Нависандаи ҷанговар – Ҳаким Карим
Ҳаким Карим на танҳо нависанда, тарҷимон, хабарнигор, балки ҷанговари матин, муборизи шуълавари ҳаёти сотсиалистӣ буд. Ҷонбозию қаҳрамониҳо ва асарҳои пурмазмуни ў номи Ҳаким Каримро зиндаю ҷовид гардонидааст.
Дар ҳақиқат, нависандае, ки хонандаро ба ҳисси баланди ватандориву ватандўстӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ҳидоят менамояд, дар ҳамаи давру замонҳо аз тарафи халқу мамлакати азизаш чун накўтарин инсон қадрдонӣ мешавад. Бе муболиға Ҳаким Карим ҳам дар дилу дидаи мардуми фарҳангдўсти тоҷик бо офаридаҳояш абадӣ ошиён гузоштааст.
Ҳангоме ки ба ҳаёту фаъолияти бархе аз шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии асри ХХ тоҷик шинос мешавем, шоҳиди он мегардем, ки на танҳо тавассути осори безаволашон дар рушди адабиёти миллати хеш ҳиссагузор гардидаанд, балки бо роҳи тайкардаи эҷодӣ, рўзгор ва зиндагиномаи худ дар дилу дидаи ин халқи фарҳангдўст ҷой гирифта, бо гузашти солҳо ниёзи ҷомеаи тоҷикон ба шинохти ҳасби ҳоли онҳо афзудааст.
Дар аввали солҳои сиюми асри ХХ ба саҳнаи адабиёти тоҷик як гурўҳ адибони ҷавон дохил шуда, ба кори эҷодӣ камар бастанд. Устодони забардасти назму насри тоҷик Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ онҳоро ба тарбия гирифта, дар мактаби худ дарси нависандагӣ омўхтаанд. Ҳаким Карим яке аз он шогирдони пурмаҳорат буд. Ў бо жанри ҳикоя ё новелла дар адабиёти тоҷик мавқеи хосаро ишғол намудааст. Ҳаким Карим аз тарафи аҳли илму адаб ва оммаи хонандагон ҳамчун яке аз аввалин новелланигорони боистеъдоди тоҷик эътироф гардидааст, ягон муҳаққиқи таърихи адабиёти совтии тоҷик ин номро ба забон нагирифта гузашта наметавонад.
Ҳаким Карим соли 1905 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи тоҷири хурд таваллуд шудааст. Маълумоти ибтидоиро аввал дар оила ва сипас дар мактаби кўҳнаи маҳаллӣ ҳосил намуда, соҳиби хату савод мегардад. Падараш Каримбой барои осон кардани доду ситад бо тоҷирони рус писараш Ҳакимро ба мактаби русии маҳаллӣ барои таҳсил месупорад. Баъдҳо ўро ҳамроҳи худ ба шаҳри Актюбинск ва дигар шаҳрҳои гуногуни Россия мебарад. Ҳаким Карим чанд муддат дар шаҳри Актюбинск зиндагӣ кардааст. Шиносоии ў бо халқи рус ва маданияти он шояд аз ҳамин давра оғоз ёфта бошад.
Баъд аз ғалабаи Инқилоби Октябр Ҳаким Карим бо азми хондан ба шаҳри Қўқанд меояд. Солҳои 1923-1924 дар техникуми хоҷагии қишлоқи онҷо таҳсил намудааст. Вай ба сафи комсомол дохил шуда, дар корҳои ҷамъиятии мактаб фаъолона иштирок мекард. Пас аз хатми он ба рабфаки назди Донишгоҳи Давлатии Осиёи Миёна дохил шуда, муддате таҳсил мекунад. Хаким Карим мероси адабии нависандагони бузурги рус ва дигар халқҳо, махсусан эҷодиёти А.М Горкий ва А.П.Чеховро ба таври эҷодӣ омўхта, тарзи ба вуҷуд овардани образ ва характер, боигарии услуб ва равияҳои адабии онҳоро аз худ менамуд. Ҳаким Карим, аз як тараф ба воситаи тарҷума кардани асарҳои А.П.Чехов ва А.М. Горкий ба забони тоҷикӣ бо хусусиятҳои фардӣ – эҷодии онҳо беш аз пеш ошно мешавад, дар эҷод намудани ҳикоя ва новеллаҳои реалистӣ аз ин адибони бузург бисёр чизҳоро меомӯзад, маҳорати нависандагии худро ривоҷу равнақ медиҳад ва аз тарафи дигар, ӯ дар заминаи адабиёти миллии худ, дар шароити нави таърихӣ, дар якҷоягии хусусиятҳои миллӣ ва интернатсионалӣ асарҳои ҳозиразамони баландмазмуни хусусиятҳои тозаи худро ба вуҷуд меорад. Бояд қайд кард, мақсади Ҳаким Карим аз баргардон кардани осори ин нависандагони рус танҳо интишори ин асарҳо ба забони тоҷикӣ набуд, балки бештар дар аснои ин кор захира андўхтан барои маҳорати эҷодии худ будааст.
