Масъуд шукуҳи фарри ориёӣ
Дар нахустин рӯзҳое, ки тирамоҳи зарин бӯи хазон ва бӯи висол меовард, ҷоми шаҳодат ба сар кашид. Ман намедонам дар лабҳои ҳазинаш чӣ калимоте чархиданд. Вале қалби поки аз меҳри Ватани хунинкафанаш умре гулгун ин бор оғӯшта ба хун буд. Вай садҳо, балки ҳазорҳо шаҳиди роҳи озодиро бо ҷомаҳои хунолудашон ба хок супурда буд. Ва ҳазорҳо маротиба сари хоки шаҳидон сухан аз қасос ронда буд ва ҳоло худи ӯ бо ҳамон пироҳани шаҳодат ба дили хок рафт.
Шоҳидони нақл мекунанд, ки чанде пештар аз шаҳодаташ писараш Аҳмадро озмун кард. Аз ӯ хост то ба теппаи рӯбарӯ бо як дав биравад ва бозпас баргардад. Чун Аҳмад рафту бозгашт назди падар, Масъуд сарашро сила кард ва гуфт: Бачем, ҳар вақт шаҳид шудам, болои ҳамин теппа маро дафн кун ва ҳар вақт маро ёд кардӣ, ба як нафас назди ман биё.
Оре, бузургон ояндабинанд, шаҳодатталабони асил хеле бармаҳал аз марги худ огоҳӣ меёбанд. Ман инро борҳо хонда будам, вале дар қазияи марги Масъуди шаҳид бори дигар яқин ҳосил кардам, ки бузургмардони таърих аз хислатҳое бархӯрдоранд, ки дигарон бӯе аз онҳо набурдаанд.
Ӯ дар аввали фасли хазон ба дунё омад ва дар ҳамин оғози фасли хазон басо ошиқонаву муштоқона ба висоли Ёр шитофт. Рафт ва аз худ ёдгори басо бошукӯҳе ба ҷо гузошт. Ёдгори ӯ дарси матонату шуҷоат ва садоқату муҳаббат аст. Ва ин ҳама дар мактабе монд, ки ояндагон бо номи мактаби ҷиҳоди Аҳмадшоҳи Масъуд-бузургтарин ва воломақомтарин чирики ҳамешапирӯз дар охири асри ХХ ёд хоҳанд кард.
Матонату шуҷоат, ҷавонмардиву майдондорӣ, виқори воло дар пеши адӯ ва хислатҳои ҳаммонанди инро на танҳо талқин намуд, балки ҳазорҳо танро роҳи рост омӯхт ва ба ин равиш ҳидоят намуд.
Масъуд муҷоҳиди ростини роҳи Ҳақ буд ва тору пудаш аз ҳамин ришта сириштта буданд. Мисли ӯ майдондори асил ва меҳанпарасти мутмаъин ба ирода кам андар кам дар таърихи башар пайдо мешавад. Дар замоне, ки ҳамаи нерӯҳои ҷиҳодии Афғонистон саҳнаи муборизаро тиҳӣ карда, рӯ ба Покистону Эрон ва дигар мамолик оварда буданд, ин Шоҳ Масъуд буд, ки оташи муқовимат алайҳи ишғолгарони Шӯравиро фурӯзон нигоҳ дошт, дараи Панҷшер-зодгоҳи худ ва пешгузаштагонашро ба як сарзамини ҷасорату мардонагӣ табдил дод. Артиши сар то по мусаллаҳи Шӯравӣ кули қаламрави Афғонистонро тасхир кард, аммо тӯли 10 соли ҳузураш дар ин кишвар ҳарчанд 11 маротиба ҳамлаи сангинро роҳандозӣ кард, натавонист вориди дараи Панҷшер шавад ва нерӯи муқовиматро бишканад. Ҳар ҳамлаи шӯравиҳо ба ин дара ба шикасти сангин мувоҷеҳ мешуд ва худи генералҳои Шӯравӣ баъди хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон дар ёддоштҳои хеш аз Шоҳ Масъуд чун як сипаҳсолоре ёд кардаанд, ки назирашро таърихи садаи охири башар ёд надорад. Ин сатрҳо марбут ба генерал Маҳмуд Гареев мебошанд: «Дар матбуоти Ғарб Аҳмадшоҳро ба ҳайси як пешвои низомӣ, муҷоҳиди ғолиб ва ғайраву ҳоказо қаламдод карданд. Аз ин ҳам таърифу тавсифҳои болотар низ буданд. Вале ба хотири адолат бояд бигӯям, ки Аҳмадшоҳи Масъуд аз аввал яке аз роҳбарони донишманду худододи ҷиноҳи мухолифин ба ҳисоб мерафт. Ӯ дорои ақли фавқулодда закӣ ва хислатҳои хуби ташкилотчигӣ мебошад. Хадамоти махсуси Шӯравӣ ҳамеша дар паи шикори ӯ буданд, борҳо ба ҷони ӯ сӯиқасдҳо ва террорҳо ташкил карданд, вале ҳар бор ба нокомӣ муввоҷеҳ мешуданд ва обрӯи Аҳмадшоҳ аз ин баландтар мешуд».
