Додгоҳ гуфта буд, ки Суқрот гунаҳгор аст. Афлотун исбот кард: НА, ГУНОҲ НАДОШТ!

Ҳамин аст моҳият ва мазмуни яке аз машҳуртарин асарҳои Афлотун, ки бо номи «Дифоияи Суқрот» машҳур аст. Ин асар аслан фарогири суханронии Суқрот дар додгоҳ (соли 399 то м.) барои ҳимояи худ аст. «Дифоияи Суқрот» ягона асари Афлотун мебошад, ки ба сурати ғайри муколамаҳои «суқротӣ» наздикӣ дорад. Афлотун дар он мундариҷа ва муҳтавои се суханронии Суқротро ҷой додааст, ки ахирӣ дар додгоҳ барои ҳимояи худ аз демократҳои Афина баён менамояд ва ниҳоят додгоҳ ба қатли Суқрот дар намуди нўшидани ҷоми заҳр ҳукм содир мекунад. Ҳадафи Афлотун аз навиштани «Дифоияи Суқрот» пас аз марги Суқрот бегуноҳ баровардани ў мебошад, ки ноҳақ гунаҳкор дониста шуда буд.

Аксарияти таърихнигорон ҳақиқат доштани маълумот ва муҳтавои ин асари Афлотунро эътироф кардаанд. Бахусус, аз «Дифоияи Суқрот» хурдтарин далелҳои муҳокимаи Суқрот, номҳо ва мавқеи ҷамъиятии айбдоркунандаҳо (Мелет, Анит, Ликон) ва тафсилоти дигар возеҳ мегардад.

«Дифоияи Суқрот» нахустин асари маҳфузмондаи Афлотун мебошад, ки дере нагузашта пас аз муҳокимаи Суқрот соли 397 ё 396 то мелод навишта шудааст.

Дар баробари дигар муколамаҳои Афлотун «Дифоияи Суқрот» бори нахуст соли 1780 ба забони русӣ аз ҷониби Сидорский, И. ва Пахомов, М. тарҷума гардид. Алҳол тарҷумаи М. С. Соловёв бештар маъруф аст.

Бозчон аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ. 6. – С. 19.

Дар Китобхонаи миллӣ шумо метавонед боз ин матолибро дар атрофи мавзӯи мавриди суҳбат бихонед:

Ҳикоят аз зиндагии Суқрот: Суқрот - файласуфи дунёи қадим / Ҳозиркунандаи чоп А. Бобоев // Маориф ва маданият. – 1980. – 5 июл.

Шикоят аз зиндагии Суқрот / Тарҷума ва таҳияи А. Бобоев // Маданияти Тоҷикистон. – 1981. – 16 январ.

Дементьева, М. Симои Суқрот: Дар нақши Армиян Ҷигарханян // Тоҷикистони советӣ. – 1985. – 24 ноябр.

Абдуллоҳ, Ф. Рўшангарони миллӣ киёйанд?: Фаъолияти рўшангарони мо Суқрот, Аҳмади Дониш // Ҷумҳурият. – 2013. – 9 апрел.

Аминов, Ф. Мурофиаи судии Суқрот: Фалсафаи ҳуқуқӣ андар баёни ҳақиқат ва ситоиши адолат дар мурофиаи судӣ // Минбари ҳуқуқшинос. – 2018. – 27 апрел.

Зиёева, З. Сайре дар таълимоти ахлоқии Суқрот, Афлотун, Арасту ва Эрикур // Илм ва Ҷомеа. – 2020. – №1. – С.133-142.

Ҳикмати Суқрот / Аз русӣ тарҷумаи Назрихўҷаи Сайдалӣ // Пайрав. – 2020. – 15 июл.

Таҳияи Ҳусния Назарова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.