Зарфи панҷ моҳи аввали соли 2017 теъдоди хонандагони Китобхонаи миллӣ 17 ҳазору 836 нафар афзудааст
Нашр шуд 2017-06-01 10:07
Китобхонаи миллӣ моҳи май 5 ҳазору 427 аъзои навро пазируфт, ки ин болотарин сатҳи ҷалби хонанда дар як моҳ аз замони фаъолияти ин боргоҳи маърифат будааст
Зарфи панҷ моҳи аввали соли равон 17 ҳазору 836 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ қабул шуданд, ки ин рақам ба фаъолияти яксолаи солҳои 2013, 2014 баробар аст.
Чорабиниҳои “Даъват ба китоб ва Китобхона”, ки аз нимсоли дуввуми соли 2016 роҳандозӣ мешавад, яке аз омилҳои ҷалби бесобиқаи хонандагон ба Китобхона шудааст.
Бояд зикр намуд, ки дар соли хониши 2016-2017 кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар зиёда аз 100 мактаби таҳсилоти миёна, коллеҷу омўзишгоҳҳо ва донишгоҳҳою донишкадаҳои шаҳри Душанбе барномаи тарғиботию ташвиқотӣ ва сўҳбатҳои озодро бо хонандагону донишҷўёни шаҳри Душанбе таҳти унвони «Даъват ба китоб ва Китобхона» ташкил ва баргузор намуданд.Аз сӯйи дигар болоравии сатҳи хизматрасонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, шароити мусоиди мутолиаи китоб, рўзномаву маҷаллаҳо, истифодаи ройгони Шабакаи байналмилалии «Интернет» ва ташкили давраҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ муҷиби он шудааст, ки хонандагони мактаб ва донишомўзон бештар ба ин боргоҳи илму маърифат рў оранд.