Худи Масъуд на як бору ду бор инро эътироф кардааст, ки як фармондеҳ ва ҷанговари басо эҳтиёткор аст. Сирри дастнорасии худро дар он медид, ки «Тӯли солҳои зиёд ҳеҷ вақте ду шаб паи ҳам зери як сақф нахобидаам».
Матонату ҷавонмардии Аҳмадшоҳи Масъуд беинтиҳост ва агар дар бораи онҳо сухан ронем, бояд садҳо саҳифаро рангин кунем. Мегӯянд дар асорати ӯ ҳатто генералҳои шӯравӣ буданд, афсарони олирутба ва сарбозони қаторӣ. Аммо ёд надорад, ки тӯли 10 соли ҷиҳод ягон асирро на ин ки кушта бошад, балки бадрафторӣ ва беэҳтиромие аз ҷониби сарбозонаш шуда бошад. Масъуд тибқи қонунҳои шариат амал мекард ва шариат азияти асир ва ё қатли онро манъ мекунад.
Ӯ Афғонистонро якпорча мехост бубинад
Масъуд устураи иттиҳоду ҳамбастагии қавмҳо ва миллатҳо дар кишвари ҷангзадаи Афӯонистон буд. Вай ҳамеша мегуфт, ки агар қасди Афғонистон пора-пора медошт, кайҳо ба мақсад мерасид. Душманони хориҷӣ, ки ҳар кадом аз даричаи манофеи геополитики худ ба мушкилоти Афғонистон менигаранд, ба хотири раҳоӣ аз дарди саре, ки Масъуд барояшон эҷод мекард, борҳо пешниҳоди ба минтақаҳо ҷудо кардани Афғонистонро дар миён гузоштаанд. Вале Масъуд ба ҳеҷ ваҷҳ намехост ин кишвари мардони озода, ин диёри фарҳангу тамаддун ба хотири манфиатҳои аҷнабиён пора-пораву аз ҳам гусаста шавад. Вай мегуфт: «Гарчӣ ҷанги бистсола ин миллатро ба як навъ мушкил дучор сохтааст, вале дар ин ҳама мусибатҳо ва заҷрҳо ва машаққатҳои бешумор ин ҷангҳо ҳеҷ гоҳ натавонситаанд рӯҳ ва асли муқовимати миллатро аз тору пудаш ҷудо созанд. Ва ман ошиқ ва гаравидаи ҳамин хислати бемисоли миллат ва мардуми худ ҳастам».
Султаи ҳеҷ давлатеро қабул надошт
Таҳлилгари шинохтаи эронӣ, доктор Чингизи Паҳлавон менависад: «То ҷое ман шахсан аз Аҳмадшоҳи Масъуд шинохт дорам, мехост ҷараёни ҷунбиши Афғонистон мустаъқил бошад ва таҳти роҳбарии сиёсии кишварҳои минтақа қарор нагирад. Ҳамин муҷиб мешавад, ки гоҳе бо Ирон масъала пайдо мекард, гоҳ бо Покистон ва гоҳ бо кишварҳои дигар. Чун ӯ медонист, ки ин сиёсат гузаро аст ва дахолати иддае аз кормандон дар ин кившар ба ҷунбиши Афғонистон осеб мезанад. Ба ин хотир ӯ хеле парҳез мекард, ба сафари берун ҳам намерафт ва дар муддати солҳои мубориза «гуноҳони» қалбакиеро ба ӯ бор мекарданд: як бор хислати қавмии ӯро барҷаста месохтанд, барои он ки битавонанд ақвоми дигарро аз ӯ ҷудо кунанд; як бор ӯро хориҷ аз Ислом ҷилва медоданд… ва ғайра»
Бо хислате, ки ӯ дошт бисёр мушкил буд давлате ё нерӯе ба ӯ канор ояд. Зеро Шоҳ Масъуд шахсияти вораста аз ҳама гуна дардҳои маҳалливу миллӣ буд. Вай мехост Афғонистонро озод бубинад, мегуфт зери парчами ҳеҷ давлате наметавон истиқлолияти ин кишварро таъмин намуд. Таслими зӯр нахоҳад шуд. Дар сӯҳбат бо нашрияи «Алҳаёт» гуфт: «Ҳатто агар ман дар арсаи мубориза танҳо бошам, даст аз пайкор нахоҳам шуст ва таслими зӯр ва қудрат нахоҳам шуд. Агар қарор буд таслими зӯр шавам, таслими шӯравиҳо мешудам».
