Мужда: “Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот”-и Аҳмади Тӯсӣ аз чоп баромад
Нашр шуд 2017-03-02 16:47
Ёздаҳумин китоб аз силсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) рӯйи чопро дид. Ин бор аз ин силсила, ки бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр мешавад, китоби маъруфи “Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот”-и Муҳаммад ибни Маҳмуд ибни Аҳмади Тӯсӣ интишор ёфт. Муаллифи китоб намояндаи майдони илм ва фарҳанги асри ХII аст ва шаҳри Тӯс мутаваллид шудаву бештари умрашро дар Ҳамадон гузаронидааст.
Китоб аз ҷониби Сайфиддин Назарзода ва Саидбилол Саидов таҳия, вироиш ва баргардон шудааст. Мураттибон дар сарсухани хеле муфассали худ дар бораи китоб ва муаллифи он менависанд, ки “Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот” як асари хуби энсиклопедист, ки дорои аҳамияти муҳими илмӣ мебошад. “Фарҳангҳои энсиклопедӣ, ки миқдоран камшуморанд, дар таърихи адабиёту забони тоҷикӣ ҷои махсусеро ишғол мекунанд. Дар ин донишномаҳо роҷеъ ба кишварҳои мухталиф, вазъи табиӣ, захоири маъданӣ, олами набототу ҳайвонот ва ғайра ба таври муфассал маълумот дода шудааст,-менависанд онҳо ва идома медиҳанд: «Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот -и Аҳмади Тусӣ низ аз ҷумлаи чунин фарҳангҳо мебошад. Тарзи нигориши ин гуна луғатномаҳоро тақлид ба анъанаи асарҳои ҷугрофиёӣ ва аҷоибнависиҳои адабиёти араб медонанд. Аммо китоби Аҳмади Тусӣ сад сол пештар аз асари ҳамноми «Аҷоиб-ул-махлуқот” -и Закариёи Қазвинӣ, байни солҳои 1176-1193, таълиф шудааст. Бояд тазаккур дод, ки дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ навиштани «аҷоибномаҳо” собиқаи тулонӣ дошта, то ба умқи таърихи порсиёни қадим мерасад. «Аҷоиб-ул-махлуқот” -и Аҳмади Тусӣ, ба ақидаи мо, намунаи классикӣ ва қадимии «аҷоибнома”- ҳо мебошад, ки дар тарзи нигориши «аҷоибнома” -ҳои сонӣ таъсири амиқ гузошта, сармашқи муаллифони баъдӣ будааст. Масалан, олими рус Н.Д. Миклухо-Маклай иттилоъ медиҳад, ки дар «Аҷоибу-д-дунё” (асрҳои XII-XIII, тақрибан солҳои 1220-1221//617 ҳиҷрӣ, муаллифаш номаълум) ва «Аҷоибу-т-табақот” , ки муаллифи он Муҳаммад Тоҳир ибни Абулқосим мебошад, бархе аз қисматҳои «Аҷоиб-ул-махлуқот” -и Аҳмади Тусӣ истифода шудаанд”.
Таҳиягарон ҳангоми баргардони китоб кӯшидаанд ҳар калимаи барои имрӯзиён нофаҳморо дар поварақ шарҳ диҳанд ва ин услуби таҳияи китоби қадима ҳам хондан ва ҳам дарки маъниро барои хонандааш осон мегардонад.
Китоб бидуни шак як асари ҷолибест, ки ҳангоми мутолиа хонандаро намегузорад, ки лаҳзаи онро аз даст монад. Услуби нигориши он хеле ҷолиб аст ва чун ҳамаи абёти классиконамон саршор аз ҳикоятҳои ҳикматомез, такрори сарнавишти бузургон ва пандномаҳои мансур аст. Муаллиф дар аксар мавридҳо барои тақвияти фикраш бо такя ба манобеъи қадима ва китобҳои муътабар ҳикояте меорад ва бо ҳамин васила ҷанбаи мантиқиву илмии асарашро тақвият мебахшад.
Таҳиягарон ҳамчунин мегӯянд дар марказҳои ховаршиносӣ ва китобхонаҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нусхаҳои арабии асари ҳамноми донишманди арабизабон Закариёи Казвинӣ вомехӯранд, ки ба забони форсӣ тарҷума шудааст. Дастхати «Аҷоиб-ул-махлуқот” -и Аҳмади Тусӣ бошад, дар китобхонаҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ танҳо ду нусха пайдо шудааст, ки ҳар дуро ҳам Н.Д. Миклухо-Маклай дар феҳрасти худ ба тафсил арзёбӣ кардааст.
Китоб аз даҳ рукн иборат аст ва ҳар рукн бобҳои ҷудогона дорад. Чуноне ишора шуд, муаллиф зимни овардани далоили илмӣ фикри худро бо ҳикоёти қадим тақвият додааст. Аҳмади Тӯсӣ парвардаи мактаби исломии таҳқиқ аст ва ҳатман ҳар боб ва рукни китобошро бо ояте аз каломи Парвардигор ва ё ҳадисе аз Расулаллоҳ (с) тақвият бахшидаву, сипас ба шарҳи он пардохтааст. Ҳикояҳо далоили илмиро пурра кардаанд ва ҳам асарро хонданитару ҷолибтар сохтаанд.
Ба сурати умум, асари : «Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот”, ки бо номи “Аҷоибнома” интишор ёфтааст, ганҷинаи чопи китобҳои қадимро ғанӣ мекунад.