Activities calendar

12 июня 2017

Академик Бобо Сангинов-аввалин селексионери тоҷик

Аввалин селексионери тоҷик, академики АИ Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Русия, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Сино Бобо  Сангинов 1 – уми июни соли 1935 дар деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Мактаби сесолаи агрономии шаҳри Истаравшан (соли 1953) ва факултаи агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро (соли 1958) хатм кардааст. Муддате ба сифати сарагрономи шўъбаи кишоварзии ноҳияи Мўъминобод заҳмат кашида, солҳои 1958-1959 ходими калони илмии шўъбаи селексия ва тухми­парварии Стансияи минтақавию таҷрибавии хоҷагии қишлоқи дар Вахш будаи Институти таҳқиқоти илмии зироати Тоҷикистон, 1959-1962

Латофат Кенҷаева-адибе, пайваста дар талош аст

Аз ҷумлаи муваффақтарин адибонест, ки танҳо эҷод накард, балки даст ба кори ноширӣ зад ва муваффақ ҳам шуд. Даҳҳо номгӯ китобҳо маҳсули заҳматҳои ӯ дар замони Истиқлолиятанд, ки дар интишороти таъсискардааш чоп мешуданд. Вай ин китобҳоро ба бозори фурӯш мебаровард ва ҳатто ҳаргиз хаста ҳам намешуд агар ҳамаи теъдоди нашршуда харидор намеёфт. Баръакси дигарон бар ин назар буд, ки хонанда китоб мехонад, вале китобро ба ӯ расонида тавонистан лозим.
Латофат Кенҷаева – адибе, ки бештар дар бораи кӯдакон менависад, 8-ум и июни соли 1950 дар ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) ба дунё омадааст. Соли 1967 ба шаҳри Душанбе омада, соли 1972 шўъбаи рўзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи сурх ба