“Мушкистон” аз маҳфили “Ҳамешабаҳор”
Нашр шуд 2015-11-12 20:35Маҳфили адабиву фарҳангии шоири тоҷик Хайрандеш китоберо аз узви фаъоли ин маҳфил Синои Абуалӣ муаррифӣ кардааст. Китоб бо номи “Мушкистон” дар чопхонаи “Балоғат” чоп шудааст ва навиштаҳои тозаи адиби ҷавонро дар бар гирифтааст.
Хайрандеш дар сарсуханаш ба ин китоб Синои Абуалиро “навроҳае аз Некнот” номидааст ва навиштааст: “Синои Абўалӣ 30-юми сентябри соли 1978 дар деҳаи Некноти ноҳияи Панҷакент дар оилаи омўзгор ба дунё омадааст. Соли 1996 мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 13–ро дар зодгоҳаш ва соли 2001 Донишгоҳи озоди Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи омўзгории шаҳри Панҷкент)-ро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, алъон соҳибкори инфиродӣ дар шаҳри Чкаловск мебошад. Ҳамзамон, донишҷўи бахши филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ў оиладор буда, соҳиби 4 фарзанд –ду писар ва ду духтари дўстрўяк ҳаст.