Шоире бо як кӯлвор ашъори ҳаҷву танз
Басир Расо аз ҷумлаи касонест, ки дар сурудани ашъори ҳаҷвӣ маъруфияти хос пайдо кардааст. Ҳарчанд дар шеъри лирикиву иҷтимоӣ низ муваффақ буд, ғазал ҳам гуфтаву рубоӣ ҳам.
Ва ҷолибтар аз ҳама: муддати 54 сол дар маҷаллаи “Хорпуштак” кор кард ва аз ин 46 солаш сардабири ин маҷаллаи танзу ҳаҷв буд.
Шоири тоҷик Басир Расо соли 1931 дар деҳаи Водхуди ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Аз соли 1963 аъзои ҳизби коммунист буд. Баъди хатми факултети филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) соли 1956 дар идораи маҷаллаи «Хорпуштак» ба кор омад. Аввал ходими адабӣ буд, баъдан сарварии бахшҳои онро ба уҳда дошт ва соли 1964 сардабири ин ягон маҷаллаи ҳаҷвии кишвар таъин гардид. То охири умраш (2010) сардабири ҳамин маҷалла буд.
Аввалин шеърҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва маҷмуъаҳои дастаҷамъӣ аз соли 1954 чоп шудаанд.
Китоби нахустинаш бо номи «Дар боргоҳи нур» соли 1968 ба табъ расидааст. Он замон мавзуъи асосии шеърҳои ӯ ситоиши синфи коргари тоҷик, тараннуми иншоотҳои навбунёд, зебоиҳои Тоҷикистон буд.
Басир Расо чун муҳаррири “Хорпуштак” ба навиштани ашъори ҳаҷвӣ ҳам дасти расо дошт. Вай дар шеъру тамсилҳояш коргурезону танбалон, майпарастону порахўрон, ҳаққимардумхўрону фиребгаронро мазаммат намудааст.
Басир Расо ашъори чанде аз шоирони республикаҳои бародарӣ ва мамлакатҳои хориҷиро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Б.Расо аз соли 1962 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 1971 узви Иттифоқи нависандагони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Бо унвони фахрии «Ходими шоистаи маданият» ва нишони «Аълочии матбуоти тоҷик» сарфароз гаштааст. Барои равнақу ривоҷи матбуот ва адабиёти тоҷик бо ордену медалҳои
· «Байрақи Сурхи меҳнат»,
· «Нишони фахрӣ»,
· «Дӯстии халқҳо»,
· «Меҳнати шоён»,
· Меҳнати шуҷоатнок»
· ва ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон қадр шудааст.
Моҳи июли соли 2010 бар асари беморӣ дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт ва рӯзи 12-уми июл дар оромгоҳи Сари Осиё ба хок супурда шуд.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи советии тоҷик». – 1978. – Ҷ. 1. – С. 384.
Аз Басир Расо метавонед ин матолибро дар Китобхонаимиллӣ бихонед:
Расо Б. Дар боргоҳи нур: Маҷмўаи шеърҳо / Муҳаррир Н. Шанбезода. – Душанбе: Ирфон, 1967. – 80 с.
Расо, Б. Нидои дўст. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 112 с.
Басир, Р. Фарзанди фарзонаи халқу миллат. – Душанбе, 2001. – 76 с.
Расо, Б. Мавҷи дилнавоз. – Душанбе: Санадвора, 2007. – 88 с.
Расо, Б. Боре биё!: Аз забони бузу гусфандон // Ханда ва истеҳзоҳ. – Душанбе, 1962. – С. 129.
Расо, Б. Шикояти мурғон: Шеър // Ханда ва истеҳзоҳ. – Душанбе, 1962. – С. 130.
Расо, Б. Ваъдабоз: Шеър // Ханда ва истеҳзоҳ. – Душанбе, 1962. – С. 129-130.
Расо, Б. Ор надорам: Аз забони коргурез; Шеър // Ханда ва истеҳзо. – Душанбе, 1962. – С. 128.
Басир, Р. Интизорӣ: Шеър // Гулдаста. – Душанбе, 1964. – С. 38.
