Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб: Оё шумо омодаед китоб ҳадя кунед?
Ҳамасола 14 февралро ҷомеаи ҷаҳони чун рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб, (International Book Giving Day) таҷлил мекунанд. Таҷлили ин ҷашн аз соли 2012-ум оғоз мешавад. Ба андешаи китобшиносон, Рӯзи ҳадяи китоб - иде, ки на танҳо бо моҳияти ҷаҳонияш ҷашни байналмилалӣ гашт, балки ба он хотирест, ки ин ид пешниҳодшудаву ихтироъкардаи худи ҷомеа мебошад. Пешниҳодкунандаи он як зани одии амрикоӣ – Эмми Бродмур ба шумор меравад. Ин рӯзро дар Тоҷикистон – низ бо шакли хос ҷашн мегиранд.
Мавриди зикр аст, ки ҳадяи китоб ба китобхонаҳо таърихи қадима дорад ва миллати соҳибфарҳанги мо дар тӯли ҳазорсолаҳо дар минтақаҳои гуногуни Мовароуннаҳру Хуросон китобхонаҳои азим бунёд менамуданд ва аз он на танҳо аҳли адабу мансаб, балки фақирону аҳли ҷомеаи он замона низ метавонистанд истифода намоянд.
Бархе аз соҳибназарон зикр медоранд, ки дар ин рӯз аввал китобро ба кӯдакон ҳадя намоем. Ба андешаи дигар таҷлили Рӯзӣ ҳадяи китоб бояд дар Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуда, аз ҷониби ниҳоду муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ ба таври хоса ҷашн гирифта шавад ва дар ин рӯз ба хона интернатҳои кӯдакон китобу дигар ашёи лозима тақдим бигардад. Ё дар ин рӯз волидайн бо ташабуси хеш фарзандони худро аз фаъолияти китобхонҳо ва шакли дастраснамоии китобҳо ошно намоянд.
Ҳамчунин дар ин рӯз ҳамкорону ҳамсабақон, дӯстону наздикон метавоананд ҳамчун ҳадя китоби хуберо ба якдигар тақдим намоянд.
Дар робита ба рӯзи ҳадяи китоб назари чанде аз коршиносони соҳаро пурсон шудем, ки фишурдаи онро мавриди таваҷҷуҳи хонандаи сомонаи «КМТ» қарор медиҳем.
Қурбоналӣ Бӯризода, директори «Хонаи китоби Тоҷикистон» мегӯяд хуб мешуд, ки дар рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ҳар яки мо дар ин кори пурмоя бетараф набошем ва ҳаддалимкон як китоби хубе ба китобхонаи деҳот, ноҳия, шаҳр ва ҷумҳурӣ ҳадя намоему саҳми хешро дар рушди маънавии ҷомеа гузорем. Аз ҷониби дигар ҳадяи китоб садақаи ҷория аст ва он то замоне, ки дар гардишу мавриди истифода қарор дорад ба шумо арҷу савоби беинтиҳо хоҳад расид», зикр медорад мавсуф.
”Дар ин рӯзи фирӯз аз намояндагони аҳли илму адаб, фарҳангу маориф, коргару деҳқон ва тамоми қишрҳои ҷомеаи тоҷик хоҳиш менамоям, ки дар ин кори савоб ва наҷиб саҳлангорӣ ва хунукназарӣ накунанд ва саҳми хешро дар маърифатнокии ҷомеа, хусусан наврасону ҷавонон гузоранд. Ба андешаи ман хуб мешуд, ки аҳли деҳоти кишвар, ки дар он беш аз 70% аҳолии ҷумҳурӣ умр ба сар мебаранд имконият доранд, ки дар ин кори хайр саҳмгузор бошанд ва ҳар як бошандаи деҳа китоби хубе ҳадя ба китобхона намояд. Дар деҳоте, ки китобхона вуҷуд надорад, дар аввал метавонанд, китобҳои хешро ба китобхонаи мактабӣ ва ё китобхонае, ки дар наздиктарин минтақаи ба деҳа ҷойгир аст, супоранд. Ба ин кори хайр, инчунин ашхосеро, ки дур аз деҳа кору фаъолият доранд ва аҳли деҳа буданд ҳатмӣ ҷалб карда шаванд. Хусусан ашхоси соҳибмансаб, иҷбориёне, ки дар минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои дуру наздик кор мекунанд тавассути шабакаҳои гуногун ба ин кори хайр ҷалб карда шаванд ва боварии комил дорем, ки ин иқдом натиҷаи хуб хоҳад дод”, изҳор дошт Қурбоналӣ Бӯризода директори «Хонаи китоби Тоҷикистон.
Ба андшеаи директори «Хонаи китоби Тоҷикистон, ҳадяи мову шумо ҳамагӣ як китоб бошад ҳам, тасаввур кунед, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ агар 20% аҳолӣ ба ин иқдоми пуршараф ҳамроҳ шаванд, беш аз миллион китоб ба китобхонаҳои мо ворид мегарданд ва мо бо ин амали солеҳи худ захираи зеҳнии китобатшудаи нодирро ташаккул медиҳем. Албатта, китобхонаҳои деҳот эҳтиёҷот ба китобҳои нав доранд ва хуб мешуд, ки ҳадягарони мо китобҳои нав ва ба талаботи хонандагони деҳа ҷавобгӯ харидорӣ намуда, онро ба деҳа ва мактабҳои хеш тақдим намоянд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, имрӯз қисми зиёди китобхонаҳои амалкунандаи деҳот ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд ва ҳамзамон аз рӯйи иттилооти оморӣ дар кишвар 51 ноҳия, 18 шаҳр, 62 шаҳрак, 370 ҷамоат ва 4223 деҳа мавҷуд аст ва ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 1422 китобхонаҳои оммавӣ амал мекунанд. Ин далел шаҳодат медиҳад, ки дар аксари кулли деҳоти ҷумҳурӣ китобхонаҳо вуҷуд надоранд. ”Бо истифода аз он, ки имсол дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, мардуми сарбаланди кишвари озод ва бунёдкори мо, хусусан аҳли деҳотро вазифадор месозад, ки саҳми хешро дар татбиқи он гузоранд. Аз ин рӯ, сокинони деҳотро зарур аст, ки барои таъмиру таҷҳизонидани китобхонаҳои мавҷуда ва бунёди китобхонаҳои нав саҳмгузор бошанд, то ин ки фарзандони онҳо аз дастовардҳои илму дониш, иттилооти муосир баҳравар ва дар рӯҳияи ватанпарвариву сулҳу субот тарбия ёбанду, ҳамчун бунёдкорони ҷомеаи навини тоҷик ба воя расанд ва саҳми хешро дар рушди ояндаи деҳаву ватани азизамон гузоранд”, изҳор дошт директори «Хонаи китоби Тоҷикистон» Қурбоналӣ Бӯризода.
Ситора Абдумуминзода, устоди факултаи Китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, оммавигардонии ҷашни «Рӯзи байналмиллалии тӯҳфаи китоб» - ро яке аз роҳҳои самараноки раҳоии ҷомеа аз тамоми мушкилиҳо мепиндорад. Ӯ мегӯяд ин ҷашн метавонад дар оммавигардии мутолиа китоб нақши азимеро касб кунад. Зеро имрӯз мутолиаи китоб дар ҷомеаи Тоҷикистон аз ҷониби гуруҳҳои махсуси хонандагон ба амал омада аксарият шаҳравандони мо дар як сол як саҳифа китоб мутолиа намекунанд. ”Чунин андеша миёни ҷомеа роиҷ гашта, ки гӯё мутолиа танҳо барои онҳое лозим аст, ки ҷое таҳсил мекунанд ва дигар ба касе лозим нест. Агар воқеъбинона назар кунем имрӯз бо вуҷуди як қатор тадбирҳои дар ин самт андешида шуда, аз қувваи бузӯрги китоб ва умуман мутолиа аҳолии Тоҷикистон қариб бенасиб мондааст. Тамоми мушкилиҳои ҷомеаи мо аз қабили худкушӣ, озори лафзӣ аз ҷониби ҷавонон, дуздию ғоратгарӣ, ба ҳар гуна ҳаракатҳо ҳамроҳ шудан, хурофотпарастӣ, мардумфиребӣ ва ғайра маншаъ мегирад аз шуғли доимии ҳамаи қишрҳои ҷомеа набудани мутолиаи китоб. Бе шуғли доимӣ гардонидани мутолиа наметавон ҷомеаро аз вартаи ноогоҳӣ раҳои бахшид”, иброз медорад Ситора Абдумуминзода.
