҳа аст. Мундариҷоти ин китоб воқеаҳои мутафарриқа ва саргузаштҳои парешон ва баъзе масоили илмӣ буда, забонаш форсии сода, тартибаш наздик ба румон аст, ки дар зимни саргузаштҳои хаёлӣ хеле ибратбахшост.
Аҳмад–махдум ба сабаби таълифаш ин китобро, ҳарчанд аз уламои аҳдаш мукофоти такфиру ташнеъ ёфтааст, аммо дар назари аҳли таҳқиқу соҳибони афкори солима қадраш баланд гаштааст.
Чунончи Шамсиддин–махдуми Шоҳин, ки дар шеър аз ҷумлаи наводирҳои аҳди худ буд, ба муносибати таълифи ин китоб Аҳмади–махдумро ба қасидае мадҳ карда ва Мулло Абдулмаҷиди Музтариб, ки муосиронаш аз қалами ҳиҷонависи ў ба ҷон омада буданд, ин қасидаро дар мадҳи мумоилайҳи мухаммас кардааст...
Аз китоби «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмад-махдум
Дар дарбораи амирони Бухоро расме буд, ки як қисм аз маъзулин (аз амал афтодагон)-ро ба номи «истиқоматчӣ» ба дари амир роҳ медоданд, эшон то бозрасидан ба амале дар ҳазару сафар мулозими рикоб мебуданд. Боре амир Музаффар ба азми сафари Қаршӣ аз Бухоро баромада, дар Читариғ, ки дар домани дашт аст, манзил гузид ва дар ин ҷо қариб ба ҳафтод рўз монд. Ҳоли як қисми истиқомачиён, ки Аҳмад-махмуд ҳам яке аз онҳо буд, зиёда танг шуд. Истиқомачиён ба машварат як аризаи талаби русхат навиштанд. Чун Аҳмад-махмуд он аризаро мутолеа кард, гуфт: «Ба ин илтимосу илтиҷоҳо ин хонахароб (яъне, амир) моро рухсат нахоҳад дод» ва дар ин ариза аз номи худ ин байтро иншод карда илова намуд.
Туро чи ғусса зи ғавғои истиқоматиён,
Ҳуҷуми пашша чи орад халал ба хояи фил?!.
Табиӣ, ба хондани ин ариза амир ҳамаро аз ракоб пеш кард, ки асли мақсад ҳам ҳамин буд.
***
Аз осори Аҳмад-махдуми Дониш ба намунанигорӣ дил ташнашикан намешавад. Орзў буд, ки осори ин доҳии модарзод, ки дар вақти истибдоди амирон аз анзори омма матруку маҳҷур монда буд, баъд аз инқилоб дар соли 1339 ҳиҷрӣ ба муносибати 25-солаги вафоташ ё дар соли 1342 ба муносибати садум соли таваллудаш табъу нашр ёбад. Лекин, бинобар бисёрии масъалаҳои сиёсӣ ва тангии аҳволи иқтисодӣ, то ба ҳол ин орзў вуҷуд наёфт. Умед аст, ки дар соли 1344 ҳиҷрӣ ба муносибати соли сеюми вафоташ осораш бо тарҷумаи ҳолаш табъ ёбад.
Садриддин Айнӣ.
“Намунаи адабиёти тоҷик”,
Душанбе соли 2010.
Таҳияи Фирӯза Раҳимова
ва Нафиса Қурбонова