Академик Бобо Сангинов-аввалин селексионери тоҷик

Аввалин селексионери тоҷик, академики АИ Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Русия, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Сино Бобо  Сангинов 1 – уми июни соли 1935 дар деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Мактаби сесолаи агрономии шаҳри Истаравшан (соли 1953) ва факултаи агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро (соли 1958) хатм кардааст. Муддате ба сифати сарагрономи шўъбаи кишоварзии ноҳияи Мўъминобод заҳмат кашида, солҳои 1958-1959 ходими калони илмии шўъбаи селексия ва тухми­парварии Стансияи минтақавию таҷрибавии хоҷагии қишлоқи дар Вахш будаи Институти таҳқиқоти илмии зироати Тоҷикистон, 1959-1962 аспирант, 1962-1963 мудири шўъбаи селексия ва тухмипарварӣ, 1963-1995 директори Стансияи номбурда, 1996-2006 Президенти Академияи кишо­варзии Тоҷикистон буд.

Меҳри замин, илми кишоварзӣ Бобо Сангиновро ба даргоҳи пурнури кашфиёту ихтироъкорӣ овард ва дар ин бахш беш аз ним асри умри  хешро сарф намуд. Азбаски аз қадамҳои нахустини  ҷустуҷўҳои илмӣ ҷиддӣ ба пешаи интихобкарда муносибат мекард, фикру андешаҳои назариявӣ ва хулосаҳои илмии муҳаққиқи ҷавон дар олами кишоварзӣ хуш истиқбол шуда, баҳри татбиқашон дар ҳаёт имконот фароҳам меомад. Пажўҳишаш баҳри фаровонии «тиллои сафед»-и тоҷик хизмат кард.

Ў навъҳои серҳосили пешпазаку ба касалӣ тобовар ва  дорои сифати баланди пахтаро ба монанди 5595-В, 6464-В, 6249-В, 8809-В ва ғайра кашфу ихтироъ намуд. Бо заҳмати бардавом як қатор навъҳои беҳамтои пахтаи махиннах ва миёнанахро ба майдон овард, ки ҳар яки онҳо барои селексияи пахта аҳамияти хос доштанд. Пешниҳодҳои илмии олим дар ҳамаи муассисаҳои селексионии ҷумҳурию хориҷӣ мавриди истифода қарор гирифта, мутахассисон бо дарназардошти онҳо минбаъд фаъолиятро идома бахшидаанд. Қобили қайд аст, ки академик Бобо Сангинов бо генетикҳо, физиологҳо, фитопаталогҳо, агрохимикҳо, инчунин мутахассисони саноати бофандагӣ дар алоқамандӣ ба пажўҳиш шуғл варзидааст.

Ин селексионери барҷаста дар баробари пахта инчунин навъҳои юнучқаи В-233, В-300, В-416, ҷави В-116, В-128, соргои В-10,В-129, берсими Хатлон -3 ва дигар зироатҳоро ихтироъ ва онҳоро ба талаботу хусусияти минтақаҳо ҷудо кард ва онҳо ба истеҳсолоти кишоварзии ҷумҳурӣ манфиати зиёд оварданд. Олими  тоҷик бо ҳамдастии кормандони Институти илмӣ-таҳқиқотии растанишиносии ба номи Н.Вавилови шаҳри Санкт-Петербург «Феҳристи маҷмўъи пахтаи маҳиннахи ҷаҳон»-ро мураттаб сохта, дар робита бо олимони Ҳиндустон перомуни ривоҷи пахтакорӣ дар Осиёи Миёна  тадқиқоти судманд анҷом дод, ки бешак, ифтихори илми кишоварзии тоҷиканд. Бобо Сангинов муаллифи беш аз бист кашфиёту ихтироъкорӣ буда, соҳиби чандин шаҳодатномаи муаллифӣ гардидааст. Ҳиссааш дар тарбияи мутахас­сисону олимони соҳа ниҳоят калон аст.

Олими варзида ва ташкилотчии беҳомтои илми кишоварзии тоҷик Бобо Сангинов дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷумҳурӣ фаъолона ширкат меварзад. Ў бо орденҳои  «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Дўстии халқҳо», «Нишони Фаҳрӣ», ифтихорномаҳо, ҳамчунин медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи  ИҶШС сазовор шудааст.

Хонандагони риштаи кишоварзӣ дар Китобхонаи миллӣ метавонанд аз Бобо Сангинов ва дар бораи ӯ ин асарҳоро бихонанд:

Навъи  пахтаи  советии  маҳиннахи 5595-В [Матн]. – Душанбе,1965. – 113 с.
Олим- селексионер [Матн]. – Душанбе,1977. – 81 с.
Резервы увлечения производство тонковолокнистого хлопчатника [Текст]. – Душанбе,1978. – 97 с.
Резервы увлечения производство тонковолокнистого хлопчатником в Таджикистане [Текст]. – М.,1979. – 57 с.

Дар бораи Бобо Сангинов

Сангинов Бобо [Матн] // Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1986. – Ҷ.6. – С.537.
Сангинов Бобо [Матн] // Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷи–кистон. – Душанбе,1991. – Ҷ.2. – С.273.
Набиев, Т., Ҷумонқулов, Ҳ. Эҳсоси розҳои замин [Матн] // Садои мардум.  – 2005. – 2 июл.
Набиев, Т., Ҷумонқулов, Ҳ. Аввалин селексионери тоҷик [Матн] // Ҷумҳурият. – 2005. – 30 июн.
Хуҷҷатӣ, Б., Самимӣ, М. Хоксори мо – ифтихори мо [Матн] // Минбари халқ. – 2005. – 25 июн.
Фирўзаҷони Мирзопўлод. Машъалафрўзи илм [Матн] // Паёми Душанбе. – 2005. – 1 июн.

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