Бозор Собир - шоири дарошнои миллат даргузашт
Субҳи имрӯз аз шаҳри Сиетли ИМА хабари даргузашти устод Бозор Собир, Шоири халқии Тоҷикистон расид. Шоир муддати як моҳ дар бемористони ин шаҳр бистарӣ буд.
Шоире, ки саропо дар ишқи Ватан месӯхт, шоире, ки ҳар мисраъ шеъраш бӯйи сабзаву райҳони Ватан мекард, шоире, ки солҳо дар муҳоҷират зист, вале лаҳзае бе ёди Тоҷикистон набуд, имрӯз тарки олам кард. Дар Душанбе ин лаҳзаҳо борон меборад, дар Душанбе аз субҳ борон меборад ва ин мотами осмонҳост ба марги шоири миллат.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон адиби хушномро ин гуна муаррифӣ мекунад:
БОЗОР СОБИР 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба ҷаҳон омадааст. Бино бар бемаҳал аз падар маҳрум мондан дар мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор тарбият ёфтааст. Баъди як соли ба сифати китобдор кор кардан, соли 1957, вориди факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1962 хатмаш намудааст. Муддате тарҷумони мутахассисони шӯравӣ дар Афғонистон, сипас мудири шуъбаҳои назми рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва маҷаллаи «Садои Шарқ», солиёне мушовири назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Соли 1990 депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Соли 1995, бар асари воқеаҳои маълум, ба ИМА ҳиҷрат намуда, моҳи майи соли 2013, бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ватан баргашт. Дар ғурбат низ ҳамеша бо ёди халқу Ватан зистааст ва ашъори муассиру фарогираш дар ваҳдату эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва худогоҳии бештари миллат саҳми назаррас дорад. Иддае аз сурудаҳояш ба таронаҳои мардумӣ табдил ёфта, дар маъракаҳои гуногуни фарҳангӣ садо медиҳанд ва дар таҳкиму тақвияти сарҷамъию муттаҳидӣ ва ташаккули ғурури миллию ифтихори ватандории ҳамагонӣ, бахусус, ҷавонон, ҳиссаи сазовор мегузоранд.
Фаъолияти эҷодияш аввали солҳои шастуми асри гузашта сар шуда, дар давоми солҳои ҳафтодум ба сифати гӯяндаи ашъори баландмазмуни ватандӯстона ва лирики нозукандеша шуҳрати тамом пайдо кардааст.
Маҷмӯаи нахустини ашъораш «Пайванд» соли 1972 – дар замоне ба табъ расид, ки шоир ҳам дар ҳаёту ҳам дар адабиёт ба камол расида буд. Он солҳо сарфи ҷустуҷӯю омӯзиш ва дарку эҳсоси амиқи рисолати шеъру шоирӣ ва заминаи ашъоре гардиданд, ки зуд ба дилҳо нишаставу сари забонҳо шудаанд. Аз ҷумла, «Тоҷикистон», «Забони модарӣ», «Бухоро», «Аҳмади Дониш», «Айнӣ», «Шоиру шеъре агар ҳаст…», «Девори Бухоро», «Теғи Сино» ва хеле аз шеърҳои дигараш бо нигоҳи тозаву амиқ, эҳсоси баланди шоирӣ ва меҳри ватандорию ҷасорати шаҳрвандӣ эҷод шуда, сафҳаҳои пурифтихору фоҷиавии таърихи миллатро бозгӯ кардаанд.
Офаридаҳояш дар маҷмӯаҳои «Оташбарг» (1974), «Гули хор» (1978), «Каменная кладка» (Маскав, 1979), «Мижгони шаб» (1981), «Офтобниҳол» (1982), «Оташбарг» (ба ҳуруфи форсӣ; 1984), «Бо чамидан, бо чашидан…» (1987), «Листья огня» («Оташбарг»; 1990), «Чашми сафедор» (1992), «Гулчини ашъори устод Бозор Собир» (ба ҳуруфи форсӣ; Теҳрон, 1993), «Симхор» (Маскав, 1995), «Аз «Гули хор» то «Симхор» (Маскав, 1997), «Хонавода пароканда шуд» (чаҳор мақола; Маскав, 2000), «Чорчашм» (2001), «Шоиру шеъре агар ҳаст…» (2006), «Хуни қалам» (2010), «Бист шеърак барои Ардашерак» (2010), «Лолаи сиёҳ» (2013), «Хӯша-хӯша аз ҳар гӯша барои Анӯша» (2013), «Боғи момаи ангур» (2015) ва ғ. ба табъ расидаанд.
Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1988).
Иддае аз ашъораш ба забонҳои халқҳои шӯравӣ, инглисию олмонӣ, фаронсавию испонӣ ва чехию лаҳистонӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Ашъори чанде аз шоирони маъруфи дунё, аз ҷумла, Байрон, А. Рембо, Г. Апполинер, А. Фет, П. Неруда, Э. Межелайтис ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаи ашъори Сергей Есенин, ки дар маҷмӯаи «Гулафшон» (ҳамроҳи Лоиқ Шералӣ; 1977) ба чоп расид, сазовори таъкиду таъриф аст.