Муҳаббати бузурги ў ба ҳикоянависӣ ба он оварда мерасонад, ки дар як муддати кўтоҳ аввалин ҳикояҳои вай дар байни хонандагон зуд паҳн мегарданд ва дар дили онҳо маскан меёбанд. Дар навбати худ Ҳаким Карим ба воситаи нахустин асарҳои бадеии баландмазмун ва санъаткорона навиштааш ба қатори адибони машҳури истеъдодноки тоҷик мақоми хоси худро ишғол менамояд.
Ҳаким Карим махсусан ҳикояҳои ба мавзўъҳои хурди муҳими давраи худ бахшидаи А.П.Чеховро дўст медошт ва аз мундариҷаи асарҳои Ҳаким Карим дарк кардан мумкин аст, ки дар тарзи эҷод кардани чунин ҳикояхо А.П.Чеховро муаллими адабии худ мешуморад. Ў навиштани ҳикоя ва новелларо касбу жанри асосии эҷодиёти худ интихоб намуда ва дар ин масъала барои пайдо кардани услуб ва хусусиятҳои фардии роҳи эҷодӣ аз А.П.Чехов бисёр чизҳоро меомўзад. Ин хусусияти эҷодии ўро ҳанўз дар солҳои сиюм ҳам хонандагон ва ҳам ҳамқаламони нависанда бараъло мушоҳида карда буданд.
Дар ҳақиқат Ҳаким Карим ҳамчун ҷустуҷўкунандаи мавзўъ ва образҳои нави бадеӣ дар навиштани ҳикоя ва новеллаҳои реалистӣ таҷрибаи адабиёти халқи тоҷик, рус ва дигар халқҳоро муфассал омўхт ва бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки махсусан ҳамин ду мактаби калони адабӣ – насри классикии форс – тоҷик ва адабиёти рус барои муайян гардидани услуб ва ривоҷу равнақ ёфтани маҳорати эҷодии Ҳаким Карим сабаб шудаанд.
Ҳаким Карим вазифаи адабиро бузург ва мақоми ҷамъиятии онро хеле баланд медонист. Бинобар ин ў ҳам аз худ ва ҳам аз ҳамқаламонаш аз нуқтаи назари талаботи ҳаёт, талаботи ҷамъият, талаботи оммаи хонандагон ва моҳияти иҷтимоӣ, инқилобӣ ва тарбиявии адабиёти асарҳои баландғоя ва ба мабдаъҳои ҳувият ва халқият ҷавобдиҳанда эҷод карданро гаштаю баргашта талқин мекард.
Азбаски Ҳаким Карим бо чанд ҳикояи худ аллакай дар байни хонандагони тоҷик ва аҳли қалам чун новелланависи бомаҳорат маълум шуда буд, илова бар ин мутарҷими беҳтарини ҳамон вақта ба шумор мерафт.
Ҳаким Карим соли 1925 барои кор ба шаҳри Душанбе меояд ва ба вазифаи мудири шӯъбаи тарғибот ва ташвиқоти Комитети комсомоли шаҳри таъйин шуда, кор мекунад. Дар ҳамин вақтҳо дар маҷалаи «Бедории тоҷик» бо мақолаҳои худ фаъолона иштирок мекардааст.
Соли 1926 Ҳаким Карим аъзои Партияи Коммунистӣ гардид. Ин ҳодиса ба вай ғизои рӯҳӣ ва қувваи тоза бахшид, дар сохтмони ҳаёти нав, пойдор ва мустаҳкам намудани сотсиализм ва дар муборизаи зидди душманон ҷуръаташро зиёдтар намуд.