Ва дар ҷои дигар мегӯяд: Ман муздури ҳеҷ кас нестам ва аз тарафи ҳеҷ кас мубориза намекунам ва бидуни муроҷиа ба аҳаде тасмим намегирам. Аз он гузашта ин мардуми мо буданд ва ҳастанд, ки тасмими сулҳ мегиранд ё ҷангро мепазиранд. Агар қарор бошад ҳампаймони як кишвари хириҷӣ шавам, дар дараҷаи нахуст интихоб ва адами он вазифаи аслии Маҷлиси Милли Афғонистон хоҳад буд. Ба озодии ақида ва баён дар кишварам имон дорам».
Ва боз ҳарфҳои дигар.
Лаҳзаҳои шаҳодат
Ҷараёни шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд низ басо тааҷҷуббарангез аст. Ду рӯзноманигори арабтабор муддати бештар аз як ҳафта бозгашти Масъуд аз сафарро интизорӣ мекашанд ва тӯли ин муддат касе аз нафарони амниятии ӯ пай намебарад, ки ҳадафи онҳо чист. Шояд аз он ки назди ӯ наворбардорони зиёде меомаданду мерафтанд ва омадани ин ду арабро низ ҳодисаи маъмулӣ донистанд.
Дар аввалин дақиқаҳои мусоҳиба яке аз муҳофизон шояд чизеро пай бурд, ки ба дафтари кори ӯ даромад ва бо садои баланд фарёд зад, ки ин ду тан душманонанд, аз онҳо эҳтиёт бошад. Ва танҳо баъди ҳамин наворбардор бо саросемагӣ тигмаеро пахш мекунад ва садои таркиши мудҳиш атрофро фаро мегирад. Баъдан маълум мегардад, ки акумлятори эҳтиётии камераи наворбардорӣ ҳудудан 400 грам моддаи тарканда доштааст. Саҳнаи мудҳишро замоне мебинанд, ки ба хона ворид мешаванд. Дар даҳлез ҷасади наворбардор, дар роҳаткурсии даруни утоқ муҳофизи аввали генерал бо тани хуншор аз шишапора, муҳофизи дуввум болои фарш оғӯштаи хун. Масъуд дар курсии худ беёд нишастааст, лабонаш меҷунбанд, аммо касе наметавонад садои ӯро бишнавад. Ӯро ба деҳаи Хоҷа Баҳоваддин меоранд ва тибқи иттилои хабаргузориҳо аз он ҷо бо чархбол ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд. Вале ин иттилоъро касе дақиқан тайид накардааст. Мегӯянд Шери Панҷшер ҳанӯз дар дохили чархбол ҷон додаст.
Шаҳодати тасодуфӣ ё тарҳрезишуда?
Пас ин ҷо метавон суоле пеш гузошт, ки шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд дар як замоне, ки амнияти ӯ бештар аз дигар замонҳо таъмин буд аз чӣ метавонад иборат бошад? Барои посух ба ин савол таърихи як ду сол қабл аз шаҳодаташро бояд варақ зад. Дар Афғонистон Толибон ҳукм меронданд ва танҳо дар чанд минтақаи кӯҳистонии Панҷшер ва навоҳии ба он наздик ин ҷунбиш нуфуз карда наметавонист. Панҷшер чун дар замони Шӯравӣ барои Толибон низ дастнорас монд. Зеро баъди фатҳи Кобул онҳо нерӯҳои худро гирд оварданд ва як ҳамлаи шадидеро ба ин минтақа ба роҳ монданд. Вале ба сангинтарин шикаст мувоҷеҳ гардиданд ва пас гаштанд. Муқовимати Масъуд бар зидди Толибон ва дар атрофи ӯ гирд омадани дигар нерӯҳои муборизе, ки қаблан дар эътилофи Шимол буданд, Толибонро беш аз ҳар чизи дигар нороҳат мекард. Ва на танҳо Толибон, балки нерӯҳоеро ҳам, ки пуштибони онҳо буданд.
Аз сӯи дигар дар Вашингтон нақшаи ҳамла ба Афғонистон ҷиддан тарҳрезӣ мешуд. Ва ин нақша рабте ба 11 сентябр надошт. Фоҷеаи биноҳои осмонхарош танҳо баҳонаи сохтае буд ба ин ҳамла. Аммо мебоист дар ин кишвар қабл аз ҳамла муттаҳиде меёфтанд, ки аз онҳо пуштибонӣ кунад. Нерӯи аслии муқовимат Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Танҳо агар бо ӯ канор оянд, метавонистанд дар як муддати кӯтоҳ Толибонро суқут диҳанд ва дар Афғонистон як низоми дастнишондаро рӯи кор оваранд. Шахсияте чун Аҳмадшоҳи Масъуд наметавонист он нерӯи дастнишонда бошад. Ҳатто ба хотири фаҳмидани афкораш ӯро ба Амрикову Аврупо низ даъват карданд. Вале ба хулосае омаданд, ки аз Масъуд ҳатто наметавонанд ба хотири суқут додани давлати Толибон истифода кунанд.
