Ҳунари табақтарошӣ миёни халқи тоҷик аз маъмултарин ҳунарҳои суннатӣ маҳсуб меёбад, ки ба сохтани табақу қошуқ ва дигар ашёи чубӣ алоқаманд аст. Ин ҳунар мутобиқи талаботи мардум ба табақи чубин то ба имрўз фаъол мебошад. Дар навоҳии водиҳои Ҳисору Рашт ва вилояти Хатлон мардум хўрокҳои анъанавӣ: қурутоб, шакароб, шўрбо ва чанде дигарро мардум дар табақи чўбин истеъмол мекунанд.
Дар замонҳои пеш устохонаҳои табақтарошӣ дар поёноби дарёчаҳо ё ҷўйҳои кўҳӣ сохта мешуданд, ки аз таги устохона ҷўйи об мегузашт ва дар он ба мисли осиёб чарх гузошта мешуд. Об бо суръати баланд аз новадон омада, чархро гардон мекард ва чарх тири дастгоҳро тоб медод. Тир ба тарзи амудӣ ҷойгир шуда, қисми болои он аз фарши чўбин гузашта, дар миёнаҷои дукон устувор шуда буд. Дар болои тир се адад мехи рўболо кўфта шуда буд, ки усто ба он ҷо чўби коркарднашударо маҳкам мекард. Бо тоб хўрдани чарх ва тир кундачўби нотайёр низ тоб мехўрд ва усто тавассути олоти корӣ ба табақтарошӣ шурўъ менамуд.
Барои тарошидани табақ бештар чўби дарахтони зардолу, чормағз, чанор ва тутро истифода мекунанд. Кундаҳои дарахтонро бурида, дар об муддати тўлонӣ мепартоянд, ки мағз ба мағзи чўб аз об тар шавад ва дар вақти тарошидан накафад. Дарахтро бурида, кундаи онро дукафон, яъне аз байнаш ду тақсим мекунанд. Одатан, баъди дукафон кардан, кундаи хушкро якчанд муддат ба об мегузоранд, ки тарошиданаш осон шавад.
Кундаи ҳаҷмаш 40-50 см-ро бо тешаи чортарош (тешаи калони дастадароз, ки тарошааш калон мебошад) метарошанд. Ин теша барои шаклан омода намудани табақ истифода карда мешавад. Шакли табақ, ки омода гардид, сипас бо тешаи хурд дохили онро тарошида, ба дастгоҳи харротӣ насб мекунанд. Вазифаи дастгоҳ тоб додани табақи нимтайёр мебошад. Дар аснои давр задан усто бо каҷкорд (дастааш дароз буда, нўгаш каҷ мебошад) гирди табақро дошта меистод. Барои ороиши гирди табақ тарошаи хўрдакакеро бо табақи чарханда дошта меистанд, ки аз он соиши зиёд сўхта хати сиёҳ ҳосил мешавад.
Табақи қисман омодашударо аз дастгоҳ гирифта, бо тешаи хафчин (ду тарафи теша каме қад карда шудааст, ки ҳангоми тарошидан намекафонад) ҷойҳои нотамомашро метарошанд. Дар анҷоми кор ба он чарбўи гўсфанд ё равғани зағир мемоланд, ки табақро аз кафидан эмин медорад.
Замонҳои пеш кори табақтарошон дар фасли баҳор авҷ мегирифт, зеро оби дарёву ҷўйҳо баланд мешуд. Ва чархи дастгоҳро ба хубӣ гардон мекард, барои табақтарошон хеле мувофиқ буд. Ҳоло ҳунармандони табақтарош ин навъи дастгоҳҳои обиро истифода намекунанд. Ҷои онҳоро дастгоҳҳои барқӣ ишғол намудаанд, ки корро хеле осон карда, дар кадом мавсиме, ки хоҳанд кор мекунанд.
Бозчоп аз Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб Д.Раҳимов; Муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: ЭР – граф, 2017. – С. 204-205.
Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи ин ҳунари мардумӣ боз бихонед:
Обидӣ, М. Давомдеҳи пешаи ниёгон: Дар бораи устои табақтарош усто Иззатшо Гиёев // Ватан. – 1991. – 19 январ.
Исмат, Ҳ. Заҳмату кору ҳунар касро намояд номдор: Дар бораи ҳунарманди асил устои гаҳворасозу табақу чўбтарош усто Баҳром // Хатлон. – 2018. – 19 апрел.
Додов,З. «Касбро бояд ҳунар ҳамроҳ бошад»: Дар бораи устои оҳангар ва табақтарош аз ноҳияи Тоҷикобод Зайнулобиддин Додов // Шуғл ва муҳоҷират. – 2018. – 5 июн.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