Ҳамасола 14 февралро ҷомеаи ҷаҳони чун рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб, (International Book Giving Day) таҷлил мекунанд. Таҷлили ин ҷашн аз соли 2012-ум оғоз мешавад. Ба андешаи китобшиносон, Рӯзи ҳадяи китоб - иде, ки на танҳо бо моҳияти ҷаҳонияш ҷашни байналмилалӣ гашт, балки ба он хотирест, ки ин ид пешниҳодшудаву ихтироъкардаи худи ҷомеа мебошад. Пешниҳодкунандаи он як зани одии амрикоӣ –
Нависандае, ки инак, мехоҳам ба хонандаи арҷманд ва ниҳоят гиромии тоҷик муаррифӣ ва чанде аз асарҳои ба назари банда ҷолибу хонданибоби онро пешниҳод намоям, ҳаёти рангину аз лиҳози адабӣ нотакрор ва намунаи ибратро паси сар кардааст.
Тэру Миямото 6 марти соли 1947 дар ш. Кобе ба дунё омадааст. Тавре мунаққидони адабӣ менависанд, ӯ дар як замон дар қатори нависандагони номӣ, аз қабили Рю Мураками ва Кэндзи Накагава рӯйи мавҷҳои “насри ҷадиди ҷопонӣ” ба адабиёт ворид шудааст. Вале агар номи ду нафари охир дар Русия вирди забонҳо шуда бошад, шахсияти Тэру Миямото ба доираи маҳдуди мардум шинос буд. Сабабаш, пеш аз ҳама, дар он аст, ки асарҳои ӯ дар ибтидо ба забони русӣ тарҷума нагардида буданд. Ҳамчунин