Басир, Р. Диёри меҳру ваҳдат: Шеър // Баёзи дўстӣ. – Душанбе, 1972. – С. 141-143.
Расо, Б. Диёри меҳру ваҳдат: Шеър // Меҳрнома. – Душанбе, 1974. – С. 249-250.
Басир, Р. Мусиқор; Парвона; Чашмаҳо: Шеърҳо // Наврўзи. – Душанбе, 1981. – С. 102-105.
Расо, Б. Боғбон: Шеър Ба муаллим Боқӣ Раҳимзода // Боқинома. – Душанбе, 1981. – С. 81.
Расо, Б. То даме, ки набзи тоҷик мезанад дар рўзгор: Шеър ба хотираи М. Турсунзода // Дар ошёни дилҳо. – Душанбе, 1981. – С. 103.
Басир, Р. Матлаби модар: Шеър // Шарқи сурх. – 1956. – №11. – С. 56.
Басир, Р. Ду ниҳол: Шеър // Занони Тоҷикистон. – 1957. – №7. – С. 18.
Басир, Р. Бо ёди ту: Шеър // Занони Тоҷикистон. – 1958. – №3. – С. 20.
Басир, Р. Интизорӣ: Шеър // Занони Тоҷикистон. – 1959. – №1. – С. 17.
Басир, Р. Офарин пахтакор: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1955. – 28 декабр.
Басир, Р. Рудакӣ дар осори шоирони гузаштаи тоҷик // Тоҷикистони советӣ. – 1956. – 5 феврал.
Расо, Б. Бисту се адиба // Тоҷикистони советӣ. – 1957. – 26 июл.
Расо, Б. Хизмати хирсона: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1958. – 29 июн.
Басир, Р. Қиссаи шаб, моҳ ва офтоб: Шеър // Маориф ва маданият. – 1959. – 13 август.
Расо, Б. Шеърҳои нави Ёрӣ: Дар бораи шоири Дарвоз Ёрӣ // Маориф ва маданият. – 1959. – 27 август.
Расо, Б. Мутарҷими назми Шарқ: Ба муносибати 50-солагии С.И. Липкин // Маориф ва маданият. – 1962. – 12 май.
Расо, Б. Баҳри Норак: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1962. – 24 июн.
Расо, Б. Қиссаи одаму Вахш: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1962. – 24 июн.
Расо, Б. Пойандоз: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1966. – 11 декабр.
Расо, Б. Садри танқид: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1971. – 9 май.
Басир, Р. Суханро вазну тамкини замин бояд: Аз дафтари адиб Б. Расо // Садои мардум. – 2006. – 18 апрел.
Тарҷумаҳои Басир Расо
Руи, де Нороня. Бархезу қиём кун: Шеър / Тарҷумаи Б. Расо // Занҷири гусаста. – Душанбе, 1968. – С. 192.
Чарнец, Егише. Ленин амак: Шеър / Тарҷумаи Б. Расо // Рангинкамонак. – Душанбе, 1968. – С. 8-9.
Зарьян, Н. Шоҳи золим ва шоир; Иттифоқи моҳиву мор; Мўнис; Савганд: Шеърҳо / Тарҷумаи Б. Расо // Паёми дўстон: Маҷмуаи шеърҳо. – Душанбе, 1970. – С. 103-110.
Эмин, Г. Китоби якум; Ба дўсти меъморам; Ба халқи арман; Суруди кўҳ; Сари лорӣ: Шеърҳо / Тарҷумаи Б. Расо // Паёми дўстон: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе, 1970. – С. 134-137.
Гурунц, Л. Санги хонаи падар: Ҳикояҳо / Тарҷумаи Б. Расо. – Душанбе: Ирфон, 1979. – 112 с.
Камол, Ҷ. Себистон: Шеър аз таассуроти Тоҷикистон / Тарҷумаи Б. Расо // Газетаи муаллимон. – 1981. – 12 сентябр.
Камол, Ҷ. Оламе андар дилам; Замини мукаддас; Ишқ ва орзу: Шеърҳо / Тарҷумаи Б. Расо // Газетаи муаллимон. – 1981. – 19 сентябр.
Таҳияи Насиба Даниярова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