Бойгонии маълумоти хатии шуъбаи библиографияи миллӣ аз соли 1947 фаъол аст

 Шуъбаи библиографияи миллӣ фаъолияти худро соли 1971  оғоз намуда, корҳои зиёдеро дар самти кишваршиносӣ ва библиографияи миллӣ  анҷом медиҳад. Феҳристнигории анъанавӣ ва электронии ҳуҷатҳои шуъба ва ба роҳандозии корҳои илмӣ – интишорӣ роҷеъ ба масоили кишваршиносӣ, аз ҷумла:
Бунёд ва такмили фонди ҳуҷҷатҳо.
Ташкили дастгоҳи маълумотдиҳӣ– билиографӣ:
картотекаи умумии анъанавии шуъба;
картотекаи умумии электронии шуъба;

картотекаи мавзӣ ва фардӣ.
Хизматрасонии иттилоотӣ, маълумотдиҳӣ ва тавсиявии библиографӣ.
Таҳияи силсиладастурҳои библиографӣ.
Омўзиш ва тарғиби донишҳои библиографӣ
,
самтҳои асосии фаъолияти шуъба мебошанд.  
         Дар шуъба фонди китоб амал мекунад ва ҳамзамон дастурҳои библиографӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Қобили зикр аст, ки маводи библиографияи миллӣ ҳамчун воситаи тавлид ва пахши ахбори библиографӣ оид ба адабиёти гуногун вобаста ба мавзўи муайян бартарӣ дорад, аз ҷумла:
         - нисбат ба воситаҳои чопию хаттӣ ба истеъмолкунандагон имкон медиҳанд, ки ахбори библиографиро дар вақти дилхоҳашон қабул намоянду, онро омӯзанд ва адабиёти лозимаро интихоб намоянд.
         Хонандагони китобхона имконият пайдо карданд, ки адабиёт ва маълумоти заруриро доир ба Тоҷикистон ба зудӣ дар ҳамин шуъба пайдо кунанд. Дар бойгонии маълумоти хатии шуъба аз соли 1947- ум инҷониб мавод мавҷуд аст. Маълумотҳо даруни лифофаҳо нигоҳдорӣ мешаванд, ки рўи онҳо унвони супориш, рақами тартибии бойгонӣ, санаи иҷро ва теъдоди номгўи адабиёт зикр гардидааст.
          Кормандони шуъба ба тариқи барномаи «Библиограф» 11591 барга ба феҳристи электронии шуъба ворид намуданд. Дар ин муддат ба қуттиҳои феҳристи мураттабии шуъба 7554 барга тибқи соҳа ворид гардид. Тавассути 51 нусха маҷалла ва 748 нусха рўзнома доир ба мавзўъҳои гуногун мақолаҳоро интихоб ва тасвири библиографӣ намуда, аз қуттиҳои картотекаҳо 29669 баргаҳоро таҳрир намуда, 371 баргаи фарсудашударо нав ва 317 қисматҳояшонро иваз намуданд.
         Кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ дар оянда мақсад доранд, ки бо теъдоди зиёд маводи библиографиро чоп ва паҳн намоянд ва ба хонандагон пешниҳод кунанд.
Дар муддати 6 моҳ мутахассисони шуъба ба 3306 нафар хонандагон хизмат расонида, мувофиқи дархосташон 961 нусха адабиёт, 2906 номгўй маълумотномаҳои шифоҳӣ ва 20 адад маълумотномаи хаттии библиографӣ доир ба мавзўъҳои гуногун пешкаш намуданд. 
         Аз ҷониби ҳайати кормандони шуъба таҳияи чунин дастурҳои библиографӣ  омодаи чоп гардидаанд:
         Аскар Ҳаким: Китобнома / Мураттиб Ф. Набобова; Муҳаррир Ҷ. Раҷабов. – Душанбе. – 2015. – 80 с.
         Ўрун Кўҳзод: Китобнома / Мураттибон С. Саидова, А. Набиева; Муҳаррир Ш.Солеҳов. – Душанбе. – 2015. – 70 с.
Лоиқ Шералӣ: Осорнома / Мураттиб Н.Валиева; Муҳаррир Г.Маҳмудов. – 2016. – 120 с.
Ҳуринисо Ализода: Феҳристи адабиёт /Мураттибон С. Иброҳимова, Б. Қурбонова;. – 2016. – 80 с.
Истиқлолияти Тоҷикистон: Феҳристи адабиёт /Мураттибон З. Ғолибов, И. Ормонов; Муҳаррир Г. Маҳмудов. – 2016. – 200 с.
Абдулҳамид Самад: Феҳристи адабиёт /Мураттибон Б. Қурбонова, Б. Наботова; Муҳаррир Г. Маҳмудов. – 2016. – 120 с.

Наргис Валиева,
Сардори шуъбаи библиографияи миллӣ