Асосҳои барномасозӣ дар забони С++
Ин як китоби пажуҳишиву илмист, ки ба қалами С.Мараҷабов мутааллиф аст.
Рушди имрӯзаи барномасозӣ мутахассисонро маҷбур мекунад, ки ҳар рӯз ба омӯзиши барномасозӣ машғул бошад. Зеро барномасозӣ бо як суръати баланд инкишоф рӯ ба инкишоф аст. Танҳо омӯзиши ҳаррӯза имкон медиҳад инсон бо замон ҳамқадам бошад. Вале омӯхтани ҳар як забони барномасозӣ лозим нест. Кифоя аст, омӯхтани забонҳои машҳуртани ба монанди С, СС++,С Java,Visual Basic, Pascal, Fortran ва ғайра.
Ин дастури таълимӣ аз 7 боб иборат мебошад. Ҳамчуноне дар сарсухан омадааст, боби якум муқаддимавӣ буда, ба торихи барномасозӣ, забонҳои барномасозии гуногун, усулҳои барномасозӣ ва алгоритмронӣ бахшида шудааст.
Дар боби дуюм сухан дар бораи забони барномасозии С++ ва шиносоӣ бо он, яъне мафҳумҳои оддитарин эълонкунии сатрҳо, алифбои забон, навъи додаҳо функсияи стандартӣ ва ғайраҳо меравад.
Боби сеюм РР операторҳои забон бахшида шуда, оид ба операторҳои мураккаб, оператори шартӣ, интихоб ва операторҳои давр маълумот оварда шудааст. Инчунин, дар ин боб оид ба операторҳои қайдшудаи забон, масъалаҳои гуногун дида шуда, алгоритм ва барномаи ҳалли онҳо тартиб дода шудааст.
Дар боби чорум маълумот оиди истифодабарии функсияҳо ва сохтани барномаҳои гуногун ба воситаи онҳо оварда шудааст.
Боби панҷум аз истифодабарии массивҳо ва матритсаҳо, ишораҳо иборат буда, оид ба ҳар яки аз онҳо баъзе масъалаҳо ба воситаи сохтани барномаҳо ҳал карда шудааст.
Дар боби шашум мафҳумҳои сатру сохторҳо, инчунин кор бо файлҳо дида шудааст. Дар ин боб чӣ тавр сохтан, сабт кардан, хондан ва тағйир додани файлҳои матнӣ оварда шудааст.
Боби ҳафтум ба шарҳи мухтасари барномасозӣ бахшида шуда, дар он мафҳумҳои асосии ин усули барномасозӣ дода шудааст.
Китоб ба бойгонии Китобхонаи миллӣ ба тозагӣ ворид шудааст.