«Чор дарвеш» бори аввал дар соли 1295 ҳиҷрӣ (1878) дар Бамбай (Ҳиндустон) дар матбааи Ҳайдарӣ чоп карда шудааст. Дар ин чоп дар варақаи унвон (титульный лист) ба китоб «Чор дарвеш» ном дошта шуда ва номи муаллиф навишта нашудааст. Аммо автори муқаддимаи ин чоп, ки Мираҳмад бинни Шоҳмуҳаммад ном касест, ин китобро ба Амир Хисрави Деҳлавӣ нисбат медиҳад ва дар як ҷои муқаддима дар бораи сабаби таълиф мегўяд (мазмунан): «Дар вақти бемории шайх Низомиддин Амир Хисрави Деҳлавӣ ин қиссаҳоро зеби рақам карда (таълиф намуда), дар ҳузури шайх хонд ва шайх ба баракати хондани ин китоб аз беморӣ сиҳат
Шаш нафар аз ҷумлаи ширкаткунандагони нави маҳфили “Равшандилон”-и Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба узвияти китобхона пазируфта шуданд.
Маҳфили навбатӣ ба ҷашни пурифтихори Рӯзи Артиши миллӣ рост омад ва ҳудудан 15 нафар дар он иштирок доштанд. Аъзои маҳфил чун дар нишастҳои пешин аз навиштаҳои тозаи худ қироат карданд, ҳунари дасти худро намоиш доданд.
Гардонандаи маҳфил шоири маъруф Хайрандеш
Филме мондагортар аз инро камтар ёд дорем. Шояд аввалин мелодрамаи тоҷик буд, ки дар сар то сари кишвари паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ шӯҳрат касб кард. Филме, ки имрӯз ҳам онро тамошо мекунанд. Гарчанде аксари ҳунарпешагонаш аз олам рафтаанд, вале боз ҳам шояд аз пурбинандатарин филм дар таърихи “Тоҷикфилм” бошад.
“Ман ба духтаре вохӯрдам”. Номи ҷаззоб ва дар аввалин дид таваҷҷӯҳи бинандаро ҷалб мекунанд. Кӣ духтарро вохӯрд, кай дар куҷо? Ва баъд чӣ шуд бо он духтар?
Суолҳое, ки дар зеҳн пайдо мешавад ва посухашон