Ҳаким Карим соли 1927 котиби масъули Комитети Иҷроияи шаҳри Кулоб таъин шуда, баъдҳо ба сафи Армияи Сурх даъват шуд. Дар ин замон аз ҳаёти аскарон ба рӯзномаи «Овози тоҷик» хабару мақолаҳо навишта меистод. Дар ин солҳо Ҳаким Карим бо ҳаёти қаҳрамонҳои ояндаи худ шинос шуда буд, ки ин дар роҳи такомули маҳорати адабии нависанда як омили асосӣ шуда хизмат кардааст. Бояд гуфт, ки баъзе аз ҳикояҳои Ҳаким Карим аз қабили «Латиф Қутил» ва «Не, ту бадбахт набудӣ» аз моҷароҳое , ки дар айёми аскариаш рух дода буд, тасвир ёфтаанд. Ў дар роҳи муборизаи зидди босмачиён борҳо сафарбар шудааст, ки то охири пароканда шудани дастаҳои босмачиён дар Тоҷикитон дар сафи пеши муҳорибаҳо буд.
Соли 1929 Ҳаким Карим ба шаҳри Тошканд омада ва ба Институти хоҷагии қишлоқ дохил мешавад, вале аз сабаби беморӣ таҳсилро давом додан наметавонад. Дар ин замон Ҳаким Карим мақолаҳое менавишт, ки баъзе масъалаҳои муҳими адабиёт ва маданияти тоҷикро дар бар мегирифтанд. Дар байни чунин мақолаҳо махсусан «Адабиёти халқро ҷамъ кунем» (1930), «Бар зидди «Сари шаб» ва асрори он» (1931), «Долой халтура» (1931) ва монанди инҳо барин мақолаҳои танқидӣ – адабиётшиносӣ мақоми калонро ишғол мекунад. Мақолаи аввалро ҳангоми донишҷў буданаш менависад ва он аҳамияти калони илмӣ дошт, ки дар он масъалаи ҷамъ овардан ва омўхтани адабиёти советии тоҷикро ба миён гузоштааст. Дар мақолаи «Адабиёти халқро ҷамъ кунем», ки дар маҷаллаи «Овози тоҷик» нашр шуда буд, бо як ғамхориву дилсўзӣ дар бораи мероси адабиёти даҳанакии халқи тоҷик сухан меронад. Ҳаким Карим дар ин мақола моҳияти адабиётро дар соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва инчунин барои омўхтани забону услубҳои гуногуни адабӣ – бадеӣ хеле дуруст шарҳ додааст. Дар роҳи ҷамъоварӣ кардани намунаҳои мухталифи фолклори тоҷик низ Ҳаким Карим яке аз аввалинҳо шуда саҳми худро гузоштааст. Маҷмуаҳои «Зарбулмасал ва чистонҳои тоҷикӣ» (1931), «Афсонаҳои халқӣ» (1941) ва «Канаҳаки рўкандаю мўканда» (1941) аз ҳамон ҷумлаанд.
Ҳаким Карим чанд моҳ дар шаҳри Душанбе дар Шўрои Вазирони Тоҷикистон кор мекунад, сипас соли 1931-1932 дар нашриёти миллии халқҳои Иттиҳоди Шўравӣ дар Москва фаъолият менамояд. Дар ҳамин сол аз байни адибони тоҷик Ҳаким Карим аввалин шуда маҷмўаи «Зарбулмасал ва чистонҳои тоҷикӣ»-ро ба хати арабӣ дар шаҳри Ленинград чоп кардааст. Ин нахустин иқдоме буд дар роҳи ҷамъ ва нашри эҷодиёти даҳанакии халқ, ки ў аҳамияти онро дар мақолаи худ «Адабиёти халқро ҷамъ кунем» таъкид кардааст.
Дар аввалҳои соли сиюм, вакте Ҳаким Карим ба сифати ходими адабӣ, дар газетаи «Пролетари Хучанд» кор мекард, гоҳ – гоҳе очерку лавҳаҳои хурд – хурди бадеӣ менавишт, ки онҳо ба ҳаҷми хурд, содаю хушобурангии забон, серистеъмолии таъбирҳои халқӣ ва баъзе тарзҳои ҷумлабандии ғайриоддӣ характернок буданд. Забони чунин лавҳаю очеркҳо аз хусусияти эҷодии муаллиф шаҳодат медоданд: а) ҳусни таваҷҷўҳи зиёд ба забони ширини тоҷикӣ, зебоӣ ва таровати он дар калима ва ибораю ҷумлабандӣ; б) майли суханҷўӣ, пайвастани ибораҳои тоза, ҷумлаҳои саҳеҳу кўтоҳ. Аз ин рў, онҳо барои эҷодиёти ояндаи новелланавис чун машқҳои аввалини шогирдона хизмат намудаанд.
