Дониш. Чиро ЖАНР меноманд?
Нашр шуд 2020-11-18 13:44
Жанр, жанри бадеӣ (франс, genre инс, навъ), гурўҳбандӣ ва таснифи дохилии ҳамаи намудҳои адабиёт ва санъат аст, ки таърихан сурат гирифтааст. Мафҳуми Жанр чун истилоҳи адабиётшиносӣ дар Фаронса (асри19) ба вуҷуд омода бошад ҳам, ҳудуди он ҳанўз ба таври қатъӣ муаян нашудааст. Баъзе адабиётшиносон эпос, лирика ва драмаро, ки ҷинси адабӣ ҳастанд, жанр гуфтаанд. Дигар адабиётшиносон намудҳои адабиётро, ки ҷинсҳо бармеоянд (масалан, роман, повест, ҳикоя ва ғайра), жанр номидаанд.
Жанр ба ин маъно хеле маъмул шудааст. Бо вуҷуди ин дар фаҳми истилоҳи жанр ҳанўз фикри ягонае нест. Дар давраҳои қадим адабиётро ба ҷинсҳо ҷудо мекарданд, ки он дар натиҷаи истифодаи роҳҳои гуногуни тасвири бадеии инсон ба амал омадааст. Масалан, тасвири инсон дар алоқамандӣ бо дигар одамон ва рўйдодҳои гуногун – эпос, инъикоси ҳиссиёту ҳаяҷони ў – лирика ва тасвири шахс дар авҷи мубориза ва зиддиятҳо – драмаро ба вуҷуд оварда буд. Мавзўи асари бадеӣ воситаҳои хоссаи тасвирро тақозо менамояд, ки ин ба табиати ҷинсҳои адабии эпос, лирика ва драма вобаста аст.
Вале ҷинси адабӣ ба сари худ вуҷуд надошта, ба воситаи навъҳои адабӣ зоҳир мегардад. Ҳар як ҷинси адабӣ навъҳои гуногун дорад. Масалан, эпос – достон, афсона, роман, повест, ҳикоя, новелла, очерк, масал, латифа; лирика – фард, дубайтӣ, рубоӣ, ғазал, қитъа, қасида, тарҷеъбанд таркиббанд, мусаммат, мустазод, достонҳои лирикӣ; драма фоҷиа, мазҳака ва ғайра.
Ҳар як асари бадеӣ вобаста ба талаботи мавзўъ ва имконоти эҷодии нависанда шаклҳои хурди жанрӣ дорад. Дар шаклҳои жанрӣ махсусияти мундариҷа ва ғояи асар ба ҳисоб гирифта мешавад (масалан, романи таърихӣ, повести ҳаҷвӣ, фоҷиаи оптимистӣ ва ғайра).
Ҳар як шакли жанрӣ роҳу воситаҳои махсуси инъикоси бадеиро дорост. Дар ин маврид қонуни асосие ҳаст, ки жанро чун ифодакунандаи ягонагии шаклу мазмун муайян менамояд. Ҳудуди Жанр бошад, ҳоло равшан нашудааст. Бо вуҷуди ин навъҳои адабиеро, ки ба се ҷинс – эпос, лирика ва драма таалуқ доранд, жанр гуфтан саҳеҳтар аст. Масалан, жанри роман, ғазал, достон ва ғайра.
Навъҳои ҳар кадоме аз ин жанрҳоро, ки тибқи мазмуну мундариҷа ба гунаҳои алоҳида тақсим мешаванд, шаклҳои жанрӣ номидан ба мақсад мувофиқ мебошад. Масалан, агар қасида жанр бошад, гунаҳои онро шакли жанрӣ гуфтан мумкин аст, аз ҷумла ҷасидаи ҳамрия, қасидаи баҳория ва ғайра.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе. – 2017. – Ҷ.6. – 442.
Муаллиф: С. Давронов., Е. Содиқов.
Таҳияи Парвина Қаюмова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.