Очеркҳои портретияш дар бораи Нодири Нодирпур, Мӯъмин Қаноат, Ғаффор Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Убайд Раҷаб, Мастон Шералӣ, навиштаҳояш дар бораи рухдодҳои гуногуни ҳаёту адабиёт, силсилаи мақолаҳояш оид ба давраи ғурбат ва хотираҳояш дар бораи кӯдакию пайвандонаш басо воқеию шоирона буда, манзараву симоҳоро дар пеши назарҳо равшану гӯё ҷилвагар месозанд.
Дар тарбияи як идда шоирони ҷавони хушқареҳа саҳми шоистае гузошта, натанҳо ба шогирдон маслиҳату машварат додаву ба роҳи дурусти эҷод раҳнамунашон аст, балки бо навиштаҳои дилсӯзона махсусияти ҳар кадомашонро таъкид ва дар таҳқиқи батадриҷашон ҳиссагузорӣ намудааст.
Барои хидматҳояш дар ривоҷу равнақи адабиёт ва рушди ҳаёти ҷомеа соли 2013 бо ордени «Ситораи Президент» мушарраф гардонида шудааст.
Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Бозор Собир ва дар бораи ӯ ин матлоибро метавонед пайдо ва мутолиа намоед:
Гули хор: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1978. – 128 с.
Чашми сафедор. – Душанбе, 1991. – 120 с.
Хонавода пароканда шуд: Чаҳор мақола. – Москва: Трансдорнаука, 2000. – 128 с.
Аз гули хор то симхор. – Москва, 2003. – 256 с.
Шоиру шеъре агар ҳаст…. – Душанбе: Адиб, 2006. – 328 с.
Хуни қалам. – Душанбе, 2010. – 132 с.
Лолаи сиёҳ. – Душанбе: Адиб, 2013. – 88 с.
Ҳамхуни лолаҳо: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 20 март.
Асп: Шеър // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1990. – 1 январ.
Алҳазар аз ҷанги навин: Шеър // Паёми Душанбе. – 1991. – 2 феврал.
Борон: Шеър // Байрақи дўстӣ. – 1991. – 21 март.
Забони модарӣ: Шеър // Набзи Файзобод. – 1992. – 18 июл.
Тоҷикистон: Шеър // Мероси ниёгон. – 1992. – № 1 . – С. 51.
Муҷассамаи Айнӣ: Шеър // Садои мардум. – 2000. – 14 апрел.
Аз нўги қалам чакид ҳар чикаи шеър…; Гулҷўш; зираи Саѓирдаштам: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 20 ноябр.
Ҳама шоир, ҳама мутриб; Як бача буд; Лолазори Файзобод; Рубоиёт; Чеҳрасозӣ: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 19 ноябр.
Дубора созамат ватан: Шеър // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2009. – 24 декабр.
Сафаре ба дилҳо: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 13 октябр.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Бозор Собир // Боҷу хтроҷ. – 2013. – 5 июн.
Ало, шаҳри ҷавонӣ, шаҳри ҷонӣ: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 6 июн.
Қаҳрамони Ваҳдат: Шеър // Ҷумҳурият. – 2013. – 6 июн.
Зиёрати қишлоқ; Дарвозаи Бухоро: Шехрҳо // Садои Шарқ. – 2014. – №9. – С. 6-10.
Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд: Шеър // Тоҷикистон. – 2015. – 10 сентябр.
Баҳор омад: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 17 март.
Эй ҷавонӣ, эй ҷавонӣ: Шеър // Истиқбол. – 2017. – № 7-9.
Роѓун: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 8 март.
Дар устод Бозор Собир
Мусулмониён, Р. Интизор: Шеър барои устод Бозор Собир // Омўзгор. – 2010. – 27 август.
Насрулло, К. Адибону донишмандон: Дар бораи Бозор Собир ва шеъри ў // Тоҷикистон. – 2013. – 21 ноябр.
Назар, Ҳ. Меҳрномаи Бозор Собир: Шеър // Ҷумҳурият. – 2013. – 21 ноябр.
Усмон, Г. Дар бозгашти шоири маҳбуб Бозор Собир: Шеър // Садои Шарқ. – 2014. – №6. – С. 122-123.
Шафеъ, Б. Ману мову Бозор…: Дар бораи Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир // Нигоҳ. – 2015. – 27 май.
Аҳмад, Р. Шеъре ҳамсанги як китобхона: Дар бораи шоири шинохта Бозор Собир // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 21 сентябр.
Қаҳҳорӣ, А. «Шоири халқам бимирам»: Дар бораи Шоири халқии Тоҷикистон, устоди ширинсухан Бозор Собир // Набзи Файзобод. – 2017. – 22 декабр.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова, Ҳусния Назарова
Кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ.