80 соли Гулрафтор Шаҳобова
Нашр шуд 2019-11-19 13:48
Ин моҳ яке аз пуровозатарин сарояндагони солҳои 60-70 асри гузашта Гулрафтор Шаҳобова ҳаштодсола шуд. Мавсуф 15 ноябри соли 1939 дар ноҳияи Ваҳдат ба дунё омадааст. Фаъолияти кориашро чун коргари Комбинати бофандагии пойтахт оғоз намуда, баъдан дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Кўлоб ба ҳайси сароянда ҳунар озмудааст.
Беш аз даҳ сол сарояндаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Аз беҳтарин дуторнавозону овозхонони давронаш маҳсуб меёфт. Гўиё оташи афсун дар садояш ҷилва мекард ва доғу дардро малҳамбандӣ менамуд, дил ва равзани роз сўяш боз меистод.
Монанди гули худруста решаашро бароварда, суруду таронаҳои зиёде аз қабили «Қади раъно», «Духтари деҳқон», «Тоҷикистон», «Рубоиёти халқӣ», «Сол», «Ба меҳнат», «Дўстӣ», «Моҳи ман», «Хабар меояд», «Рўҳи ҷонон», «Ватанам» ба хидмат овард, нолаҳои дутор ҷаҳонгашта намудандаш, ба тамоми ҷамоҳири шўравӣ, Афғонистону Туркияю Сейлону Австрия ва дигар давлатҳо ҳамроҳи санъаткорони тоҷик сафарҳо намуд.