Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест...
Нашр шуд 2015-11-14 18:50
Бо даъвати Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ субҳи имрӯз ҳудудан 100 нафар донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба Китобхонаи миллӣ омаданд.
Дар толори “Ошёни булбулон” як суҳбати самимиву шуниданӣ аз торихи китобхона ва имкониятҳои он баргузор шуд.
Дар ин мулоқот муовинони Директори Китобхона Салима Раҷабова ва Гадобек Маҳмудов ширкат карданд ва ба саволҳои хонандагон посух доданд. Суолҳо бештар дар бораи имкониятҳои Китобхонаи миллӣ, теъдоди китобҳо, китобхонаи электронӣ, иртиботҳо бо китобхонаҳои олам ва ғайра буданд.
Донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ҷумлаи фаъолтарин хонандагони Китобхонаи миллӣ мебошанд. Танҳо зарфи нуҳ моҳи охир теъдоди муштариёни Китобхона аз ҳисоби онҳо 1491 нафар афзудааст.
Дар ин нишаст донишҷӯён иброз доштанд, ки дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсил карда наметавон аз китобу китобхона ҷудо буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин шабу рӯз теъдоди китобҳои тиббӣ дар дӯконҳо камтаранд ва мебояд онҳоро бештар аз китобхона хонд.
Донишҷӯён ифтитоҳи чунин як боргоҳи маърифатро самараи талошҳо ва ғамхории Ҳукумати кишвар ва Президенти мамлакат медонанд ва мегӯянд таваҷҷуҳ ба омӯзиш дар чунин замоне, ки мушкилоти иқтисодӣ домангир аст, нишон медиҳад, ки Сардори давлат мехоҳад насли мо насли донишманду фарҳангӣ бошад.
Сардори шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров дар мавзўи “Нақши китоб дар афкори хонанда” суҳбат кард ва китобхонаро барои донишомӯз хонаи дуввум донист. Хонае, ки маърифат меомӯзад, дониш медиҳад ва ба роҳи илм раҳнамунаш месозад.
Дар ин нишаст сарояндаи овозадори тоҷик Моҳрухсор Сафарова ширкат дошт ва чанд тарона хонд. Ҳамчунин наврасони болаёқати шаҳри Душанбе бо шеъру таронаҳо хотири иштирокдоронро шод карданд.