«Ҳудуду-л-олам» маъруфтарин асари ҷуғрофии олам
Нашр шуд 2015-11-30 13:08«Ҳудуду-л-олам», ки аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои ҷуғрофии дунёст, аз ҷониби муаллифи номаълуме таълиф шуда ва то ба имрӯз дар бораи ҳуввияти мусаннифаш дақиқан чизе гуфта нашудааст. Ҳамчуноне дар муқаддимаи ин китоб хоҳед хонд, профессор В.Ф.Минорский Ибни Фариқунро нигорандаи он медонад ва муҳаққиқон танҳо охири асри XIX дар бораи он огоҳ шуданд. Асар соли 372 ҳиҷрӣ (982-983) таълиф шудааст. Соли 1892 шарқшинос, тарҷумони ҳарбӣ, генерал-майори Артиши Императори рус Александр Туманский нусхаи аввали онро дар Бухоро пайдо кардааст ва аввалин хабари он ҳам Русия, дар рӯзномаи “Окраина” интишор ёфтааст.
Александр Туманский донандаи хуби забонҳои арабӣ, туркӣ ва форсӣ буда, солҳои 1891-1895 чун афсар дар Осиёи Марказӣ хизмат кардааст. Солҳои 1900-1905 сарконсул дар шаҳри Ванаи Туркияи усмонӣ будааст. Солҳои 1908-1909 бори дигар ба