Дар сол мо рӯзеро чун Рӯзи харбуза таҷлил мекунем. Дар ин рӯз бозорҳои мо таравоти дигар мегиранд. Дар саросари кишвар даҳҳо мавридеро мебинем, ки мардум ба тамошои харбуза ба намоишгоҳҳое мераванд, ки мақомот оростаанд. Ва хеле навъҳои хубу дилнишини ин меваи ширинро мебинем. Тоҷикистон кишварест, ки гунаҳои мухталифи харбуза мерӯяд. Ва яке аз ин навъҳо “дониёрӣ” ном дорад.
Донёрӣ, навъи харбузаи миёнапазак. Дар водиҳои Вахшу Ҳисор, инчунин вилоятҳои Самарқанду Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон парвариш меёбад. Харбузаи тухмшакл, лўнда, дарозрўя ё мудаввар аст.
Дарозиаш 40–50 см, вазнаш 3–5 кг. Рангаш зарди сабзтоб, сертўр, нақшҳои сабзи тира дорад. Пӯсташ тунуки дурушт, мағзаш сафеди сабзтоб, (ғафсиаш 4–5 см), сершира, хуштаъму хушбўй (7,8% қанд ва 8,1–9,8% моддаҳои хушк дорад).
Давраи нашваш 75–85 рўз. Аз ҳар гектар палаки он 180–220 сентнер ҳосил мегиранд.
Дониёрӣ дар шўрзаминҳо низ мерўянд. Барои ба ҷойҳои дур кашондану нигоҳ доштан мувофиқ нест. Аз касалиҳои пажмурдашавии фузариозӣ ва гарда зарар мебинад.
Муаллифон: Ҳ. Маҳмадқулов., Х. Эмомов
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 102
Таҳияи Бибишарифа Содиқзода
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