Хизматрасониҳои нави «Ошхонаи миллӣ» - и Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Нашр шуд 2016-12-07 16:24
“Ошхонаи миллӣ” воқеъ дар ошёнаи аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо хизматрасониҳои нав ба фаъолият пардохт. Акнун хонандагон ва аъзои китобхона метавонанд бо нархҳои дастрас таомҳои хушлаззат истеъмол фармоянд.
Зарфи ин чанд рӯзи охир дар ин ошхона ошпазҳои соҳибкасбу пуртаҷриба ба кор оғоз карданд. Ҳамзамон бо ин талош ба харҷ медиҳанд нархномаи таомҳояшон поинтар аз ошхонаҳои атроф ва муносибтар ба кисаи муштариёнашон бошад. Чун аксари хонандагони имрӯзаи Китобхона донишҷӯён ва хонандагони макотиби миёнаанд ва онҳо хеле кам имкон доранд таомҳои гаронарзиш истеъмол кунанд.
Дарҳои ошхона ҳамарӯза аз соати 07 00 то 20 00 бозанд. Шумо метавонед ҳамеша бо ғизои гарму хушлаззат таъмин бошед.