Субҳи имрӯз аз шаҳри Сиетли ИМА хабари даргузашти устод Бозор Собир, Шоири халқии Тоҷикистон расид. Шоир муддати як моҳ дар бемористони ин шаҳр бистарӣ буд.
Шоире, ки саропо дар ишқи Ватан месӯхт, шоире, ки ҳар мисраъ шеъраш бӯйи сабзаву райҳони Ватан мекард, шоире, ки солҳо дар муҳоҷират зист, вале лаҳзае бе ёди Тоҷикистон набуд, имрӯз тарки олам кард. Дар Душанбе ин лаҳзаҳо борон
Аз ҷумлаи пурмаҳсултарин олимони соҳа аст. Бонуе, ки умраш сарфи муҳимтарин пажӯҳишҳо дар риштаи илми тиб шудааст. Ҳасанова Кибриё - доктори илми тиб. Соли 1928 дар шаҳри Хучанд ба дунё омадааст. Ў аълочии тандурусти ва аълочии маорифи Тоҷикистон мебошад.
Соли 1951 Донишкадаи давлатии тиббии Тошкентро хатм намуда, солҳои 1956 – 1958 ассистенти кафедраи госпиталӣ Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон шуда кор кардааст.
Соли 1962 мудири кафедраи терапияи факулта ва солҳои 1983- 1996 мудири кафедраи Донишкадаи давлатии тиббии
Имрӯз, 1-уми майи соли 2018 Ашӯр Сафар-шоири маъруф, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Абуабджуллоҳи Рӯдакӣ,Шоири халқии Тоҷикистон 90-сола шуд. Пайвандон, ҳаводорони шеъраш ин санаи муҳимро бе ӯ ҷашн мегиранд. Шоири дардошно олами моро тарк кардааст, аммо ашъори нобаш умри ӯро ҷовидон гардонида.
Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ашӯр Сафар 1-уми майи соли 1928 дар деҳаи Роботингаки ноҳияи Ҳамадонӣ чашм ба олам кушодааст. Соли 1958 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Кӯлобро ба охир расонда, дар вазифаҳои нозири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб,
Имрӯз 1 майи соли 2018 соати 5-у 10 дақиқаи вақти Душанбе шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, ки як моҳи охир табобат мегирифт, аз олам даргузашт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони шоири