Мирзо Боқӣ - шоири маъруф, файласуф, мутарҷими борикназар, инсони камназир дирӯз дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе аз олам рафт. Шоире буд хиёбонгард, ҳамеша ӯро метавонистӣ дар хиёбони Рӯдакӣ ғарқи андешаву тафаккур бубинӣ. Шеърҳояш мазмуни фалсафӣ доранд, ашъораш бо назму наср омехтаанд. Ҳикоя ҳам гуфта, вале мисли он ки шеъреро ҳикоя кардааст. Андешаҳои фалсафии худро дар ду ҷилди китоби калонҳаҷми “Ҷовидоннома” ҷой додааст. Шоирест, ки ҳоло ҳам дур аз назари нақди адабӣ мондааст.
МИРЗО БОҚӢ шоир ва нависандаи тоҷик 19 декабри соли 1944 дар деҳаи Эсизи ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ таваллуд ёфтааст. Соли 1971 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро хатм намудааст.
Пас аз хатми таҳсил дар студияи Телевизиони Тоҷикистон (1971-1972), рўзномаҳои «Маориф ва маданият» (1972-1980), «Адабиёт ва санъат» (1981-1982), «Омўзгор» (1983-1998) ва маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» (1998-2001) кор кардааст.
Аз соли 2002 сармуҳаррири нашриёти «Бухоро» буд. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (аз соли 1984).
Муаллифи китобҳои «Ҳамосаи модар ва кўдак» (1984), «Нуқтаи нур» (1986), «Фурўғи хирад» (иборат аз 5 ҷилд, 2000-2005), «Ҷовидоннома» (ҷ.1, 2006; ҷ. 2, 2013) мебошад.
Андарзҳои нависандаи рус Л. Н. Толстойро бо номи «Андарзнома» тарҷума ва ба табъ расондааст (1989). Асарҳои «Фурўғи хирад» ва «Ҷовидоннома» на танҳо ҳаҷман бузурганд, балки аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва мавзуъҳо мукаммалу мураттабанд. Ин асарҳо як тарзи навҷўию навгўиҳои ба худ хосе доранд, ки хонандаро ба андеша водор мекунанд, маъсулияти ўро нисбат ба ҷаҳони гузарони одамӣ ва ҷовидона будани хиради ҷаҳон фузун менамоянд, то ин ки дар торикшаби печидаи дунё гумроҳ нагардад.
Муҳтавиёти ин китобҳо худшиносии инсон дар моварои замин ва кайҳони беинтиҳост. Мирзо Боқӣ инсонро як вуҷуди худогоҳ, асил, офаранда, дорои иродаи мустақил, «худ»-и мустақил, ҷавҳари навъи шариф, қудрати хориқулода тавсиф намудааст.
Нигоштаҳои Мирзо Боқӣ фалсафаи ахлоқӣ, дарси зиндагӣ, ойини беҳзистӣ, расидан ба дараҷаи инсони комилро доранд, масъулияти инсонро нисбат ба тақдири миллат, ватандорӣ афзун мекунанд. Ӯ чунин мешуморад, ки ҳеҷ чиз арзандатар аз озодию огоҳӣ нест, ҳеҷ чиз шоистатару волотар аз хирад нест.
15-уми сентябри соли 2019 дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Тибқи васияти шоир ӯро дар зодгоҳаш деҳаи Эсизи Кӯҳистони Масчо ба хок супурданд.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи миллии тоҷик”. – Душанбе, 2014. – Ҷ.3. – С. 42.
Аз равоншод Мирзо Боқӣ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам хонда метавонед:
Ҳамосаи модар ва кўдак: Маҷмўа. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 128 с.
Сутуни дунё; Модари пир: Шеърҳо // Дили модар. – Душанбе, 1984. – С. 169-172.
Нуқтаи нур. – Душанбе: Адиб, 1990. – 144 с.
Фурўғи хирад. – Душанбе: Адиб, 2000. – 768 с.
Қитъаи сулҳ: Шеър // Газетаи муаллимон. – 1983. – 1 май.
Хайрияте…: Ҳаҷвия // Ҳақиқати Ленинобод. – 1983. – 6 август.
Ҷавонӣ; Тифл: Шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1984. – 3 июн.
Марзи Ватан: Шеър //Газетаи муаллимон. – 1985. – 6 июл.
Қитъаи инқилоб: Достон // Комсомоли Тоҷикистон. – 1987. – 7 ноябр.
Рахши зарин: Аз дафтари назм // Омўзгор. – 1990. – 1 май.
Лолаи тур: Таронаҳои Наврўзӣ // Омўзгор. – 2002. – 20 март.
Дафтари Назм: Шеърҳо // Омўзгор. – 2016. – 11 август.
Тарҷумаҳои Мирзо Боқӣ
Рождественский, Р. Сўҳбатро давом дода…: Ҳикоя // Комсомоли тоҷикистон. – 1983. – 30 ноябр.
Пандномаи Л. Н. Толстой // Комсомоли Тоҷикистон. – 1984. – 18 ноябр.
Қулиев, Қ. Рўзе, ки расад…: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1985. – 19 май.
Вознесенский, А. Ғуруб: Шеърҳо // Тоҷикистони советӣ. – 1987. – 20 август.
Межелайтис, Э. Ҷавҳари назм: Порча аз повести «Парвонаҳо» // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1989. – 4 октябр.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
сармутахассиси шуъбаи библиографияи миллӣ.