Эҷодиёти Ҳаким Карим аз нимаи дуюми солҳои 20-ум, аз иштироки ў ба маҷалаҳои ҷумҳуриявӣ ба сифати мухбир сар шуда бошад ҳам, вале ҳамчун нависанда аз ибтидои солҳои 30-юм шинохта шудааст. Чунончи адиби хушистеъдод Ҷалол Икромӣ қайд карда мегўяд: «Ҳаким Каримро аксарияти мо аввалин бор пас аз дар маҷаллаи «Пролетари Хуҷанд» чоп шудани мақолаи «Долой халтура» шинохта будем», ки ин мақола бар зидди миллатчиёне, ки дар соҳаи адабиёт халтурачигӣ мекарданд, равона шуда буд ва дар он вақт бо зарурат ва тунду тезии худ ғулғула андохта будааст. Ҳаким Карим дар ин мақола симои он адибону шоиронеро, ки бо шиорҳои “инқилобӣ” баромад карда, сохти адабиёти пролетарии навоваронаро баҳона карда, тамоми мероси адабии давраи тоинқилобиро инкор менамуданд, фош мекунад.
Соли 1932 Ҳаким Карим бо оилааш ба шаҳри Душанбе кӯчида омад ва то соли 1938 муқими ин ҷо буда, тамоми вақти худро бо эҷоди асарҳои бадеӣ, тарҷума ва таҳрир мегузаронд. Аз ҳамин давра сар карда ҳикояҳои Ҳаким Карим дар саҳифаҳои рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳурӣ пай дар пай мунташир мешаванд. Маҷмўаи нахустин, ки ҳикояҳои «Бегўш», «Тўҳфа», «Оқшуда», «Атака» ва «Марги Коволенко»-ро дар бар мегирад, бо унвони «Садои рўзҳо» соли 1933 нашр шуд.
Маҷмўаи дуюми Ҳаким Карим «Ҳикояҳои майда» соли 1935 аз чоп баромад, ки дар он, илова бар ҳикояи «Тўҳфа», асарҳои нави муаллиф «Латиф Қутил», «Ҳақиқати талх», «Худписанд», «Ҳикояи духтараки ҷингиламўй», «Хапак», «Не, ту бадбахт набудӣ» ҷой дода шудаанд. Ин ҳикояҳо ба мавзўъҳои гуногуни актуалии замони барқарорӣ ва таҳлили Ҳокимияти Шўравӣ дар Тоҷикистон бахшида шудаанд.
Дар ҳамин айём Ҳаким Карим «оид ба ҳодисаҳои Кўлоб» ба навиштани повести «Муҳосира» шурўъ кардааст. Таъсири услуби новелланависии муаллиф дар повест равшан эҳсос мегардад. Ҳангоми мутолиа ба назар чунин менамояд, ки ҳар як қисми он ҳикояи хурдест, ки як эпизод, як воқеа, як порчаи саргузаштро дар бар мегирад. Ин яке аз аломатҳои характерноки жанри новелла аст. Агар дар тасвири манзара ва эпизодҳои ҷудогона каме тафсил ёфтани сухани муаллифро ба назар нагирем, дар истеъмоли калимаю ифодаҳо, тарзи иборасозию ҷумлабандӣ ва воситаҳои тасвири бадеӣ забони порчаҳои повест аз дигар ҳикояҳои нависанда фарқияте надорад.
Маҷмўаи сеюми асарҳои Ҳаким Карим таҳти унвони «Оқшуда» ва ҳикояҳои дигар соли 1936 интишор гардидааст. Маҷмўаи нав аз ташаккули услуби ҳикоянависӣ ва то рафт пухтаю мустаҳкам гардидани он, аз инкишофи маҳорати адабии Ҳаким Карим шаҳодат медиҳад, ки нависандаро ҳамчун ҳикоянависи боистеъдод ва писандидаи халқ машҳўр гардонда буданд. Ҳаким Карим беш аз панҷоҳ адад ҳикояи кўтоҳ эҷод кардааст, ки онҳо арзиши бисёр доранд, зеро нависанда таваҷҷуҳи умдаи худро ба шахсияти қаҳрамонҳои достонҳояш равона намудааст.
