“Мушкистон” аз маҳфили “Ҳамешабаҳор”

Маҳфили адабиву фарҳангии шоири тоҷик Хайрандеш китоберо аз узви фаъоли ин маҳфил Синои Абуалӣ муаррифӣ кардааст. Китоб бо номи “Мушкистон” дар чопхонаи “Балоғат” чоп шудааст ва навиштаҳои тозаи адиби ҷавонро дар бар гирифтааст.
Хайрандеш дар сарсуханаш ба ин китоб Синои Абуалиро “навроҳае аз Некнот” номидааст ва навиштааст: “Синои Абўалӣ 30-юми сентябри соли 1978 дар деҳаи Некноти ноҳияи Панҷакент дар оилаи омўзгор ба дунё омадааст. Соли 1996 мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 13–ро дар зодгоҳаш ва соли 2001 Донишгоҳи озоди Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи омўзгории шаҳри Панҷкент)-ро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, алъон соҳибкори инфиродӣ дар шаҳри Чкаловск мебошад. Ҳамзамон, донишҷўи бахши филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ў оиладор буда, соҳиби 4 фарзанд –ду писар ва ду духтари дўстрўяк ҳаст.
Китоби нахустини Синои ҷавонро бо номи «Мушкистон», ки ҳамноми яке аз кўҳҳои Некноти зебоманзар аст, манзури табъи бориксанҷи шумо гардонида, ба ў фотиҳа медиҳем, ки шеърҳои шўрангезу дилнавозаш боз ҳам шевотар, боз ҳам гиротар ва боз ҳам камнуқсонтару дурпарвозтару фарогиртару муассиртару пурҷилотар ба ҷавлон биоянд. Аз «Мушкистон» -и ў бошад, нақҳати мушки муаттар пайваста ба машоми хонандагону ҳаводорони шеъраш хоҳад расид”.
Чанд нусха аз китоби мазкур вориди Китобхонаи миллӣ шуд, ки хонандагон м етавонанд аз он баҳра гиранд.

Барчаспҳо: