Основные внешнеполитические интересы Таджикистана на рубеже веков
Нашр шуд 2015-11-04 18:47Ин китобест, ки ба қалами пажуҳишгари шинохтаи тоҷик Зафар Сайидзода мутааллиқ аст ва чуноне аз номаш дарёфтед, марҳилаҳои рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба риштаи таҳлил кашидааст.
Муаллиф дар сарсухани китоб барҳақ менависад, ки “сиёсати хориҷӣ бо дипломатия иртиботи наздик дорад. Ояндаи Тоҷикистон ба ҳадде аз он вобаста мебошад, ки то кадом ҳад дипломатҳо самаранок ва муфид кор мекунанд. Ва ин комилан фаҳмо ва табиист, зеро сиёсати хориҷӣ қисми ҷудонашавандаи давлатдории Тоҷикистон аст”.
Ба андешаи муаллиф дар шароити пойдории истиқлолияти давлатӣ зарур омад қарорҳои вазнин қабул карда шавад. Ва онҳо барои вуруди кишвари мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати субъекти ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ мусоидат карданд, ки