Солҳои 1932-36 солҳои пурмаҳсули эҷодиёти нависанда буданд. Дар ин муддат се маҷмӯаи ҳикояҳояш интишор ёфт. Як миқдор очерку новелла ва дигар асарҳои муаллиф дар алманахҳо, рӯзномаю маҷаллаҳо чоп шуда баромаданд.
Аз қадамҳои аввалини фаъолияти адабии Ҳаким Карим ҳикояҳои пурмазмуну шоиронаи вай диққати аҳли қалам ва мунаққидонро бо худ ҷалб намуд. Пас аз нашр шудани ҳикояи «Худписанд» соли 1934 А.Н.Болдирев дар бораи он тақризи мухтасаре навишта услуби кӯтоҳбаёнкунии муаллифро ба анъанаҳои адабиёти классикӣ ва фолклори тоҷик алоқаманд мекунад.
Бояд гуфт, аз айёме Ҷалол Икромӣ ва Раҳим Ҷалил ба навиштани романҳояшон машғул будаанд, Ҳаким Карим ҳам дар романнависӣ қувваозмоӣ мекардааст. Дар мактубе ба Ҷалол Икромӣ ў ба машғулияти адабии худ сухан ронда, дар омади гап “каму беш дар бораи роман кор карда истодаам” . Баъди як сол дар бораи ин роман муфассалтар сухан гуфтааст: “Илова бар ҳамаи ин, плани як романи калон тахт шуда, рўз ба рўз дар майна пухта, ҳазм шуда истодааст. Ҳамин ки ин корҳои майда – чуйдаро тамом кардам, бар болои роман нишастаниам”. Мутаасифона, на аз мундариҷаи романҳои саркардаи Ҳаким Карим огоҳем, на аз тақдири минбаъдаи дастнависҳои ў иттилоъ дорем. Зоҳиран ў корро ба охир расонда натавонистааст.
Фаъолияти эҷодии Ҳаким Карим дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ вусъат ёфта буд. Соли 1940 баъзе новеллаҳояшро дубора аз қалами таҳрир гузаронида, такмил дода буд. Дар ин замон дар болои як роман, ки то ба ҳол ба дасти мо омада нарасидааст, кор мекардааст. Ҳамчунин дар болои “Ҳикояҳои сарбозӣ” ном повест ҳам менавиштааст, ки моҳи июни соли 1941 ба поён расониданашро дар назар дошт. Вале бо сабаби аҳдшиканона ба сарзамини шўравӣ ҳуҷум кардани истилогарони фашизм, нависанда натавонист корашро ба анҷом расонад. Аз ин рў, як қатор асарҳои ў нотамом монда, ба таври ихтиёрӣ дар қатори дигар афсарони фарзонаи тоҷик ба сафи Армияи амалкунанда пайваст ва соли 1942 дар задухурди бузурги Старая Русса фидокорона ҳалок гардидааст.
Аз сайри мухтасари таҳлили тадқиқотҳои адабиётшиносии тоҷик ва оид ба эҷодиёти Ҳаким Карим маълум мегардад, ки бо вуҷуди хеле ҷавон канда шудани риштаи умри нависанда дар адабиёти шӯравии тоҷик мавқеи сазовори худро ишғол намудааст.
Ҳаким Карим на танҳо нависанда, тарҷимон, хабарнигор, балки ҷанговари матин, муборизи шуълавари ҳаёти сотсиалистӣ буд. Ҷонбозию қаҳрамониҳо ва асарҳои пурмазмуни ў номи Ҳаким Каримро зиндаю ҷовид гардонидааст.
Дар ҳақиқат, нависандае, ки хонандаро ба ҳисси баланди ватандориву ватандўстӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ҳидоят менамояд, дар ҳамаи давру замонҳо аз тарафи халқу мамлакати азизаш чун накўтарин инсон қадрдонӣ мешавад. Бе муболиға Ҳаким Карим ҳам дар дилу дидаи мардуми фарҳангдўсти тоҷик бо офаридаҳояш абадӣ ошиён гузоштааст.
Дар бораи Ҳаким Карим боз аз ин ҷо метавонед бихонед:
Ёде аз Ҳаким Карим-шаҳиди майдони ҷанг
Сардори шуъбаи дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир
Раҷабалӣ Додихудоев