Ба андешаи мавсуф таҷлили Рӯзи байналмиллалии тӯҳфаи китоб дар баробари дигар ҷашнҳои миллии мо ба монандаи ҷашни садда ва наврӯз дар даҳсолаҳои оянда метавонад ҷомеаи Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун ҷомеаи сермутолиатарини сайёра муаррифӣ намояд. ”Бисёр хуб мешуд ҷашни байналмиллалии тӯҳфаи китобро дар тамоми ташкилоту идораҳо новобаста аз сохторашон ҷашн мегирифтанд. Махсусан таҷлили ин ҷашнро ҳамасола дар қисмҳои низомӣ ва маҳбасҳо тавсия менамоям. Ман ин ҷашнро роҳи наҷоти ҷомеа аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва ноогоҳӣ медонам”, мегӯяд Ситора Абдумуминзода, устоди факултаи Китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
Гадобег Маҳмудов, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, мегӯяд “Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб” тақозои вақт аст ва ба ҳукми анъана даромадани он ба ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ пайомади нек дорад ва дар қабул кардани падидаҳои фарҳангӣ ҷомеаи мо – тоҷикон низ истисно нест. Ин рӯз – яке аз идҳои ҷавон дар тақвим, ки ҳамагӣ ҳафт сол дорад, новобаста ба ҷавониаш аллакай дар аксари кишварҳои ҷаҳон он маъмул гаштааст. Ин рӯз онҳоеро мутаҳҳид менамояд, ки китобдӯстанд ва ба роҳи ҳадяи намудани китоб имконият ба дигарон барои хондан медиҳанд.
“Ман фикр мекунам, ин рӯзро дар саросари кишвар бо ширкати Иттифоқи нависандагон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва табъу нашр боҳашамат ҷашн гирифта, аксияҳои ҳадяи китоб, озмунҳо ва чорабиниҳо баргузор намоем. Ва ба ин восита ҳарчӣ бештар кӯдакон, наврасон ва ҷавононро ба китобхонӣ ва оммавигардонии мутолиаи китоб омода намоем.
Ва ман бовари дорам, ки дар Тоҷикистони азизи мо “Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб” оммавӣ хоҳад гашт”, изҳор дошт мавсуф.
Қурбон Ғуломзода, Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин гуфт: “Аввалан ба пешниҳодкунандаи ин ҷашни олиҳаи китобдӯсти амрикоӣ Эмми Бродмур ва дигар ихлосмандони китоб, ки бо тавсия ва дастгирии эшон ҳамасола таҷлили ин Рӯзи муборак ба шакли анъана даромадааст, сипос мегуям ва баъдан ҳамчун як мутахассиси соҳаи китобдорӣ пешниҳод менамоям, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда ин ид ба иди ҳақиқии китоб табдил дода шавад”.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар ин рӯз ба аёдати ёру дӯстон, ба аёдати беморон , ба кӯдакистону хонаи бачаҳо, хонаи пиронсолон китоб тӯҳфа карда шавад. Волидайн дар Рӯзи ҳадяи китоб фарзандони хеш ва ошиқон маҳбубаҳои хешро ба тамошои китобхона ва мағозаҳои китоб баранду намунае аз ин ганҷинаи нодири пур аз розу ниёз, пур аз меҳру муҳаббатро ҳамчун тӯҳфа ба эшон тӯҳфа намоянд.
“Тавре ки Рӯзи модар, Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи ғалаба, Рӯзи ҷавонон ва дигар рӯзҳову ҷашнҳо бо шаҳомати хоса таҷлил мешаванду ҳатман дар ин рӯзҳо тӯҳфаеро интизор мешавем, Рӯзи ҳадяи китобро низ бесаброна, барои боз як китоби ҷолибу хонданӣ, барои як дӯсти бовафо, дӯсти раҳкушо интизор шавем.
Мутмаинам, ки Рӯзи ҳадяи китоб ба як иди ҳақиқӣ табдил меёбад ва тавассути тӯҳфаҳои идона сатҳи маърифати мардум, хоса ҳисси маърифатнокӣ, зебоиписандӣ, Ватандўстию хештаншиносӣ ва китобдӯстии кӯдакону наврасон аз пештара беҳтар мегардад”, зикр дошт Қурбон Ғуломзода, Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР