Афродита – илоҳаи зебоӣ ва муҳаббат
Афродида зани ҷавони хеле зебое будааст, ки либосҳои зариф мепӯшида ва шавқу завқи зиёди бо худ доштани ҷавоҳироти зиёд доштааст. Ҳамеша лабханд мезада ва мегӯянд худ ошиқи лабхандҳои худ буда. Чашмонаш ҳамонанд осмони тобистон обӣ, пӯсте ба сафедии кафи дарё, ки аз он ба дунё омада буд. Мӯйҳояш ранги тиллоӣ дошта, ба мисоли шуои Хуршед ба ҳангоми ғуруб будааст.
Дар асотири Юнони Қадим илоҳаи ишқу зебоӣ духтари Зевс ва Диана. Мувофиқи ривоятҳои асотири дигар кафки баҳр пайдо шудааст. Афродита дар шакли зебоиҳои баҳору табиат падидор мегардад, дар байни гулҳои садбарг, шақоиқу нуъмон, бунафшу наргис, савсану сунбул тасвир ёфтааст.
Афродита нигаҳбони ҳосили фаровон, баҳрнавардон, зебоибахши замин, ақди никоҳ, кўҳсорон, дарёҳо ва ғайра мебошад. Афродита дар дили ошиқон ҳарорати меҳру муҳаббатро афзун менамояд ва худаш низ бо эзадон Анхес, Арес ишқварзӣ мекунад. Афродита дар устураҳо хело зебо, соҳибҷамол, дилрабо тасвир ёфтааст. Камарбанде дошт, ки аз миён боло мебаст ва бо ин зебоии андоми ў зиётар мегашт. Ҳамин гуна камарбандро дар асотири ориёӣ Аредвисура Аноҳита-илоҳаи ишқу зебоӣ, илоҳаи обҳо дорад.
Иштари бобулиҳо
Афродита ба илоҳаҳои финикиҳо Астарта бобулиҳо Иштар, мисриҳо Исида монанд аст. Ин илоҳаҳо дар тасвироти боқимонда якҷоя бо тўдаи ҳайвоноти ваҳшии ромшуда - шер, гург, хирс ва ғайраҳо пайдо мешаванд. Дар баъзе нигораҳо Афродита низ ба ҳамин шакл тасвир ёфтааст. Ба ғайр аз Юнон, дар кишварҳои дигар - Рум, Сурия, Форс, Арабистон маъбадҳои Афродита вуҷуд доштанд.
Дар осори адибону файласуфон Лукретсий, Эсхил, Афлотун, шоира Сапфо ва дигарон Афродита чун илоҳаву зани зебо тасвир ёфтааст. Машҳуртарин муҷассамаи Афродита, ки дар он тамоми назокату латофат, зебоии зан таҷассум ёфтааст, ба муҷассамасози Юнон Приксител (тақрибан 390-330 то мелод) тааллуқ дорад.
Исидаи мисриҳо.
Яке аз муҷассамаҳои қадимии Афродита дар осорхонаи Луври Париж маҳфуз аст. Дар таърихи санъати тасвирӣ беҳтарин асар тимсол (портрет)-и Афродита (офаридаи Апеллес) эътироф гардидааст.
Тибқи мутолеоти Юнони Бостон ӯ намояндаи шури ҷинсӣ буда, бисёр беқайду банд шинохта шудааст. Афродита нисбат ба ҳамсараш Гефест низ вафодор набудааст ва бино ба навиштаҳои Ҳомер худои Хуршед Гелиос ба ҳамсари Афродита хабар медиҳад, ки бо Арес (худои Ҷанг) зино мекунад, онҳоро ба банд мекашанд ва аз худоёни дигар даъват мекунад, ки ин вазъиятро бо чашмони худ бубинанд. Вале саранҷом ин ду зану шавҳар боз оштӣ доронда мешаванд. Аммо Афродита аз Арес ба ривояте ду ва ба ривоёти дигар бештар аз ду фарзанд доштааст.
Дар гуфторҳои Юнони Бостон боз омада, ки Зевс (худои раъду барқ) ба иллати ин ки Афродита инсонҳоро масхара мекардааст, ӯро ошиқи Анхисис (қаҳрамоне аз сулолаи шоҳони дардонӣ, абераи Трус (Троя), писари Капис) мекунад.
Астартаи финикиҳо
Афродита тибқи ривоёти юнонӣ бо худоёни дигар ҳам робитаҳои ошиқӣ доштааст. Хулоса ҳарчанд соҳиби шавҳар буд, вале бо худоёни зиёду афроди заминӣ ишқ меварзидааст ва як рамзи нопокиву зино ҳам шинохта шудааст. Масалан аз зино бо Анахисус се фарзанд: Эней, Фаон ва Лир доштааст.
Зоҳири Афродита
Афродида зани ҷавони хеле зебое будааст, ки либосҳои зариф мепӯшида ва шавқу завқи зиёди бо худ доштани ҷавоҳироти зиёд доштааст. Ҳамеша лабханд мезада ва мегӯянд худ ошиқи лабхандҳои худ буда.
Чашмонаш ҳамонанд осмони тобистон обӣ, пӯсте ба сафедии кафи дарё, ки аз он ба дунё омада буд. Мӯйҳояш ранги тиллоӣ дошта, ба мисоли шуои Хуршед ба ҳангоми ғуруб будааст.
Ҳангоме аз об берун мешуд ва ба хушкӣ мерафт, зери ҳар қадамаш гулҳо мешукуфтанд ва ҳангоме, ки ба ҷаласоти худоён даъват мешуд, ҳама ба ӯ ишқ варзида ва ӯро таҳсин мекарданд.
Дар бораи тамаддуни Юнони Бостон дар Китобхонаи миллӣ ин адабиётро ҳам метавонед мутолиа намоед:
Тефкрос, А. Кипри хуншор: Нависандаи Юнон // Комсомоли Тоҷикистон. – 1958. – 28 декабр.
Чекалова, В. Сайри суруди Микис: Шоири Юнон // Тоҷикистон советӣ. – 1967. – 20 декабр.
Сабоҳӣ, Ҳ. Гомер: Намояндаи барҷастаи адабиёти Юнони қадим // Машъал. – 1974. – №9. – С.16-17.
Диноршоев, М. Афлотун: // Энсклопедияи Советии Тоҷик. – 1978. – Ҷ.1. – С. 301- 302.
Ашуров, Ғ. Арасту: // Энсклопедияи Советии Тоҷик. – 1978. – Ҷ.1. – С. 219- 220.
Шарифов, Х. «Поэтика»-и Арасту дар Шарқ // Маориф ва маданият. – 1969. – 15 май.
Гомер // Энсклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – 1988. – Ҷ.1. – С. 356.
Комилӣ,А. Шаммае дар бораи Батлимуси Қалузӣ ва «Алмаҷистӣ»-и ў: Роҷеъ ба зиндагиномаи Батлимуси Қалузӣ ситорашиноси юнонӣ // Маорифи Тоҷикистон. – 2015. – №6. – С. 35-38.
Раҳмон, Ҳ. Инсон – муъҷизаи олами вуҷуд: Дар бораи асарҳои драматурги Юнони қадим Софокл // Садои Шарқ. – 2016. – №10. – С. 82-88.
Бо истифода аз «Энсиклопедияи Миллии тоҷик» ва маводҳои Интернет аз ҷониби Зафар Ғолибов, корманди шуъбаи библиографияи миллӣ таҳия шуд