Таҳлилгари рус Алексей Богловский менависад: «Танҳо қатли Масъуд ба ИМА роҳи Афғонистонро боз намуд ва мувофиқ омадани ду сана, яъне 9-сентябр шаҳодати Масъуд ва 11 сентябр фоҷеи Ню-Йоркро тасодуфӣ номидан мушкил аст. Амрико намехост бе ёрии нерӯҳои дохилӣ Афғонистонро забт кунад, зеро ин муҷиби талафоти сангине мешуд. Ва тахмини дигаре низ ҳаст, ки террористон-журналистонро ҳанӯз се рӯз пеш хабардор карда буданд, ки маҳз кай бояд ин амалро созмон диҳанд».
Тибқи маълумоти мӯътамади дигар ҳанӯз 7 сентябр тайёраи бидуни сарнишини амрикоӣ дараи Панҷшерро аз назар гузаронда буд. Ин кор дар ҳоле сурат гирифт, ки ИМА дур аз марзҳои ин кишвар қарор дошт. Пас сареҳан метавон гуфт, ки террори шери Панҷшер як ҳодисаи тасодуфӣ набудааст, балки журналистон-террористон афроди корозмуда ва омода ба фармон будаанд. Ин афрод бидуни шак аз ҷое идора мешаванд, ки нуфузаш аз як созмон ё ҳизб болотар аст.
Бобоҷон ШАФЕЪ
Дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд илова ба он чизе, ки ҳоло хондед, дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро низ метавонед пайдо ва мутолиа намоед:
Дар борааш
Собир, Ҷ. Қаҳрамонсозӣ аз чеҳраҳои ҳаракати босмачигарӣ ба хотири чист?: Ва ё барои чӣ Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода аз зиндаёд Аҳмадшоҳи Масъуд ва устод Бурҳониддини Раббонӣ интиқод кард // Ҷумҳурият. – 2011. – 30 апрел.
Аҳмад, В. М. Карзай подшоҳ будан мехоҳад: Суҳбати рўзноманигор Т. Сайидзода бо сиёсатмадорони шинохтаи Афғонистон Аҳмад Валӣ Масъуд, бародари Аҳмадшоҳи Масъуд // Миллат. – 2011. – 6 июл.
Рўзиев, Д. Аҳмад Валии Масъуд: Имрўз Аҳмадшоҳ дар бари мо нест вале ормонҳояш бо мост: Бародари Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон // Ҷумҳурият. – 2011. – 12 июл.
Ортиқи, Қ. Масъуд – шери майдонӣ шараф: Дар бараи фарзанди шарафманди миллати тоҷик Аҳмадшоҳи Масъуд // Марзбон. – 2014. – №2. – С. 29-32.
Регистонӣ, С. Масъуд ва озодӣ: Порае аз китоби Солеҳмуҳаммади Регистонӣ / Таҳияи Д. Дўст, Ф. Карим // Тоҷикистон. – 2015. – 3 сентябр.
Зарафшонфар, С. Ливои ифтихори тоҷикон: Навҳа дар марги Аҳмадшоҳи Масъуд // Миллат. – 2013. – 4 сентябр.
“Ҳарчи суроғи падарро гирифтам”- гуфтанд дар Кўлоб аст, инҷо нест: Аҳмад Масъуд сукути дувоздаҳсоларо шикаст // Миллат. – 2013. – 11 сентябр.
Ҷумахон, А. Аҳмадшоҳи Масъуд ки буд?: Сипоҳсолори зирак ва қурбонии дасисаҳои геополитикӣ // Миллат. – 2015. – 9 сентябр.
Осмони Панҷшер пурабр буд: Хотироти писари Аҳмадшоҳи Масъуд / Оҷонсии “Форс”// Тоҷикистон. – 2015. – 10 сентябр.
Иззатманд, С. Барои Аҳмадшоҳи Масъуд: Шеър бахшида ба 15- умин соли шаҳодати сипаҳсолор // Миллат. – 2016. – 22 сентябр.
Писари Аҳмадшоҳи Масъуд: Тоҷикистон барои ман хонаи дуюм шуд // Дунё. – 2016. – 27 сентябр.
Таҳияи Зафар Ғолибов
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